Нобел; Ҷоизае барои сулҳ ё пӯшише барои ҷанги нарм?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122362-Нобел_Ҷоизае_барои_сулҳ_ё_пӯшише_барои_ҷанги_нарм
Порс Тудей– Эътои Ҷоизаи сулҳи Нобел 2025 ба Мария Корина Мачадо, раҳбари оппозитсони Венесуэла, мавҷе аз баҳсу ҷадал дар миёни нухбагони сиёсӣ, маҳофили донишгоҳӣ ва расонаҳои байналмилалӣ барангехтааст.
(last modified 2025-10-12T09:21:11+00:00 )
Октябр 12, 2025 11:17 Asia/Dushanbe
  • Нобел; Ҷоизае барои сулҳ ё пӯшише барои ҷанги нарм?

Порс Тудей– Эътои Ҷоизаи сулҳи Нобел 2025 ба Мария Корина Мачадо, раҳбари оппозитсони Венесуэла, мавҷе аз баҳсу ҷадал дар миёни нухбагони сиёсӣ, маҳофили донишгоҳӣ ва расонаҳои байналмилалӣ барангехтааст.

Ҷоизаи сулҳи Нобел дар зоҳир бояд намоди ормонҳои инсонӣ ва тарвиҷи сулҳи ҷаҳонӣ бошад, аммо имсол ҳам мисли солҳои пешин рангу бӯи сиёсӣ гирифтааст. Бисёре аз соҳибназарон ин ҷоизаро на нишонае аз сулҳ, балки бахше аз ҷанги нарми Ғарб алайҳи давлати Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла медонанд.

Ба гузориши Порс Тудей, эътои Ҷоизаи сулҳи Нобел 2025 ба Мария Корина Мачадо дар ҳоле сӯрат гирифт, ки равобити Каракас ва Вашингтон дар болотарин сатҳи таниш аз соли 2019 токунӯн қарор дорад. Тайи ҳафтаҳои ахир, неруҳои амрикоӣ дар обҳои Караиб ба баҳонаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир даст ба ҳамалот ва низ размоишҳое задаанд. Давлати Мадуро нисбат ба эҳтимоли таҷовузи низомӣ ҳушдор додааст. Ҳамзамон, расонаҳои амрикоӣ ва аврупоӣ низ мавҷи тоза аз ривоятсозӣ алайҳи давлати Венесуэларо оғоз кардаанд.

Дар чунин фазое, эҳдои Нобели сулҳ ба чеҳрае чун Мачадо, ки ошкоро аз мудохилоти Вашингтон ҳимоят карда ва борҳо аз зарурати барандозии давлати Мадуро сухан гуфтааст, ба сахтӣ метавонад иқдоме сирфан башардӯстона талаққӣ шавад.

Мачадо пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии июли 2024 Венесуэла, таҳти назорати густардаи ниҳодҳои минтақаӣ, тарафдорони худро ба нодида гирифтани натоиҷи расмӣ ва баргузории эътирозоти хиёбонӣ фарохонд. Эътирозоте, ки дар бархе шаҳрҳо ба хушунат кашида шуд. Акнӯн эътои Ҷоизаи сулҳ ба чунин чеҳрае, ин пурсишро бармеангезад, ки оё кумитаи Нобел бо ин тасмим, дар амал ба тазъифи назми ҳуқуқӣ ва машрӯъияти сиёсии як кишвари мустақил кумак кардааст? Ҳамонгуна, ки Наом Чомский ёдовар шуда, «Ҷоизаи сулҳи Нобел дар даврони муосир ба абзоре барои машрӯъиятбахшӣ ба мухолифони давлатҳое табдил шуда, ки аз хатти машии Вашингтон пайравӣ намекунанд.»

Ин нахустин бор нест, ки Нобели сулҳ бо интиқодоти мушобеҳе рӯбарӯ мешавад. Дар соли 2009, танҳо чанд моҳ пас аз оғози раёсатҷумҳурии Барак Обамо, кумитаи Нобел ӯро ба далели «талош барои тақвияти дипломасии байналмилалӣ», баранда эълом кард, дар ҳоле, ки Иёлоти муттаҳида ҳамзамон дар ду ҷабҳаи Ироқу Афғонистон даргири ҷанг буд. Соли 1991 низ Аун Сан Су Чжи аз Мянма, ки баъдҳо бо сукути худ дар баробари наслкушии мусулмонони Руҳингё чеҳрае баҳсбарангез шуд, барандаи ҷоиза шуд. Ин намунаҳо нишон медиҳад, ки марз миёни сулҳталабии воқеӣ ва сиёсатварзии намодин дар раванди интихоби Нобел рӯзбарӯз мубҳамтар шудааст.

Таҳлили маркази мутолиоти стротежӣ ва байналмилалӣ (CSIS) низ гуёи ин раванд аст. Бар асоси додаҳои ин андешкда, дар ду даҳаи ахир ҳудӯди 70 дарсади барандагони Нобели сулҳ бо ҷараёнҳои сиёсии ғарбӣ иртиботи мустақим ё ғайримустақим доштаанд. Ин ҳамсӯии сохторӣ, боис шуда бархе нозирон Нобели сулҳро на намоди ормонҳои ҷаҳонӣ, балки бахше аз созукори қудрат дар низоми байналмилал бидонанд. Чунон ки таҳлили андешкдаи «Брукингса» низ тасреҳ мекунад, «кумитаи Нобел ҳарчанд ниҳоде мустақил аст, аммо дар амал таҳти таъсири гуфтумони сиёсӣ ва расонаии ғарбӣ, амал мекунаду тасмимҳояш ағлаб бозтобе аз авлавиятҳои жиюполитии ҷаҳони Ғарб аст.»

Дар мавриди Венесуэла низ ҳамин улгӯ такрор шудааст. Тамоси телефонии ахири Мачадо бо Доналд Трамп, билофосила пас аз эъломи ҷоиза, нишонае аз ҳамсӯии сиёсии ӯ бо ҷараёнҳои хос дар Вашингтон буд. Трамп дар ин гуфтугу зимни табрик ба Мачадо, аз ӯ ба унвони «садои озодӣ дар Амрикои Лотин» ёд кард; иборате, ки барои Каракасу муттаҳидонаш маъноеи ҷуз машрӯъиятбахшӣ ба тағйири давлат надорад.

Рӯзномаи « El Pais»-и Испания ҳатто ба нақл аз сиёсатмадори чапгарои ин кишвар навишт: «Агар қарор бошад Нобели сулҳ ба мухолифони сиёсии давлатҳои мустақил дода шавад, метавонистанд онро ба Ҳитлер ҳам бидиҳанд! .» Ҳатто Ҷозеф Борел, масъули собиқи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, низ дар изҳороте муҳтотона гуфт: «Ниҳодҳои байналмилалӣ замонӣе метавонанд эътибори худро ҳифз кунанд, ки аз вуруд ба бозиҳои сиёсӣ иҷтиноб варзанд.»

Воқеият ин аст, ки ҷоизаи Нобели сулҳ дар сохтори ҷанги нарм метавонад нақше роҳбурдӣ ифо кунад. Аз машруъсозии оппозисюн гирифта то басиҷи афкори умумӣ ва эъмоли фишори дипломатӣ бар давлатҳои мустақил. Дар чунин чорчӯбе, Нобели сулҳ барои Вашингтон на поёни роҳ, балки оғози марҳалае ҷадид аз фишори чандваяҷҳӣ алайҳи Каракас аст. Аз манзари Каракас, ин ҷоиза «сиёситарин Нобели таърих» ва талоше барои тазъифи инсиҷоми дохилии Венесуэла аст. Расонаҳои давлатии ин кишвар, онро бахше аз «сенаряи барандозии нарм» хондаанд. Ончӣ дар сатҳи калон қобили мушоҳида аст, ихтилофи амиқ миёни фалсафаи аввалияи Нобел ва коркарди кунунии он аст.

Нобели сулҳ агар мехоҳад ҳамчунон ҷойгоҳи ахлоқии худро ҳифз кунад, бояд аз мудохила дар низоҳои сиёсӣ ва машрӯъиятбахшӣ ба як сӯи мунозиъа бипарҳезад. Дар ғайри ин сӯрат, ба гуфтаи Ҳенрик Ордал аз муассисаи сулҳи Осло, «Нобел аз намоди сулҳ ба абзори сиёсат табдил хоҳад шуд.»

Акнӯн бояд дид, ки ин тасмим дар баландмуддат чӣ паёмадҳое барои Амрикои Лотин хоҳад дошт. Оё ин ҷоиза ба тақвияти гуфтугу ва ҳамзистии сиёсӣ дар Венесуэла меанҷомад, ё баракс  ба ташдиди қутббандии дохилӣ ва афзоиши эҳтимоли даргирӣ доман мезанад? Посух ҳарчӣ бошад, як воқеият равшан аст. Сулҳи воқеӣ на бо ҷавоизи сиёсӣ, балки бо эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ, адолати иҷтимоӣ ва гуфтугуи баробар миёни миллатҳо ба даст меояд. Нобели сулҳ агар аз ин усӯл фосила гирад, дигари тоҷе бар сари сулҳ нахоҳад буд, балки тешае бар решаи эътимоди ҷаҳонӣ ба маънои воқеии сулҳ хоҳад буд.