Коршиноси итолиёӣ: Таваҳҳуми Аврупо фурӯ рехт
-
Коршиноси итолиёӣ: Аврупо дар буҳронҳои ҷаҳонӣ танҳо тамошогар будааст.
Порс Тудей - Як иқтисоддони итолиёӣ эътироф кард, ки таваҳҳуми худ ба худ табдил шудани қудрати иқтисодӣ ба нуфузи геополитикӣ барои Иттиҳоди Аврупо, дар ҳам шикастааст.
Бино ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз сомонаи "Ҳаммиҳан", Mario Draghi, сиёсатмадор ва иқтисоддони маъруфи итолиёӣ гуфт: Солҳо, Иттиҳоди Аврупо бо ҷамъияте муташаккил аз 450 миллион масрафкунанда, бар ин бовар буд, ки вазни иқтисодиаш ба таври табиӣ бо қудрати геополитикӣ ва нуфуз дар равобити тиҷоратии байналмилалӣ ҳамроҳ аст, аммо соли ҷорӣ дар ҳофизаи мо ба унвони соле сабт хоҳад шуд, ки ин таваҳҳум фурӯ рехт.
Draghi ҳушдор дод, ки Иттиҳоди Аврупо бояд ба сӯи шаклҳои навини ҳамгироӣ ҳаракат кунад.
Вай дар идома ба нақши мунфаили Аврупо дар ҳалли бисёре аз буҳронҳо, аз ҷумла ҷанги Украина пардохт ва афзуд: Иттиҳоди Аврупо, бо вуҷуди он ки бузургтарин саҳми молиро дар ҷанги Украина пардохт карда ва бештарин манфиатро дар дастёбӣ ба сулҳ дорад, то кунун танҳо нақши ҳошияӣ дар музокироти сулҳ ифо кардааст.
Ин коршиноси иқтисодӣ бо ишора ба мавзеи заъфи Аврупо дар баробари тарифҳои эъмолии Амрико низ гуфт: Аврупо ночор шуд бо тарифҳое, ки аз сӯи Иёлоти муттаҳида таҳмил шуд, канор биёяд. Ҳамин муттаҳиди мо моро ба афзоиши хароҷоти низомӣ водошт; тасмиме, ки шояд дар ҳар сурат бояд иттихоз мекардем, аммо ба шеваҳо ва дар қолабҳое, ки эҳтимолан бо манофеи Аврупо созгор набуд.
Вай ҳамчунин бо ишора ба ҳамлаи Амрико ба таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон ва куштори мардуми Ғазза тавассути Исроил таъкид кард: Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷо ҳам низ дар ҷойгоҳи тамошогар боқӣ монд.
Draghi дарбораи Чин ҳам тасреҳ кард: Пекин тавонист ошкоро аз талошҳои ҷангии Русия ҳимоят кунад ва ҳамзамон зарфияти саноатии худро тавсеа диҳад, то тавлиди изофаашро – акнун, ки дастрасӣ ба бозори Амрико ба воситаи монеаҳои ҷадиди давлати Иёлоти муттаҳида маҳдуд шуда – ба Аврупо равона кунад. Эътирози Аврупо таъсири чандоне бар ҷой нагузошт. Чин ба равшанӣ эълом кард, ки Аврупоро шарики баробар намедонад ва бо истифодаи абзорӣ аз контроли худ бар унсурҳои нодири маъданӣ, вобастагии моро қайдовартар кард.
Вай бо ишора ба буҳрони кунунии эътимод ба Иттиҳоди Аврупо, таъкид мекунад, ки ин тардид ношӣ аз нотавонии Иттиҳодия дар дифоъ аз арзишҳои бунёдӣ, ҳам аз демократия ва сулҳ аст, ки Аврупо иддаои онро дорад.
Ин коршиноси иқтисодӣ эътироф кард, ки гузориши рақобатпазирии Аврупо соҳаҳои мутааддидеро барҷаста сохт, ки дар онҳо қитъаи сабз дар ҳоли аз даст додани ҷойгоҳи хеш аст ва ниёз ба ислоҳот дар онҳо беш аз ҳар замони дигар зарурӣ аст.