Тазоҳуроти даҳҳоҳазорнафарӣ дар Мағриб, Яман ва Мавритания дар ҳимоят аз Фаластин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121664-Тазоҳуроти_даҳҳоҳазорнафарӣ_дар_Мағриб_Яман_ва_Мавритания_дар_ҳимоят_аз_Фаластин
Порс Тудей - Ҳазорон нафар дар кишварҳои Мағриб, Яман ва Мавритания рӯзи ҷумъа бо баргузории тазоҳурот ҳимояти худро аз мардуми Фаластин дар Ғазза эълом карданд ва ҳамчунин, хостори поёни таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи сокинони ин борика шуданд.
(last modified 2025-08-23T10:56:31+00:00 )
Август 23, 2025 15:50 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти даҳҳоҳазорнафарӣ дар Мағриб, Яман ва Мавритания дар ҳимоят аз Фаластин
    Тазоҳуроти даҳҳоҳазорнафарӣ дар Мағриб, Яман ва Мавритания дар ҳимоят аз Фаластин

Порс Тудей - Ҳазорон нафар дар кишварҳои Мағриб, Яман ва Мавритания рӯзи ҷумъа бо баргузории тазоҳурот ҳимояти худро аз мардуми Фаластин дар Ғазза эълом карданд ва ҳамчунин, хостори поёни таҷовузи режими саҳюнистӣ алайҳи сокинони ин борика шуданд.

Бино ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз пойгоҳи хабарии «Арабӣ 21», ҳазорон нафар аз мардуми Мағриб рӯзи ҷумъа бо баргузории тазоҳурот, хостори поён додан ба сиёсати гуруснагӣ додан ба фаластиниҳо ва ҷанги наслкушӣ дар Ғазза, ки тақрибан 23 моҳ аст тавассути режими саҳюнистӣ идома дорад, шуданд.

Тазоҳуроти ҳамбастагӣ бо Ғазза барои навадумин ҳафтаи мутаволӣ бо шиори «Сукути шумо, моро мекушад» дар хиёбонҳои Мағриб баргузор шуд. Ин тазоҳурот дар чандин шаҳри Мағриб баргузор ва ширкаткунандагон плакатҳое бо унвони «Наслкушӣ дар Ғаззаро мутаваққиф кунед» ва «Фаластин амонат аст, оддисозӣ хиёнат аст», дар даст доштанд.

Муътаризони мағрибӣ ҳамчунин шиорҳое аз ҷумла «Дуруд бар Ғаззаи сарбаланд» ва «Аз Мағриб то Фаластин, як миллат ва на ду миллат» сар доданд.

Дар ҳамин росто, дар Яман низ даҳҳо ҳазор нафар дар Санъо ва чандин устони дигари ин кишвар алайҳи режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд ва ҷанги наслкушӣ ва гуруснагӣ додани ин режим ба мардуми Ғаззаро маҳкум карданд.

Ин тазоҳурот дар посух ба фарохонии Сайид Абдулмалик Бадриддин ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман ва бо шиори «Мо дар канори Ғазза собитқадам ҳастем… Мо аз таҳдидҳо наметарсем ва маръуби тавтеаҳо намешавем» баргузор шуд.

Муътаризон парчамҳои Яман ва Фаластинро ҳамроҳ бо плакатҳое дар маҳкумияти таҷовузи режими Исроил ба Ғазза ва ба чолиш кашидани душмани саҳюнистӣ барафрошта ва шиорҳое дар маҳкумияти қатли ом ва гуруснагии мардуми Фаластин дар Ғазза, ки дар миёни сукути ҷомеаи байналмилалӣ анҷом мешавад, сар доданд.

Ҳамчунин, дар Мавритания, садҳо нафар дар Нуакшот, пойтахти ин кишвар тазоҳурот карданд ва хостори поён додан ба наслкушии мардуми Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ шуданд. Дар ин тазоҳурот, ки бино ба дархости «Ибтикори донишҷӯӣ алайҳи нуфузи саҳюнистӣ ва дифоъ аз ормонҳои одилона», баргузор шуд, ширкаткунандагон бо афроштани парчамҳои Фаластин аз мардуми кишварҳои арабию исломӣ хостанд, то дар як қиёми мардумӣ барои иҷрои оташбас ва вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза вориди амал шаванд.

Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри соли 2023, ҷанги вайронгареро алайҳи сокинони Ғазза ба роҳ андохта, ки бар асари он, афзун бар вайрониҳои азим ва қаҳтии маргбор ҳазорон фаластинӣ, ки бештари онҳо зану кудак ҳастанд, шаҳид ва захмӣ шудаанд.

Тел-Авив бо таҳқири ҷомеаи байналмилалӣ ва нодида гирифтани қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои таваққуфи фаврии ҷанг ва дастуроти Додгоҳи байналмилалии адлия барои иттихози тадбире ҷиҳати ҷилавгирӣ аз иқдомоти наслкушӣ ва беҳбуди вазъияти фоҷиабори инсонӣ дар Ғазза, ҳамчунон ба ҷиноёти наслкушӣ алайҳи сокинони ин борика идома медиҳад.

Дар ҳамин ҳол ва бо вуҷуди ҳамаи ин ҷиноятҳо, режими саҳюнистӣ эътироф карда, ки ҳануз натавонистааст ба аҳдофи худ аз ин ҷанг, яъне нобудии ҷунбиши Ҳамос ва бозгардонидани асирони саҳюнистӣ аз Ғазза даст ёбад.