Оё ғайринизомиён дар асри диҷитол ба ҷосусони нохоста табдил шудаанд ?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121500-Оё_ғайринизомиён_дар_асри_диҷитол_ба_ҷосусони_нохоста_табдил_шудаанд
 Порс тудей - Дар бисту панҷ соли гузашта , иттисоли диҷитол , аз ҷумлаи интернет ва телефонҳои ҳӯшманд , ба таври густардае дар саросари ҷаҳон , аз ҷумла дар манотиқи даргирӣ , густариш ёфтааст .
(last modified 2025-08-16T02:24:15+00:00 )
Август 13, 2025 14:10 Asia/Dushanbe
  • Оё ғайринизомиён дар асри диҷитол ба ҷосусони нохоста табдил шудаанд ?
    Оё ғайринизомиён дар асри диҷитол ба ҷосусони нохоста табдил шудаанд ?

 Порс тудей - Дар бисту панҷ соли гузашта , иттисоли диҷитол , аз ҷумлаи интернет ва телефонҳои ҳӯшманд , ба таври густардае дар саросари ҷаҳон , аз ҷумла дар манотиқи даргирӣ , густариш ёфтааст .

Андешкдаи амрикоии Carnegie ба тозагӣ дар матлабе навишт : Пешрафтҳои фанноварӣ , таҳдидоти ҷадидиро барои нерӯҳои мусаллаҳ ба вуҷӯд оварда ва ба таври куллӣ мафоҳими ҷангу мушорикати ғайринизомиёнро дучори таҳаввул кардаанд . Ба гузориши Порс тудей , имрӯза , ғайринизомиён дар манотиқи ҷангӣ ба роҳатӣ метавонанд иттилооти ба мавқе ва дақиқ , монанди тасовир , видиоҳо ва додаҳои мавқеъиятёбии GPSро аз тариқи телефонҳои ҳӯшманд ирсол кунанд ки ба таври мустақим дар фарояндҳои ҳадафгирӣ ва тасмимгирии низомӣ таъсир мегузорад .

Дар дунёии диҷитолии имрӯз , иттилооти ҷамъоварӣ шудаи тавассут ғайринизомиён метавонад барои ҳадафгирӣ ва амалиёти низомӣ истифода шавад . Ба таври мисол , як ғайринизоме, ки тасвирӣ аз як ҳадафи низомии гирифта ва онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мекунад , метавонад ба таври мустақим ба ҳамалоти нерӯҳои мухолиф кумак кунад .

Ба таври суннатӣ , ҷосӯсии таҳдидии бузург барои нерӯҳои мусаллаҳ ба шумор мераф ва касоне ки дар ин замина дахил буданд , муҷозотҳои сангиниро мутаҳаммил мешуданд . Аммо имрӯза , тамоюзи миёни ҷосусҳо , ҳамкорону манобеи иттилооти дучори печидагӣ шудааст . Дар шароити кунунӣ , ҳар фардӣ бо дастрасӣ ба интернету телефон ҳӯшманд метавонад ба таври муваққат ё доим ба як манбаи иттилоотӣ табдил шавад , ҳатто агар нияти ҷосӯсӣ надошта бошад . Ин мавзӯи чолишҳои ҷадидиро барои нерӯҳои мусаллаҳу қавонини байналмилалӣ эҷод кардааст .

Масаълае ки дар ин заминаи матраҳ мешавад , тафкики мушорикати мустақим ва ғайримустақими ғайринизомиён дар ҷангаст . Мушорикати мустақим ба иқдомоте ишора дорад ки ба таври возеҳ ва мустақим ба ҷанг кумак мекунад , монанди ироаи иттилоот барои ҳадафгирӣ . Аммо мушорикати ғайримустақими шомили фаъолиятҳоӣ аст ки барои ғайринизомиён дар шароити хатарофарин нест . Дар асри диҷитолии имрӯз , марзи миёни ин ду навъ мушорикат ба таври фазояндае мубҳам шудааст . Ба унвони мисол , фарде, ки мавқеъияти як ҳадафи низомиро аз тариқи додаҳои умумӣ шиносоӣ карда ва онро ба сӯрати онлайн мунташир мекунад , амалан ба андозаи як ҷосус ки ҳамин иттилоотро мустақиман ба нерӯҳои мусаллаҳ мунтақил мекунад , масъӯл шинохта мешавад .

Давлатҳо бояд дар посух ба ин тағирот , сиёсатҳои ҷадидӣ барои муқобила бо таҳдидоти диҷитол тарроҳӣ кунанд . Ин сиёсатҳо бояд шомили шеваҳои ҷадид барои бархӯрд бо манобеи иттилоотии диҷитал , мудирияти таъомулоти нерӯҳои мусаллаҳ бо ғайринизомиён ва ҳамчунин шиносоӣ ва муҳофизат аз ғайринизомиён дар баробари осебҳо бошад . Яке аз чолишҳои асосӣ дар ин замина , чигунагии вокуниши нерӯҳои мусаллаҳ ба манобеи иттилоотии диҷитол аст ки мумкинаст таҳдидоти ҷадидӣ эҷод кунанд . Нерӯҳои мусаллаҳ бояд аз таҳдидоти диҷитол огоҳ бошанду тадобири лозимро барои муқобила бо ин таҳдидот иттихоз кунанд .

Илова бар ин , давлатҳо бояд дар тарроҳии системаҳои диҷитолии худ диққат кунанд то аз тадохули байни дастрасӣ ба хадамоти умумӣ ва мушорикат дар ҷанг ҷилавгирӣ шавад . Ба таври мисол , агар як давлати апликешинӣ эҷод кунад ки ба ғайринизомиён ин имконро бидиҳад ки иттилооти марбӯт ба даргириҳоро ба нерӯҳои мусаллаҳ ирсол кунанд , истифода аз ин апликешин метавонад боис шавад ки ғайринизомиён ба таври ғайримустақим дар ҷанг ширкат кунанд . Ин масаъла ба вижа дар ҷангҳоӣ монанди ҷанги Украина  ва Русия машҳӯдаст , ҷое ки давлатҳо ба таври физояндае аз додаҳои тавлидшудаи тавассути ғайринизомиён барои тақвияти системаҳои иттилоотии худ истифода мекунанд .

Ба таври куллӣ , пешрафтҳои диҷитоли мӯҷиби тағироти умдае дар шеваҳои ҷангу наҳваи мушорикати ғайринизомиён дар он шудааст . Ин тағирот ниёз ба бознигарӣ дар қавонину сиёсатҳои низомӣ доранд то ҳуқуқи ғайринизомиён ҳифз шаваду таҳдидоти диҷитал ба таври муассир мудирият шаванд . Давлатҳо бояд барои тавсеаи стандартҳои ҷадиду омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳ дар ин заминаи омода шаванд то битавонанд таҳдидоти диҷиталро ба таври муассири кантрол ва аз ҳуқуқи ғайринизомиён муҳофизат кунанд .