Оё Илон Маск дар ҳоли муҳандисии афкори умумии Британия аст?
-
Самти рост: Илон Маск, сармоядори амрикоӣ. Самти чап: Киер Стармер, нахуствазири Британия
Порс-Тудей. Натоиҷи як таҳқиқи тоза дар Британия нишон медиҳад, шабакаи “Х” таҳти раҳбарии Илон Маск ба таври ҳадафманд муҳтавои ҷараёнҳои ростгаро ва ифротиро тақвият мекунад.
Таҳлили расонаии “Скай Нюс” нишон медиҳад, ки алгоритми шабакаи “Х”, ки пас аз харидории Твиттер тавассути Илон Маск, сармоядори амрикоӣ мудирият мешавад, ба шакли қобили таваҷҷуҳе мазомини муртабит бо ҷараёнҳои рости ифротиро дар маърази диди мухотабони бритониёӣ қарор медиҳад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, ин ёфтаҳо пас аз баррасии ҳазорон посту арзёбии наҳваи намоиши муҳтаво ба корбарони сохтагӣ, бо гароишҳои сиёсии мутафовит ба даст омадааст.
Таҳлилгарони “Скай Нюс” мегӯянд, робитае мустақим миёни наҳваи амалкарди алгоритм ва афзоиши қобили тавваҷуҳи муҳтавои сиёсии мавриди ҳимояти рости ифротӣ вуҷуд дорад ва ин раванд метавонад нишондиҳандаи инҳироф дар созукори намоиши паёмҳо ба корбарон бошад.
Шабакаи “Х”, ки пеш аз ин Твиттер ном дошт, аз замони моликияти Илон Маск бо тағйироти густарда дар сохтори дохилӣ, сиёсатгузории муҳтавоӣ ва наҳваи мудирият рӯ ба рӯ будааст. Маск бо шиори “Озодии баён” бахши қобили таваҷҷуҳе аз неруҳои масъули назорати муҳтавоиро ихроҷ кард ва кодҳои пешниҳодии алгоритмро ба сурати умумӣ мунташир кард, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки шаффофсозӣ дар ин замина танҳо зоҳирӣ аст ва алгоритми воқеии “Х” контролу дастрасии бесобиқае ба муҳтавои сиёсӣ ироа медиҳад.
Гузориши “Скай Нюс” нишон медиҳад, ки иҷрои ин сиёсатҳо ба афзоиши дида шудани паёмҳои муртабит бо ҷараёни рости ифротӣ ва ҳатто ҳисобҳои корбарии муртабит бо гуруҳҳое чун Лигаи дифои Британия мунҷар шудааст.
Бар пояи ин таҳқиқ, ҳисобҳои муртабит бо ҷараёнҳои рости сиёсӣ ва шахсиятҳое чун Томи Робинсон, ки пештар ба далели фаъолиятҳои зиддимуҳоҷиратӣ ва таҳрикомез таҳти пайгарди қазоӣ будааст, аз ҷойгоҳи барҷастае дар ҷараёни муҳтавои пешниҳодии корбарон баҳраманд шудаанд. Ҳатто корбароне ки дар дастаи бетараф қарор доштанд низ бо селе аз паёмҳои интиқодӣ нисбат ба муҳоҷирон, ақаллиятҳо ва аҳзоби мухолиф рӯ ба рӯ шудаанд.
Гузориши мазкур мегӯяд, ин ҳаҷми боло аз бознашри муҳтавои хос дар муддат замони бисёр кӯтоҳ, нишонае аз авлавиятбахшии алгоритм ба паёмҳои эҳсосӣ ва дуқутбисоз аст; паёмҳое ки дар фазои сиёсии Британия ба нафъи ҷараёнҳои хос амал мекунанд.
Ин мавзуъ ҳамзамон бо ҳузури видеои баҳсбарангези Илон Маск дар таҷаммуе таҳти раҳбарии Томи Робинсон дар Лондон шиддати бештаре гирифтааст. Ин таҷаммуъ бо унвони “Иттиҳод барои подшоҳӣ” дар миёнаи сентябр ва бо ҳузури ҳазорон нафар дар наздикии порлумон баргузор шуд. Ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ ба сиёсатҳои давлат дар бораи муҳоҷират эътироз доштанд ва бо шиорҳои тунд зидди давлат, аз лузуми тағйири сохтори сиёсӣ сухан гуфтанд. Маск дар суханронии видеоии худ, ки рӯи пардаи бузурге дар баробари ҷамъият намоиш дода шуд, ошкоро гуфт: Ё муқобила кунед ё мемиред.
Маск ҳамчунин хостори барҳамдиҳии порлумон ва муддаӣ шуд, муҳоҷирати контролнашуда дар ҳоли нобуд кардани кишвар аст.
Ин изҳорот бо вокунишҳои тунди сиёсиюни чап ва миёнаи Британия мувоҷеҳ шуд, ки онро хатарнок ва вуруди мустақим ба сиёсати дохилии як кишвари мустақил тавсиф карданд.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки Маск пештар низ бо истифода аз шабакаи “Х” ба ҳимояти таблиғотӣ аз Томи Робинсон пардохта ва ҳатто бино бар бархе гузоришҳои таъйиднашуда, бахше аз ҳазинаҳои ҳуқуқии ӯро тақаббул кардааст. Ҳамчунин дар моҳҳои гузашта робитаи наздики миёни Маск ва Найҷел Фараҷ, раҳбари ҳизби ростгарои Ислоҳ дар Британия ва яке аз чеҳраҳои аслии корзори Брекзит дар гузашта, мавзӯи баҳс дар маҳофили сиёсӣ будааст.
Фараҷ дар чандин мусоҳибаи расонаӣ бо ишора ба иртиботи худ бо Маск, моликияти “Х”-ро бахше аз набарди ҷаҳонӣ алайҳи сонсур тавсиф ва расонаҳои расмиро муттаҳам кардааст, ки “садои аксарияти нигарони Британия”-ро нодида мегиранд. Гумоназаниҳо дар бораи ҳимояти молии Маск аз ҳизби Ислоҳ низ тайи моҳҳои ахир шиддат гирифтааст, аммо то кунун ҳеҷ як аз тарафайн ба сурати расмӣ онро таъйид накардаанд.
Чеҳраҳои сиёсии чапгарои Британия бо сароҳати бештаре нисбат ба равандҳои ахир ҳушдор додаанд. Эд Милибенд, вазири энержии давлати Британия дар конгресси солонаи ҳизби Коргар Маскро таҳдиде барои саломати гуфтугӯи демократӣ хонд ва аз ӯ хост, аз сиёсати дохилии Британия фосила бигирад. Эд Деви, раҳбари ҳизби Либерал-демократ низ аз дахолати бемуҳобои Маск ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст: “Набояд иҷоза дод як фарди сарватманду бегона қавоиди бозии сиёсӣ дар кишвари моро дикта кунад”.
Киер Стармер, нахуствазири Британия ҳам дар вокуниш ба ҳузуру изҳороти ҷанҷолии Илон Маск дар таҷаммуи “Иттиҳод барои подшоҳӣ” истифодаи сиёсӣ аз намодҳои миллӣ ва таҳдид ба хушунат дар фазои умумиро хатарноку ғайриқобилии қабул хонд ва ҳушдор дод, ки парчами ин кишвар набояд ба абзоре барои тарсондани ақаллиятҳо ё тафриқаафкании сиёсӣ бадал шавад.
Бо вуҷуди ин, давлати ӯ то кунун ҳеҷ иқдоми амалӣ ё қонунии мушаххасе дар қиболи нақшу нуфузи рӯзафзуни Маск дар фазои сиёсии Британия иттихоз накарда ва ин интиқодот сирфан дар қолаби мавозеи расонаӣ ва порлумонӣ матраҳ шудааст.