Обама дар охирин нишасти хабариаш чӣ гуфт?
Барак Обама рӯзи чаҳоршанбе охирин конфронси хабарии худро дар Кохи Сафед баргузор кард.
Ин конфронси хабарӣ дар шароите баргузор шуд, ки Обама дар тадоруки таҳвили давлат ба Доналд Трамп, раисиҷумҳури мунтахаб Амрико дар рӯзи ҷумъа аст.
Обама дар посух ба саволе дар бораи мавозеъш дар қиболи рӯйкарди оштиҷӯёнаи Трамп, дар қиболи Русия гуфт, робитаи созанда бо Маскавро дар ростои манофеи Амрико медонад.
Обама иддао кард, дар даврони ҳузураш дар Кохи Сафед талош карда, Русия узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад.
Бо ин ҳол Обама, Владимир Путин раисиҷумҳури Русияро ба шиддатбахшидан ба гуфтумони зиддамрикоӣ ва рӯҳияи хасмона, ҳамонанди даврони Ҷанги сард муттаҳам кард ва гуфт, «бозгашт ба рӯҳияи хасмона боис шуда, ки равобит душвортар бошад.»
Вай дар бахши дигаре аз ин нишасти хабарӣ ба мавзуи режими саҳюнистӣ ва Фаластин пардохт ва гуфт, шаҳраксозиҳои Исроил бар роҳи ҳалли ташкили ду давлат, таъсири манфӣ мегузорад.
Обама афзуд, дар ҳоли ҳозир, қудрат гирифтани ҷараёни ростгаро дар Исроил, фароянди сулҳ ва роҳи ҳалли ду давлатиро заиф кардааст.
Барак Обама гуфт, мехоҳад каме бинависад ва намехоҳад феълан барои расидан ба мақоме талош кунад.