Ню-Йорк Таймс : Амрико дар ҳоли фурӯпошии ваъдаи « дигар ҳаргиз »аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122222-Ню_Йорк_Таймс_Амрико_дар_ҳоли_фурӯпошии_ваъдаи_дигар_ҳаргиз_аст
Порс Тудей- Як расонаи амрикоӣ ҳушдор дод ки таҳримҳои Амрико алайҳи ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва Девони кайфарии байналмилалӣ , ваъдаи торихии ҷилавгирӣ аз такрори наслкуширо таҳдид карда ва дастовардҳои адолати ҷаҳонӣ пас аз ҷанги ҷаҳонии дувумро дар остонаи фурӯпошӣ қарор додааст .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 02, 2025 15:52 Asia/Dushanbe
  • Ню-Йорк Таймс : Амрико дар ҳоли фурӯпошии ваъдаи « дигар ҳаргиз »аст
    Ню-Йорк Таймс : Амрико дар ҳоли фурӯпошии ваъдаи « дигар ҳаргиз »аст

Порс Тудей- Як расонаи амрикоӣ ҳушдор дод ки таҳримҳои Амрико алайҳи ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва Девони кайфарии байналмилалӣ , ваъдаи торихии ҷилавгирӣ аз такрори наслкуширо таҳдид карда ва дастовардҳои адолати ҷаҳонӣ пас аз ҷанги ҷаҳонии дувумро дар остонаи фурӯпошӣ қарор додааст .

Таҳрими ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва Созмонҳои байналмилалӣ тавассути Амрико , ҷаҳонро аз нақши боздоранда ва назоратии онҳо маҳрӯм мекунад , ба гузориши Порс Тудей , дарҳамин иртибот , рӯзномаи амрикоӣ « Ню-Йорк Таймс » дар мақолае менависад : Ваъдаи ҷилавгирӣ аз такрори наслкушӣ ки баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум бо шиори « дигари ҳаргиз » матраҳ шуд ва дар қолаби ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ ва созукорҳои посухгуии байналмилалии таҷассум ёфт , акнӯн тавассути Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли фурӯпошӣ аст .

Ню-Йорк Таймс дар ин гузориши ишорае дорад бар маҷмӯъае аз иқдомоти давлати « Доналд Трамп » раиси Ҷумҳурии Амрико аз ҷумла таҳримҳое, ки дар чаҳоруми сентябр алайҳи се Созмони барҷастаи ҳуқуқи башарии Фаластини аъмол кард . Пештар низ дар моҳи июн , давлати Трамп гуруҳи ҳуқуқи башарӣ « Алзамир »ро таҳти маҷмӯъаи дигарӣ аз таҳримҳо , ҳадаф қарор дода буд .

Ин гузориш таъкид мекунад ки фишори Амрико фаротар аз ҷомеъаи мадании Фаластин , ба худ низоми адолати байналмилалӣ низ кашида шуда ва давлати Трамп на танҳо ин гурӯҳҳо , балки додситони Девони кайфарии байналмилалӣ , муовинони додситон , шаш қозии ва ҳамчунин « Francesca  Albanese » гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар сарзаминҳои ишғолии Фаластинро ҳам таҳрим кардааст .

Ню-йорки таймс меафзоед : девони кайфарии байни алмилалӣ дар ҳоли пайгирии иттиҳомоти ҷинояти алайҳи башарияту ҷинояти ҷангии алайҳ « бинёмини нитонёҳу » нахусти вазири режими саҳюнистӣ ва « иуоуи голонт » вазири ҷанги пешини ин режим асту вокуниши Амрико ба ин таҳқиқот , талошӣ аст барои хомӯш кардан созукорҳои посухгуӣ .

Таҳдидҳо дар ғаззаи хулоса намешавад

Ню-Йорк Таймс изофа мекунад ки иқдомоти Вашингтон зарбае густардатар ба ҳокимияти қонӯну назми ҷаҳонии мубтанӣ бар қавоиди ворид карда ва давлати Трамп буҷети Созмони Милалро коҳиш дода , аз шӯрои ҳуқуқи башарии Созмони Милали канорагирӣ карда ва тақрибан тамоми кумакҳои хориҷии Амрико ки мудофеъони ҳуқуқи башар ва кумакҳои ҳаётии башардӯстонаро пуштибонӣ мекард , қатъ кардааст .

Ин расонаи амрикоӣ дар идома , ёдовар мешавад ки афви байналмилал ва дидбони ҳуқуқи башари тайи даҳаҳо бо гурӯҳҳо ва ниҳодҳои фаластини ҳамкорӣ карда ва кори онҳоро зарурӣ ва ғайри қобили ҷойгузин медонанд . Девони кайфарии байналмилалӣ низ ки дар соли 1998 таъсис шуд , бахши асосӣ барои ҷилавгирӣ аз такрори фаҷоиъи ҷаҳонӣ буда аст . Ҳарчанд ин низоми ҷаҳонӣ бенақс нест , аммо тавоноиаш барои барқарории масъӯлиятпазирӣ дар болотарин сутӯҳи қудрат , чархаи нақзҳои паёпайи қавонини байналмилалиро мешаканд .

Ба изъони Ню-Йорк Таймс  , давлати Иёлоти Муттаҳида имрӯз бо ҳимоятҳои худ аз режими ишғолгар ва аъмоли фишор бар ин ниҳодҳо , ҷаҳонро аз зарфияти онҳо маҳрӯм мекунад .

Мудофеъони ҳуқуқи башар ба по хезанд

Ин расонаи амрикоӣ бо ҳушдор дарбораи таҳримҳои бештари Амрико аз ҷумла таҳрими якпорчаи Девони кайфарии байналмилалӣ , ки ҳуқуқи қурбониён дар саросари ҷаҳонро ба хатар меандозад , аз давлатҳо хост то барои дифо аз системае, ки худ пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум поягузорӣ карданд бапо хезанд .