Расонаҳои Эрон| Аз тавсеаи энержиҳои таҷдидпазир дар Эрон то буҳронсозии байналмилалии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123978-Расонаҳои_Эрон_Аз_тавсеаи_энержиҳои_таҷдидпазир_дар_Эрон_то_буҳронсозии_байналмилалии_Амрико
“Порс-Тудей”. Раисиҷумҳури Эрон гуфт, вазъияти кишвар дар тавсеаи энержиҳои таҷдидпазир қобили муқоиса бо гузашта нест.
(last modified 2026-01-26T08:53:33+00:00 )
Январ 26, 2026 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи ҳайати давлати Эрон
    Ҷаласаи ҳайати давлати Эрон

“Порс-Тудей”. Раисиҷумҳури Эрон гуфт, вазъияти кишвар дар тавсеаи энержиҳои таҷдидпазир қобили муқоиса бо гузашта нест.

Хабаргузории Ҷумҳурии исломии Эрон (ИРНА) шомгоҳи душанбе дар матлабе ба изҳороти Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат пардохт. Пизишкиён дар ин ҷаласа бо таъкид бар зарурати тавсеаву баҳрагирии ҳар чӣ бештари панелҳои хуршедӣ ва соири энержиҳои таҷдидпазир гуфт: Вазъияти Эрон дар тавсеаи ин фанноварӣ қобили қиёс бо гузашта нест, аммо лозим аст бахши хусусӣ ва ниҳодҳои давлатӣ ба сурати ҷудогона маъмуриятҳои муҳаввалаи худ барои такмил ва роҳандозии пружаҳои дар ҳоли эҳдосро бо ҷиддият пайгирӣ кунанд.

 

Итмоми хати оҳани Чобаҳор– Зоҳидон

“Форс”| Иттисоли рейлӣ - дарвозаи уқёнусии Эрон ба хати поён расид

Хабаргузории “Форс” ҳам дар матлабе аз итмоми хати оҳани Чобаҳор–Зоҳидон хабар доду навишт: Ин хат аз муҳимтарин тарҳҳои зерсохтии Эрон дар даҳаи ахир ба шумор меравад. Пружае ки бо ҳадафи тақвияти ҷойгоҳи геополитикии Эрон, коҳиши ҳазинаҳои ҳамлунақл ва тавсеаи мутавозини минтақаӣ тарроҳӣ шудааст. Ин масири рейлӣ бандари шаҳид Биҳиштии Чобаҳорро ба шабакаи рейлии кишвар муттасил кардаву имкони пайванди мустақими ҷануби шарқи Эрон бо каридорҳои дохилӣ ва байналмилалиро фароҳам мекунад. Бо такмили ин хати оҳан, масири ҷадиде барои ҷобаҷоии коло миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва ҳатто шибҳи қораи Ҳинд бо обҳои озод эҷод мешавад, масире ки метавонад ҷойгузини бахше аз ҳамлунақли ҷоддаии пурҳазина ва пурриск шудаву нақши Эронро дар каридори Шимол–Ҷануб тақвият кунад. Коршиносон муътақиданд, ин пружа зарфияти транзити рейлии кишварро ба таври маҳсусе афзоиш додаву фишор бар шабакаи ҷоддаиро коҳиш хоҳад дод.

Итмоми хати оҳани Чобаҳор– Зоҳидон

 

Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ

“Меҳр”| Ҳизбуллоҳи Ироқ: аз Ҷумҳурии исломии Эрон ҳимоят ва пуштибонӣ мекунем

Хабаргузории “Меҳр” ҳам дар матлабе, фарохони Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ барои омодагии муҷоҳидони ҷаҳон дар ҳимоят аз Эронро дар сартитри ахбораш хабар дод. Ҳоҷи Абуҳусайн Алҳамидовӣ, дабири кулли Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар баёнияе аз муҷоҳидони саросари ҷаҳон хост то барои як ҷанги густарда ба манзури ҳимояту пуштибонӣ аз Эрон омода шаванд. Абуҳусайн Алҳамидовӣ афзуд: “Имрӯз неруҳои гумроҳ, аз ҷумла саҳюнистҳо ва ҳомиёнашон барои таҳти фишор қарор додани Эрон ва ҳатто нобудии он гирдиҳам омадаанд ва қасд доранд арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро аз миён бибаранд. Алҳамидовӣ бо таъкид бар инки ҳимоят аз Эрон аз сӯи неруҳои меҳвари муқовимат зарурӣ аст, ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҷанг алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон осон нахоҳад буд.

Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ

 

Боздошти Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла аз сӯи Амрико

Рӯзномаи ислоҳталаб| Буҳронсозии байналмилалии Амрико

Рӯзномаи ислоҳталаби “Ормони миллӣ” низ дар таҳлиле ба қалами Ҳасани Биҳиштипур дар бораи буҳронҳое, ки давлати Доналд Трамп дар сатҳи байналмилал ба вуҷуд овардааст, навишт: Иқдоми Амрикоро намунае ошкор аз нақзи ҳокимияти миллӣ ва идомаи сиёсати буҳронсозии ҳадафманд дар низоми байналмилал медонад. Ӯ муътақид аст Вашингтон бо тафсири якҷониба аз мафоҳиме монанди мубориза бо маводи мухаддир ё ҳимоят аз демократия, барои худ ҳаққи мудохилаи фаромарзӣ қоил шудааст; рӯйкарде ки дар сурати набуди вокуниши ҷиддӣ, метавонад ба равияе хатарнок дар равобити байналмилал табдил шавад. Ин таҳлилгар заъфҳои дохилии давлати Мадуроро низ дар суқути ӯ муассир медонад. Таварруми шадид, коҳиши рифоҳи умумӣ, муҳоҷирати густарда ва маҳдуд шудани фазои сиёсӣ, шикофи амиқе миёни давлат ва ҷомеа эҷод карда буд, шикофе ки муҷиб шуд дар замони мудохилаи хориҷӣ, ҳимояти иҷтимоии муассире аз давлат шакл нагирад. Ба гуфтаи ӯ, инфиъоли артиши Венесуэла низ яке аз авомили калидӣ дар осон кардани иқдоми Амрико будааст. Биҳиштипур нақши оппозитсюни вобаста ба ҳимояти хориҷиро низ дар ин буҳрон барҷаста медонад ва таъкид мекунад, иттикои сирф ба қудратҳои хориҷӣ на танҳо тазмине барои касби қудрат нест, балки метавонад ба ҳазфи комил аз саҳнаи сиёсӣ мунҷар шавад. Ӯ ҳамчунин аҳамияти манобеи нафтии Венесуэла ва рақобати энержӣ дар нимкураи ғарбиро аз авомили пинҳони ин буҳрон медонад. Дар поён, вай буҳрони Венесуэларо натиҷаи ҳамзамони маҷмӯае аз авомили дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ тавсиф карда ва ҳушдор медиҳад, содасозии ин таҳаввулот метавонад таҳлилҳоро гумроҳ кунад.

Тазоҳуроти ҳамбастагии эрониён алайҳи мудохилоти мусаллаҳонаи Амрикову Исроил дар Эрон

 

Тазоҳуроти ҳамбастагии эрониён алайҳи мудохилоти мусаллаҳонаи Амрикову Исроил дар Эрон

Рӯзномаи усулгарои “Ҷоми ҷам”| Ноумедии Ғарб аз пружаи иғтишош

Рӯзномаи усулгарои “Ҷоми ҷам” ҳам дар матлабе бо ишора ба талоши нокоми Ғарб барои идомаи нооромиҳо дар Эрон навишт: Дар ҳоле ки бархе расонаҳои ғарбӣ ва саҳюнистӣ бо бузургнамоии нооромиҳои маҳдуди ахир, бори дигар ривояти «Эрон дар остонаи фурӯпошӣ»-ро матраҳ кардаанд, арзёбии марокизи мутолеотӣ ва утоқҳои фикри ғарбӣ ва исроилӣ тасвире мутафовит ироа медиҳад. Ин таҳлилҳо таъкид доранд, ки сохтори наҳодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии исломии Эрон аз суботи қобили таваҷҷуҳе бархӯрдор аст ва эътирозоти ахир тавони эҷоди тағйироти бунёдин дар низоми сиёсиро надоранд. Ба гуфтаи ин марокиз, пайванди миёни ҳокимияту бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҷомеа, омили аслии тобоварии Эрон дар баробари буҳронҳост, мавзӯе ки дар таҷаммуоти худҷӯши мардумӣ дар шаҳрҳои мухталиф низ намуд доштааст.

Тазоҳуроти ҳамбастагии эрониён алайҳи мудохилоти мусаллаҳонаи Амрикову Исроил дар Эрон

 

Муассисаи амнияти миллии Исроил дар гузорише эълом кардааст, ки сенарияҳои «фурӯпошии сареъ» ё «инқилоби ногаҳонӣ» бо воқеиятҳои майдонии Эрон ҳамхонӣ надораду сохтори қудрат дар Теҳрон бар пояи ҳамоҳангии миёни ниҳодҳои ҳокимиятӣ ва давлати иҷроӣ устувор аст. Таҳлилгарони амниятии Исроил низ эътироф кардаанд, ки эътирозоти иқтисодӣ маъмулан бахши иҷроиро таҳти фишор қарор медиҳад, аммо ниҳодҳои ҳокимиятӣ бо пуштвонаи мардумӣ қодир ба ҳифзи субот ҳастанд. Дар Амрико низ муассисаи CTP ва дигар марокизи пажӯҳишӣ таъкид кардаанд, ки бо вуҷуди фишорҳои иқтисодӣ, инсиҷоми ниҳодҳои амниятиву низомии Эрон ҳифз шудаву эътирозоти ахир фоқиди созмондеҳии лозим барои эҷоди шикофи ҷиддӣ дар сохтори сиёсӣ аст. Ҳатто бархе расонаҳои наздик ба маҳофили амниятии Исроил ҳушдор додаанд, ки ҳимояти ошкори Ғарб аз муътаризон метавонад натиҷаи маъкус дошта бошад ва ҳамроҳии иҷтимоӣ бо эътирозотро коҳиш диҳад. Дар маҷмуъ, ин таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сиёсатҳои фишори хориҷӣ, аз таҳрим то амалиёти иттилоотӣ, натавониста аҳдофи мавриди назари Амрикову Исроилро муҳаққиқ кунад. Дар муқобил, сохтори иҷтимоӣ ва ниҳодии Эрон ҳамчунон тавони убур аз буҳронҳоро дораду бахши қобили таваҷҷуҳе аз ҷомеа, зимни интиқод аз мушкилоти иқтисодӣ, мудохилаи хориҷиро рад карда ва бар зарурати ислоҳоти дохилӣ таъкид дорад.