Оё Аврупо омодаи зистан дар минтақаи хокистарӣ аст?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122202-Оё_Аврупо_омодаи_зистан_дар_минтақаи_хокистарӣ_аст
Порс Тудей– Садри аъзами Олмон бо ибрози нигаронӣ аз ҳаводиси паҳподии рӯзафзӯн дар осмони Аврупо, қораи сабзро дар «минтақае хокистарӣ миёни ҷангу сулҳ» тавсиф кардааст.
(last modified 2025-12-10T09:53:47+00:00 )
Октябр 01, 2025 14:17 Asia/Dushanbe
  • Оё Аврупо омодаи зистан дар минтақаи хокистарӣ аст?

Порс Тудей– Садри аъзами Олмон бо ибрози нигаронӣ аз ҳаводиси паҳподии рӯзафзӯн дар осмони Аврупо, қораи сабзро дар «минтақае хокистарӣ миёни ҷангу сулҳ» тавсиф кардааст.

Ба гузориши Порс Тудей, Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон гуфт: «Мо дар ҷанг нестем, аммо дигар дар сулҳ ҳам нестем.» Ҷумлае, ки шояд такондиҳанда баназар бирасад, аммо бозтобе воқеӣ аз шароити имрӯзи Аврупо аст. Шароите, ки назми ҷаҳонӣ мубтанӣ бар қавоиди ҳуқуқӣ ҷои худро ба мантиқи қудрат ва зӯр додааст. Ончӣ Аврупо аз тариқи мантиқи зӯр мехоҳад бар Эрон, бо зери по гузоштани қавоиди ҳуқуқӣ ва фаъол кардани механизми моша ва бозгашти таҳримҳои таълиқ шудаи Созмони милал таҳмил кунад, ба шакли дигаре Аврупоро бо шароити фурӯпошии назми либерали ғарбӣ ва гирифторӣ дар ботлоқи Украина мувоҷеҳ кардааст.

Аз нигоҳи бисёре аз андешкдаҳо, аз ҷумлаи Шӯрои равобити хориҷии Аврупо (ECFR), суханони Мертс эътирофе ошкор ба шикасти рӯёи «Аврупо сулҳталаб» пас аз Ҷанги сард аст. Қорае, ки рӯзгоре худро улгӯе барои назми либерал медонист, акнӯн ногаҳон дар миёнаи майдоне қарор гирифта, ки қавоидашро бозигарони берунӣ таъриф мекунанд.

Вай бо ишора ба парвози паҳподҳои ношинос бар фарози Дания ва Иёлати Шлезвиг-Голштейн ҳушдор медиҳад, ки ин таҳаввулот нигаронкунандааст. Ҳарчанд ин паҳподҳо мусаллаҳ нестанд, аммо ба фанновариҳои назоратӣ муҷаҳҳазанду тӯли болҳояшон то ҳашт метр мерасад. Фарзи ғолиб ин аст, ки маншаи онҳо Русия бошад. Садри аъзами Олмон изъон мекунад, муқобила бо чунин таҳдиде сода нест; чаро ки соқит кардани паҳподҳои ғайримусаллаҳ метавонад табаъоти сиёсӣ ва низомии нохоста дошта бошад. Ин ҳамон тангнои ҷангҳои таркибӣ аст: душман бо камтарин ҳазина, бештарин тардиду фишори равониро бар тарафи муқобил таҳмил мекунад.

Дар арсаи сиёсӣ ва иқтисодӣ низ Аврупо бо ду буҳрони ҳамзамони рӯбарӯ аст. Нахуст, тадовуми ҷанги Украина, ки на шикасти низомии Русия ва на фарсудагии иқтисодии Киевро дар чашмандози кӯтоҳмуддат нишон медиҳад. Дувум, ҷадал бар сари истифода аз дороиҳои масдӯдшудаи Русия барои таъмини молии Украина аст. Садри аъзами Олмон, пешниҳод додааст, аз тариқи евроклир, ҳудӯди 140 миллиард евро ба Киев вом дода шавад. Ин тарҳ дар Бруссел ва Вашингтон бо истиқбол ҳамроҳ буда, аммо бо нигарониҳое низ мувоҷеҳ аст. Бисёре аз коршиносон ҳушдор медиҳанд чунин иқдоме метавонад, ҷойгоҳи евро дар низоми молии ҷаҳониро тазъиф кунаду собиқае хатарнок барои мусодираи дороиҳои кишварҳо эҷод намояд. Фаронса ва бархе дигар аз шуракои аврупоӣ низ бо эҳтиёт ба ин мавзӯ менигаранд.

Аз сӯи дигар, ихтилофҳои дохилӣ миёни кишварҳои аврупоӣ рӯ ба афзоиш аст. Полша ва кишварҳои Балтик хоҳони вокунишҳои сахттар дар баробари Русия ҳастанд, дар ҳоле, ки бархе аъзои дигари Иттиҳодияи Аврупо нигарони паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии чунин сиёсате ҳастанд. Ҳамин ихтилофҳо нуқтаи заъфе аст, ки Маскав ҳӯшмандона аз он баҳрабардорӣ мекунад то инсиҷоми Ғарбро тазъиф кунад.

Бо канори ҳам гузоштани ин авомил, ояндае пурмухотира барои Аврупо тарсим мешавад: қорае гирифтор дар ботлоқи ҷанги фарсоишӣ, ки на тавони поён додан ба онро дорад ва на имкони гурез аз табаъоташ. Аз ин манзар, суханони Мертс сирфан як тавсиф нест, балки ҳушдоре ҷиддӣ аст. Аврупо бояд барои воқеияте омода шавад, ки дар он амалиёти паҳподӣ, ҳамалоти сойберӣ, фишорҳои иқтисодӣ ва таҳдидҳои сиёсӣ, бахше аз зиндагии рӯзмарра хоҳанд буд.

Дурнамои ҷанги Украина низ умедбахш нест. Нишонае аз фурӯпошии сареъи Русия дида намешаваду ҳазинаҳои ҳимоят аз Украина барои Аврупо ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст. Дар чунин шароите, муҳимтарин чолиш барои раҳбарони аврупоӣ ҳифзи инсиҷоми дохилӣ, мудирияти буҳрони энержӣ ва ғизо ва ҷилавгирӣ аз фарсоиши қудрати сиёсӣ ва иқтисодии қора аст.

Мертс бо ҷумлае содда парда аз буҳрони Аврупо бардошт, қораи сабз вориди асри тоза шудааст; асре, ки дар он сулҳ дигар бадеҳӣ несту ҷанг, ҳатто агар расман эълом нашавад, дар ашколи гӯногӯн дар ҷараён аст. Акнӯн пурсиши аслӣ ин аст, ки Аврупо чӣ гуна мехоҳад дар ин «минтақаи хокистарӣ» давом биоварад? Бо афзоиши тавони дифоӣ, бозтаърифи иттиҳодҳои фароатлантӣ ё ёфтани роҳе барои поён додан ба ҷанге, ки ҳаррӯз баҳои бештаре бар дӯши миллатҳояш мегузорад.