Вогузории ҳазору 600 мошини ҷангии амрикоӣ ба артиши Афғонистон
Вазорати дифои Амрико ҳазору 600 дастгоҳ мошини низомии ҷангии мавсум ба Ҳомвееро ба зудӣ барои набарди низомиёни афғон бо террористҳо, дар ихтиёри артиши ин кишвар қарор медиҳад.
Амрико ҳазору 600 мошини низомӣ ва ҷангӣ дар ихтиёри артиши Афғонистон қарор медиҳад.
Манобеи хабарии Афғонистон эълом карданд, ки Вазорати дифои Амрико ҳазору 600 дастгоҳ мошини низомии ҷангӣ мавсум ба Ҳомвееро ба зудӣ дар ихтиёри нерӯҳои артиши Афғонистон қарор медиҳад.
Ба иттилои Ирно, Тулуъ Ниюзи Афғонистон имрӯз чаҳоршанбе эълом кард, ки арзиши ин мошинҳо 356 миллион доллар аст ва ба зудӣ барои набарди низомиёни афғон бо террористҳо дар ихтиёри артиши ин кишвар қарор мегирад.
Идораи бозрасии вижаи Амрико барои Афғонистон пеш аз ин эълом карда буд, ки Вазорати дифои Амрико (Пентагон) 17 миллиард доллар барои таҷҳизоти ҷангӣ ва муҳиммоти нерӯҳои афғон ҳазина карда, аммо мушкилоти ин нерӯҳо ҳануз ҳам бартараф нашудааст.
Ин муассисаи амрикоӣ нерӯҳои феълии Афғонистонро барои мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар ин кишвар кофӣ надонистааст.
Амрико бар асоси паймони амниятии Кобул-Вашингтон мутааҳҳид шудааст, солона 4 миллиард доллар ба нерӯҳои афғон кумак кунад. Буҷети солонаи Афғонистон ҳудуди 7 миллиарду 500 миллион доллар аст, ки беш аз 60 дарсади он аз маҳалли кумакҳои хориҷӣ таъмин мешавад