Ҷудо кардани ёрона барои зинда нигаҳ доштани хандаҳои кӯдакона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i122492-Ҷудо_кардани_ёрона_барои_зинда_нигаҳ_доштани_хандаҳои_кӯдакона
Вақте хандаву шодӣ ва ҷунбуҷӯши кӯдакона ва низ шӯри ҷавонӣ ҷои худро ба оҳи пирӣ медиҳаду ҷомеае, ки кӯдаконаш кам ва солмандонаш бисёранд, дар ҳар куҷо ки бошад, занги хатари ҷамъиятиро ба садо дармеоварад.
(last modified 2025-10-20T06:23:05+00:00 )
Октябр 20, 2025 11:23 Asia/Dushanbe

Вақте хандаву шодӣ ва ҷунбуҷӯши кӯдакона ва низ шӯри ҷавонӣ ҷои худро ба оҳи пирӣ медиҳаду ҷомеае, ки кӯдаконаш кам ва солмандонаш бисёранд, дар ҳар куҷо ки бошад, занги хатари ҷамъиятиро ба садо дармеоварад.

Ба гузориши Сервиси байналмилали Хабаргузории садо ва симо аз Лондон, тозатарин гузориши Маркази миллии омори Англия рушди ҷамъиятии ин кишварро 1. 1 дарсад эълом кард, ки нисбат ба панҷ соли пеш ним дарсад камтар шудааст. Шароите ки барои ояндаи Англия, ба вижа аз манзари иқтисодиву иҷтимоӣ ҳушдордиҳанда тавсиф шудааст.