Аҳдофи Амрико аз ташдиди танишҳо дар Амрикои Лотин чист?
-
Таниши физоянда байни Амрико ва Венесуэла
Порс-Тудей. Бо рӯи кор омадани дубораи Доналд Трамп Иёлоти Муттаҳида сиёсати ҷадидеро дар Амрикои Лотин дар пеш гирифтааст, ки мунҷар ба ташдиди танишҳо дар ин минтақа шудааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар ҳафтаҳои ахир бо ташдиди фишорҳои низомӣ бар Венесуэла, эътои кумаки молии 20 миллиарддолларӣ ба давлати Хавиер Милей дар Аргентина ва талош барои қатъи нуфузи Чин дар канали Панама, мавҷе аз таҳлилҳо дар бораи аҳдофи тозаи Вашингтон дар Амрикои Лотин ба роҳ андохтааст. Аҳдофи Амрико аз ин иқдомот дар Амрикои Лотин, ҳифзи нуфузи геополитикӣ, муқобила бо қудратҳои рақибе монанди Чину Русия ва таъмини манофеи иқтисодиву амниятии худ дар минтақа аст.
Яке аз меҳварҳои аслии ин сиёсат, фишор бар давлатҳои чапгаро монанди Венесуэла аст. Дар ин росто Венесуэла бори дигар ба саҳнаи аслии намоиши қудрат табдил шудааст. Эъзоми новҳои ҷангӣ ба дарёи Кароибу таҳримҳои шадид алайҳи давлати Николас Мадуро, бо ҳадафи тазъифи ҳукумату ҳимоят аз оппозитсюн сурат гирифтааст. Трамп дар ҳафтаҳои гузашта бо эъзоми новҳои ҷангӣ ба дарёи Кароиб талош карда то Венесуэларо зери фишори мустақими низомӣ қарор диҳад. Ин дар ҳолест, ки таҷрибаҳои мудохилагаронаи пешини Амрико дар Амрикои Лотин нишон дода, ки иқдомоти низомӣ ба нудрат ба суботи сиёсӣ мунҷар мешавад. Раиси ҷумҳурии Амрико бо иддаои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҷҳизоти низомии густардае шомили новшиканҳои мусаллаҳ ба мушакҳои ҳидоятшаванда, ҷангандаҳои Ф - 35, як зердарёии ҳастаӣ ва ҳудуди 6 ҳазору 500 неруи низомиро ба наздикии савоҳили Венесуэла дар дарёии Кароиб эъзом кардааст. Ҳамчунин ҳамалоти Амрико ба қоиқҳо дар дарёи Кароиб то кунун дастикам 32 кушта бар ҷой гузоштааст.
Аз сӯи дигар, таниш дар равобити Амрико ва Колумбия бо тавваҷуҳ ба иқдомоти таҳрикомези давлати Трамп рӯ ба афзоиш будаву ҳамалоти лафзии ду тараф шиддат гирифтааст. Дар ин росто, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳамтои колумбияии худ Густаво Петроро “тоҷири маводи мухаддир” номид ва Петро низ раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро “беадабу мутакаббир” хонд. Трамп якшанбе дар шабакаи иҷтимоии худ “Труси Сушел” аз Петро ба унвони фарде “бисёр номаҳбуб” дар Колумбия ном бурд, ки ба шиддат тавлиди густардаи маводи мухаддирро ташвиқ мекунад. Вай афзуд, аз имрӯз ҳама пардохтҳову ёронаҳо ба Колумбия қатъ мешавад. Раиси ҷумҳурии Колумбия низ дар шабакаи иҷтимоӣ ба иддаоҳои Трамп вокуниш нишон дод ва навишт: “Ман тоҷир нестам, чӣ бирасад ба инки тоҷири маводи мухаддир бошам”.
Петро афзуд, ки Трамп нисбат ба Колумбия беадабу мутакаббир буда ва тавассути мушовиронаш фиреби хӯрдааст.
Амрико пештар Колумбияро ба адами ҳамкорӣ дар муқобила бо тавлиди кокоин муттаҳам кард ва барои нахустин бор дар 30 соли гузашта Колумбияро ба феҳристи кишварҳое ки дар ҷанг бо маводи мухаддир ҳамкорӣ намекунанд, изофа кард. Дар пайи ин иқдом, Колумбия хариди силоҳ аз Иёлоти Муттаҳидаро мутаваққиф кард.
Ҳамзамон, давлати Трамп дар ҳоли баррасии тавофуқе барои поён додан ба ҳузури ширкатҳои чинӣ дар мудирияти бандарҳо ва масирҳои муртабит бо канали Панама аст. Ҳарчанд ин иқдом метавонад нуфузи Чинро дар масири ҳаётии канали Панама маҳдуд кунад, аммо эҳтимол дорад Пекин дар вокуниш сармоягузориҳои худро дар кишварҳои дигари минтақа, аз Эквадор то Чили афзоиш диҳад. Ба ин тартиб, Вашингтон вориди навъе рақобати геополитикии ҷадид бо Чин дар нимкураи ғарбӣ шудааст. Рақобате ки дар канори ҳимояти Амрико аз Тайван ва ҷанги тиҷорӣ бо Чин метавонад мунҷар ба шаклгирии ҷанги сард байни Вашингтон ва Пекин шавад. Амрикои Лотин ба далели мавқеияти стратегӣ, манобеи табиии ғанӣ ва наздикии ҷуғрофиёӣ ба Иёлоти Муттаҳида, ҳамвора дар авлавияти сиёсати хориҷии Вашингтон будааст. Дар солҳои ахир бо афзоиши нуфузи Чин дар зерсохтҳои калидие монанди канали Панама ва сармоягузориҳои густарда дар кишварҳои минтақа, Амрико талош карда бо иқдомоти низомӣ, иқтисодӣ ва дипломатӣ, ин равандро маҳор кунад. Ба назар мерасад аз манзари амниятӣ Амрико нигарони табдил шудани Амрикои Лотин ба пойгоҳи нуфузи низомӣ ва иттилоотии қудратҳои рақиб, ба хусус Чин аст. Ба ҳамин далел, бо тақвияти ҳузури низомӣ ва бастани қарордодҳои амниятӣ, саъй дорад контроли худро бар минтақа ҳифз кунад.
Аз сӯи дигар, давлати Трамп дар ростои ҳимоят аз руасои ҷумҳур ва режимҳои ростгарои тарафдори Вашингтон дар Амрикои Лотин, воми 20 миллиарддолларӣ ба давлати ростгарои Хавиер Милей дар Аргентина эъто кардааст, ки яке аз баҳсбарангезтарин тасмимоти ҳафтаҳои ахир будааст. Эътои ин кумаки молии ҳангуфт ба давлати Аргентина ва тақвияти равобит бо кишварҳои ҳампаймон, бахше аз роҳбурди Вашингтон барои эҷоди блоки муттаҳид дар баробари нуфузи хориҷӣ маҳсуб мешавад.
Ба назар мерасад сиёсати хориҷии Трамп дар Амрикои Лотин дар давраи дувуми раёсати ҷумҳурии Трампро метавон таркибе аз се унсури фишори низомӣ, нуфузи иқтисодӣ ва иттиҳоди идеологӣ донист. Ин таркиб ҳам ёдовари ҷоҳталабиҳои геополитикии даврони ҷанги сард ва ҳам нишонае аз шаклгирии назме тоза бо марказияти Вашингтон аст. Бо ин тафовут, ки дар асри ҷадид қудрати нарм ҷои худро ба намоиши урёни қудрат дар чорчӯби дипломатияи қоиқҳои тӯбдор додаасту демократия дигар на ҳадафи ниҳоии иддаоӣ, балки абзоре дар хидмати манофеи Амрико аст. Дар маҷмуъ, аҳдофи Амрико дар Амрикои Лотин шомили ҳифзи ҳижмунии минтақаӣ бо талош барои барандозии давлатҳои ғайриҳамсӯ монанди давлати Мадуро дар Венесуэла, ҷилавгирӣ аз густариши нуфузи Чину Русия, ҳимоят аз давлатҳои ҳамсӯ ва таъмини манофеи иқтисодиву амниятии баландмуддат аст. Ин иқдомот гарчӣ бо шиори демократия ва тавсеа сурат мегиранд, аммо дар амал бо ҳадафи тасбити қудрати Вашингтон дар ҳаёти хилвати суннатиаш, яъне Амрикои Лотин дар чорчӯби докторинаи Манро анҷом мешаванд.