Тони Блэр дар пружаи таҷзияи Фаластин чӣ нақше бозӣ мекунад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122148-Тони_Блэр_дар_пружаи_таҷзияи_Фаластин_чӣ_нақше_бозӣ_мекунад
Порс Тудей – Таҳлилгар ва нависандаи фаластинӣ бо ишора ба ҳамсуии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин гуфт: Ончӣ ҳаррӯз дар Ғазза рух медиҳад, ҷинояти наслкушӣ ва поксозии нажодӣ аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 28, 2025 14:08 Asia/Dushanbe
  • Тони Блэр дар пружаи таҷзияи Фаластин чӣ нақше бозӣ мекунад?

Порс Тудей – Таҳлилгар ва нависандаи фаластинӣ бо ишора ба ҳамсуии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин гуфт: Ончӣ ҳаррӯз дар Ғазза рух медиҳад, ҷинояти наслкушӣ ва поксозии нажодӣ аст.

Фарҳон Алқам, таҳлилгар ва нависандаи фаластинӣ гуфт: Ончӣ дар Ғазза рух медиҳад, ҷинояти наслкушӣ ва поксозии нажодӣ аст, ки ишғолгарон рӯзона алайҳи ғайринизомиён муртакиб мешаванд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, Алқам афзуд, кулли инсоният дар Ғазза шабонарӯз террор мешавад.

Вай бо баёни инки раисиҷумҳури Амрико ҳамакнӯн қасди таваққуфи ҷангро надорад таъкид кард: Мардуми Фаластин бар хоку сарзамини худ пойбанд ҳастанд ва бо ҳар тарҳе барои кӯчондан мухолифат мекунанд.

Ин таҳлилгар бо ишора ба тарҳҳои раисиҷумҳури Амрико барои поёни ҷанги Ғазза тасреҳ кард: Тарҳҳои Трамп на дар ростои поёни ҷанг, балки дар ростои манофеи шахсии худ ва Натаняҳу ва тасбити ишғолгарии исроилӣ-амрикоӣ дар минтақааст.

Алқам идома дод: Раисиҷумҳури Амрико ба ваъдаҳои худ пойбанд нест ва гувоҳи он низ ақиб кашидани Steve Witkoff, фиристодаи ӯ аз тавофуқе буд, ки муқовимат бо он мувофиқат карда буд.

Ин нависандаи фаластинӣ изофа кард: Трамп ба муттаҳидонаш низ раҳм намекунаду алайҳи онҳо кудато мекунад. Намунаи он Қатар, муттаҳиди Амрико аст, ки бо вуҷӯди нақши меҳварӣ дар миёнҷигариҳо ва мизбонӣ аз бузургтарин пойгоҳи Амрико дар минтақа, алайҳи он кудато кард ва ба Натаняҳу барои ҳамла ба ҳайати фаластинии гуфтугӯкунанда аз тариқи ғайрифаъол кардани сомонаи ҳушдору дифои ҳавоӣ, чароғи сабз дод.

Вай ташреҳ кард: Суҳбатҳои Трамп дар мавриди наздикӣ ба тавофуқ, чизе беш аз хушбинии иғроқомез нест; ҳадафи Трамп додани вақти кофӣ ба Натаняҳу барои тадовуми таҷовузгарӣ ва рақам задани пирӯзии хаёлӣ барои фирор аз буҳронҳои дохилӣ аст.

Ин таҳлилгар бо ишора ба ҷаласаи Трамп бо раҳбарони кишварҳои арабӣ, ҳадафи онро шикаст додани тарҳи фаронсавӣ саудӣ барои ба расмият шинохтани Фаластин бо ироаи ҷойгузинҳое мубтанӣ бар ҷудосозии Ғазза аз Каронаи Бохтарӣ ва вогузории он ба як давлати ҷойгузини таҳти назорати Тони Блэр (нахусти вазири собиқи Англия) донисту афзуд: Блэр фақат барои эҷоди ошӯб дар минтақаи Ғарби Осиё фарохонда шудааст.

Алқам тарҳҳои матраҳ шуда аз сӯи Трампро ҳамон тарҳҳои Натаняҳу ва аз забони Амрико донист, ки на танҳо ба нафъи миллати Фаластин нест, балки тасбиткунандаи ишғолгарӣ аст.

Вай дар поён гуфт: Умед ба пойдории миллати Фаластину муқовимати онҳо монанди сахрае аст, ки ҳамаи ин тавтеаҳоро нақш бар об мекунад. Ҳафтуми октябр (Тӯфони Алақсо) таҳаввули таърихӣ дар афкори умумӣ дар қиболи масъалаи Фаластин эҷод кард ва дарро ба самти мавҷи густардаи шиносоии кишвари Фаластин пас аз даҳаҳои тулонӣ аз музокироти камдастовард, гушуд .