Трамп Амрикоро ба самти диктаторӣ мебарад ?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122068-Трамп_Амрикоро_ба_самти_диктаторӣ_мебарад
Порс Тудей - Дар ҳафтаҳо ва моҳҳои ахир , нигарониҳо нисбат ба рафторҳои диктотур мобонаи Доналд Трамп , раиси Ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида , ба вижа дар давраи дувуми раёсати Ҷумҳуриаш , ба шиддат афзоиш ёфтааст .
(last modified 2025-09-23T09:42:36+00:00 )
Сентябр 23, 2025 14:42 Asia/Dushanbe
  • Трамп Амрикоро ба самти диктаторӣ мебарад ?
    Трамп Амрикоро ба самти диктаторӣ мебарад ?

Порс Тудей - Дар ҳафтаҳо ва моҳҳои ахир , нигарониҳо нисбат ба рафторҳои диктотур мобонаи Доналд Трамп , раиси Ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида , ба вижа дар давраи дувуми раёсати Ҷумҳуриаш , ба шиддат афзоиш ёфтааст .

Афзоиши нигарониҳо нисбат ба рафторҳои диктотурмобонаи Доналд Трамп , раиси Ҷумҳурии Амрико на танҳо дар миёни сиёсатмадорони Демукрот , балки дар байни бисёре аз Ҷумҳурихоҳони муътадил , коршиносони сиёсӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар низ инъикос ёфта ва боиси эҷоди баҳсҳои густардае дарбора саломати демокрасии Амрико шудааст . Ба гузориши Порс Тудей , ин нигарониҳо реша дар рафторҳо ва иқдомоти Трамп дорад ки ба назар бисёре , бо усӯли бунёдини демокрасии навъи Амрико ва  истиқлоли ниҳодҳои ҳукӯматӣ носозгор аст ва метавонад ба тазъифи пояҳои демокрасӣ дар Иёлоти Муттаҳида мунҷар шавад .

Яке аз муҳимтарин мисдоқҳои ин нигарониҳо , вокуниши Трамп ба натоиҷи интихоботи раёсати Ҷумҳурии 2020 ва инкори аланӣ ва мустамари сиҳҳати он буд . Бовуҷӯди инки тамомии ниҳодҳои расмӣ аз ҷумла додгоҳҳо ва Вазорати додгустарии сиҳҳати интихоботро таъид карданд ва ҳатто Девони олии федероли Амрико низ ҳеҷ мадраки барои исботи тақаллуби ироа шуда тавассути Трамп наёфт , ӯ бо интишори паёмҳо ва изҳоротӣ бидӯни санад , муддаӣ шуд ки интихобот аз тариқи тақаллуби густарда ба нафъи рақиби демокротии Ҷӯ Байден тағйир ёфтааст . Ин рӯйкард мӯҷиб шуд ки фазои сиёсии Амрико ба шиддат муташанниҷ шавад ва дар ниҳоят дар 6 январи 2021 , гуруҳе аз тарафдорони ӯ ба сохтимони Конгресс ҳамла карданд ки яке аз ториктарин сафаҳоти таърихи сиёсии Амрикои пас аз ҷанги дохилӣ маҳсӯб мешавад .

Яке дигар аз заминаҳои нигарониофарин , бархӯрди хасмонаи Трамп бо расонаҳо аст . Трамп расонаҳои мунтақидро ба шакли бесобиқае таҳти фишор қарор дода ва борҳо онҳоро « душмани мардум » ва мунташиркунандаи « ахбори ҷаълӣ » номидааст . Ин навъи забони тунд ва бесобиқа ки аз забони руасои Ҷумҳурии собиқ камтари дида шуда буд , на танҳо сабаби тазъифи эътибори расонаҳои мустақил дар Амрико шуда , балки фазои руъбу ваҳшату худсонсуриро дар миёни хабарнигорон эҷод кардааст .

Трамп дар таҷаммуъоти сиёсии худ ба таври мукаррари хабарнигорону расонаҳои мунтақидро мавриди ҳамла қарор медиҳад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ , бо ҳамалоти лафзии шадид , онҳоро ба интишори иттилооти нодурусту иғроқомез муттаҳам мекунад . Ин муноқиша ҳавли озодии расонаҳо , озодии баёну нақши шабакаҳои иҷтимоӣ , бахше аз буҳрони амиқтари демокрасии навъи амрикоӣ қаламдод мешавад .

Ҳамчунин яке аз нигаронкунандатарин абъоди рафтори диктотурмобонаи Трамп , дахолатҳои мустақим ва фишорҳои бесобиқа ӯ бар дастгоҳи қазоӣ ва ба вижа Вазорати додгустарии Амрико бӯдааст . Намунаи боризи ин фишорҳо , иқдоми Трамп дар таҳрики Вазорати додгустарӣ ба пайгирии парвандаҳои қазои алайҳи шахсиятҳои сиёсии мухолифи худаст . Ба таври мушаххас , Трамп чанд рӯзи пеш дар пастӣ дар платформ « Truth Social » , аз таъхир дар пайгарди қонӯнии Адам Шиф , сенатори Демукроти Калифорния , ва Додситони кули Ню-Йорк , ки ҳар ду аз мунтақидони сарсахти ӯ ҳастанд , шадидан интиқод кард . Ин навъи мудохилаи аланӣ дар кори қувваи қазоия , ки бояд мустақил амал кунад , нигарониҳои ҷиддиро дарбораи тазъифи асли тафкики қуво ва истиқлоли қузот дар Амрико эҷод кардааст .

Трамп ҳамчунин дар иқдомии ҷанҷолӣ ,  Эрик Сиберт , додситони кули минтақаи шарқии Вирҷинияро ки дар парвандаҳои таҳқиқотии муртабит бо ду тан аз мухолифони сиёсии раиси ҷумҳӯри Ҷумҳурихоҳи даргир буд , барканор кард . Ҷойгузинии  Эрик Сиберт бо Линдси Ҳолигон , мушовири Кохи Сафед , ки ба унвони фарди вафодор ба Трамп шинохта мешавад , бозтоби густардае дошт ва ба унвони намӯнае аз фишорҳои сиёсӣ ба Вазорати додгустарӣ тафсир шуд .

Трамп дар пасти худ дар « Truth Social » низ эълом кард ки вазири додгустарӣ , ба як « додситони кули сахтгир » дар канори худ барои эҷоди тағйир ниёз дорад . Ин мавозиъи нишондиҳанда тадовуми талошҳои Трамп барои мутамаркиз кардани қудрат дар дастони худу тазъифи ниҳодҳои мустақиласт .

Албата вокунишҳо ба ин рафторҳо , густарда ва мутанаввиъ бӯдааст . Бисёре аз раҳбарони ҳизби Демукрот , коршиносони ҳуқуқӣ ва ҳатто бархе Ҷумҳурихоҳони муътадил , нисбат ба ин равандҳо ҳушдор додаанд ва онро таҳдиди ҷиддӣ барои саломати демокрасии Амрико қаламдод кардаанд . Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башарӣ , расонаҳои муътабари ҷаҳонӣ ва таҳлилгарони сиёсӣ низ зимни маҳкӯм кардани талошҳо барои тазъифи ниҳодҳои мустақил , бар лузӯми ҳифзи тафкики қуво ва эҳтиром ба озодиҳои маданӣ дар Амрико таъкӣд кардаанд .

Дар дохили Амрико , пас аз ҳаводиси 6 январ ва фишорҳои Трамп бар ниҳодҳои қазоӣ ва расонаҳо , чандини чеҳраи барҷастаи Ҷумҳурихоҳ низ аз ӯ фосила гирифтанд ва хостори эҳтиром ба усӯл демократик шуданд . Дар муқобил , бахше аз ҳаводорони пуршӯри Трамп ҳамчунон аз ӯ ҳимоят мекунанд ва иқдомоти ӯро навъе мубориза дар баробар « давлати амиқ » ва тавтеъаҳои сиёсӣ медонанд .

Дар маҷмӯъ , рафторҳои диктотурмобонаи Доналд Трамп дар давраи дувуми раёсати Ҷумҳурӣ , ба вижа дар бархӯрд бо расонаҳо ва фишорҳои ғайриқонӯнӣ ва ғайримаъмӯл бар дастгоҳи қазоӣ , мӯҷиб шудааст ки бисёр нигаронии ҷиддӣ дарбора ояндаи демокрасии Амрико дошта бошанд .