Албанесе ба Олмон : Шумо нозисмро ба вуҷӯди овардед , мо фашизмро
https://parstoday.ir/tg/news/world-i121784-Албанесе_ба_Олмон_Шумо_нозисмро_ба_вуҷӯди_овардед_мо_фашизмро
 Порс тудей - Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умӯри Фаластин дар изҳоротӣ ба бархӯрди хушунатомези полиси Олмон бо ҳомиёни мардуми Фаластин вокуниш нишон дод .
(last modified 2025-09-06T02:24:14+00:00 )
Август 31, 2025 14:08 Asia/Dushanbe
  • Албанесе ба Олмон : Шумо нозисмро ба вуҷӯди овардед , мо фашизмро
    Албанесе ба Олмон : Шумо нозисмро ба вуҷӯди овардед , мо фашизмро

 Порс тудей - Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умӯри Фаластин дар изҳоротӣ ба бархӯрди хушунатомези полиси Олмон бо ҳомиёни мардуми Фаластин вокуниш нишон дод .

«Francesca Paola Albanese » гузоришгари вижаи Созмони милал дар умӯри Фаластин , хитоб ба давлат Олмон гуфт ки шумо нозисмро ба вуҷӯди овардед , ҳамон тавр ки мо италияиҳо ва испанияиҳо фашизмро эҷод кардем . Ин изҳорот « Албанесе» пас аз он матраҳ шуд ки аз рӯзи панҷшанбе , видеое дар фазои маҷозии пахш шудааст ки нишон медод як афсари полиси Олмони борҳо ба сӯрати як муътариз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза зарба мезанад ва ӯро бо сӯрати хунолуду ҳолати гиҷу мабҳут боздошт мекунад . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Тасним , гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умӯри Фаластин , дар вокуниш ба бархӯрди хушунатомез полиси Олмон бо ҳомиёни Фаластин дар ин кишвар , рӯзи ҷумъа гуфт : « ба дӯстони олмониам ёдоварӣ мекунам : Шумо нозисмро ба вуҷӯди овардед , ҳамон тавр ки мо Италияиҳо ва Испанияиҳо фашизмро эҷод кардем . Ин идеологияҳо як бор Аврупоро ба нобӯдӣ кашонад . » Албанесе дар шабакаи иҷтимои X хитоб ба мақомот олмонӣ навишт : « Шумо масъӯл иттифоқоте ҳастед ки дар кишваратон рух медиҳад . Полиси худро кантрол кунед . Авзоъ дар ҳоли хориҷ шудан аз кантроласт . »

Албанесе бо ишора ба гузаштаи нозисм дар Олмон , бар пайомадҳои хушунати давлатии кантрол нашуда таъкӣд кард .

Коршиносон сиёсӣ муътақиданд , Олмон худро мудофеъи ҳуқуқи башару сулҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад , аммо иқдомоти амалии он хилофи ин тасвирро нишон медиҳад . Дар ҳоле ки Берлин бо шиори ҳимоят аз адолату амнияти ҷаҳонӣ зоҳир мешавад , сиёсатҳояш амалан ба буҳрон ва бесуботӣ дар ҷаҳон доман мезанад . Ин таноқуз на танҳо ҷойгоҳи Олмонро дар муъодилоти ҷаҳонӣ тазъиф карда , балки пайомадҳои амниятӣ ва инсонии густардае дар манотиқи буҳронзада ба дунбол дорад . Бар асоси гузоришҳо , рафтори дугонаи Олмон , зарурати бозхосту посухгуии ин кишвар аз сӯйи ниҳодҳои байналмилалиро барҷаста кардааст .

Широкат дар буҳрони Ғазза

 Олмон бо вуҷӯди фишори ҷаҳонӣ барои посухгуӣ ба таҷовузоти Исроил дар Ғазза , ҳимояти худ аз ин режимро афзоиш додааст . Садри Азами Олмони зимни саркӯби мутолиботи ҳомиёни Фаластин , қарордоди 408 миллион долларии таслеҳотӣ бо ширкати Рофоили Исроил имзо кардааст . Ҷойгоҳи Олмон ба унвони дуюмин содиркунандаи силоҳ пас аз Амрико ба Исроил нишон медиҳад ки Берлин дар сиёсатҳои наслкушӣ ва нақзи ҳуқуқи башари шарик аст . Ин иқдомоти торихӣ , идомаи сиёсатҳои буҳронсози Олмон аз ҷанги ҷаҳонӣ то имрӯзро тадоъи мекунаду нишон медиҳад шиорҳои сулҳу адолати ҷаҳонӣ сирфан пустери таблиғотӣ ҳастанд .

Таҳдидоти ҳастаӣ  ва буҳрони амниятии ҷаҳонӣ

Ҳам замон бо оғози музокироти Фаронса ва Олмон дарбораи боздорандагии ҳастаӣ  ва амнияти Аврупо , Олмон вориди арсаи хатарнок шудааст . Бар асоси муъоҳидоти пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум , Олмон ҳақи тавсеаи таслеҳоти ҳастаӣ надораду таҷрибаи талхи ду ҷанги ҷаҳонӣ нишон медиҳад ҳар иқдоми ҳастаии ин кишвар метавонад ба як фоҷеъаи ҷаҳонӣ мунҷар шавад . Музокироти ахир бо Фаронса , бархилофи усӯли байналмилалӣ , танишҳоро афзоиш дода ва сукути ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва Созмони Милал , пурсишҳои ҷиддии эҷод карда аст . Иқдомоти Олмон дар ин ҳавза , намӯнаи равшан аз буҳронофаринӣ ва таҳдиди амнияти ҷаҳонӣ аст .

Бесуботсозии Украина  низомигарии аврупо

Олмон дар Украина низ бо идомаи ҳимояти таслеҳотӣ аз Киев ва мамониат аз гуфтугуҳои сулҳ , ба афзоиши танишҳо доман мезанад . Садри Азами Олмон зимни тавҷеҳи идомаи фуруши таслеҳот ба Украина , аз ҷанги сойберӣ ва иттилоотӣ бо Русия сухан гуфтааст . Ин кишвар ҳамчунин буҷети дифои сангинӣ ихтисос дода ва қасд дорад шумори неруӯои низомии худро аз 180 ҳазор ба 260 ҳазор нафар то авоили даҳаи 2030 афзоиш диҳад . Сиёсатҳои таҳрикомез ва низомигарӣ Берлин дар канори Фаронса , илова бар таҳдиди сулҳи ҷаҳонӣ , табаъоти иқтисодӣ ва амниятии густардае барои Аврупо ва ҷаҳон ба ҳамроҳ дорад .