Аҳдофи утоқи амалиёти муштараки Амрико ва Исроил дар Лубнон чист?
- 
					  Аҳдофи утоқи амалиёти муштараки Амрико ва Исроил дар Лубнон чист? 
Порс-Тудей. Ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон вориди марҳалаи ҷадиде шудааст.
Исроил бо нақзи оташбас, ҳамалоти ҷадидеро алайҳи Лубнон оғоз кардааст. Оташбас миёни Лубнон ва режими саҳюнистӣ ноябри 2024 баста шуда, аммо Тел-Авив борҳо онро нақз кардааст. Акнун даври тозаи ҷанг алайҳи Лубнон дар шароите оғоз шудааст, ки оташбаси шикананда дар Ғазза шакл гирифтааст. Артиши Исроил бо ҳамоҳангиву назорати мустақими афсарони амрикоӣ, ҳамалоти густардаеро алайҳи мавозеи Ҳизбуллоҳ анҷом медиҳад. Суол ин аст, ки аҳдофи утоқи амалиёти муштараки Амрикову Исроил алайҳи Лубнон чист?
Яке аз аҳдофи аслӣ фишор бар давлати Лубнон барои пайгирии халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ аст. Давлати Лубнон пеш аз ин мутааҳҳид шудааст, ки халъи силоҳи комили Ҳизбуллоҳро то поёни соли 2025 анҷом диҳад, мавзӯе ки бо мухолифату муқовимати шадиди Ҳизбуллоҳ мувоҷеҳ шудаву мақомоти он, аз ҷумла шайх Наим Қосим ба унвони дабири кул, борҳо эълом кардааст, ҳаргиз тан ба халъи силоҳ нахоҳанд дод. Нуктаи муҳим ин аст, ки ахиран ҳатто бархе шахсиятҳои аҳли суннат дар ҷаҳони араб низ бо халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ мухолифат карданд.
Аз ин рӯ, Исроил бо ҳимояту ҳамоҳангии Амрико бори дигар ҳамалот алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнонро аз сар гирифтааст.
Ҳадафи дигар, мамониат аз бозсозии тавони низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон аст. Режим нигарон аст, ки Ҳизбуллоҳ бо дар ихтиёр гирифтани фурсат, тавони низомии худро бозёбӣ кунад. Дар рӯзҳои ахир гузоришҳое низ дар ҳамин росто мунташир шудааст, мабнӣ бар инки Ҳизбуллоҳ дар ҳоли бозсозии тавони низомии худ аст ва қавитар аз гузашта ба муқобила бо Исроил идома хоҳад дод.
Бинобарин, режими Исроил аз роҳбурди интизор барои тавофуқи сиёсӣ фосила гирифта ва ба сиёсати “фишори низомии тадриҷӣ” барои таҳмили воқеиятҳои майдонии ҷадид рӯй овардааст.
Ҳадафи сеюми ин ҳамалот марбут ба шароити дохилии арозии ишғолӣ аст. Натанёҳу дар ҷанг алайҳи Ғазза ва бо вуҷуди наслкушӣ муваффақ нашуд аз роҳи низомӣ ба аҳдофи худ, ба хусус озодии асирони саҳюнист даст ёбад. Илова бар ин, аз байн бурдан ва ё халъи силоҳи Ҳамос низ муҳаққақ нашудааст.
Бар ин асос, фишори шадидеро аз ҷониби мухолифони дохилӣ ва ҳамчунин бархе аз муттаҳидонаш дар кабина таҳаммул мекунад ва ҳатто гузоришҳое низ дар заминаи эҳтимоли баргузории интихоботи зудҳангоми порлумонӣ мунташир шудааст.
Бархе назарсанҷиҳо низ ҳокӣ аз коҳиши эътимоди умумӣ ба ҳизби Ликуд ва ҳамчунин коҳиши шумори курсиҳои ин ҳизб дар порлумон аст.
Бинобарин, ҳамалоти ҷадид алайҳи Лубнон барои Натанёҳу масрафи дохилӣ низ дорад ва нахуствазири режими саҳюнистӣ саъй дорад бо ин ҳамалот, монеи ба хатар афтодани мавқеияти худ ва ҳизби Ликуд дар саҳнаи сиёсии ин режим шавад.
Як дипломати арабӣ ба рӯзномаи “Ал-Ҷумҳурия” гуфт, ангезаи аслии ин ташдиди ҳамалот, ҳадаф қарор додани Ҳизбуллоҳ ва халъи силоҳи он нест, балки далели он як мавзӯи дохилӣ дар Исроил, муртабит бо Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ин режим аст.
Пас аз оташбас дар Ғазза, масири муҳокимаи Натанёҳу беш аз пеш боз шудааст ва тамомии нишонаҳо аз маҳкуму зиндонӣ шудани ӯ ҳикоят дорад. Аз ин рӯ, Натанёҳу барои фирор аз муҳокима, ҷабҳаи низомии ҷадидеро боз кардаву баид нест ҳатто ҷанг алайҳи Лубнон густардатар шавад.
 
						 
						