Таҳлилгари чинӣ: Паёмади таҳримҳои Амрико алайҳи Эррон, афзоиши тақобул аст
-
Таҳлилгари чинӣ: Паёмади таҳримҳои Амрико алайҳи Эррон, афзоиши тақобул аст
Порс Тудей- Як таҳлилгари чинӣ дар вокуниш ба иқдомоти Вашингтон алайҳи Теҳрон таъкид кард, ки вазъияти кунунӣ дар парвандаи ҳастаии Эрон натиҷаи мустақими хурӯҷи Амрико аз БарҶом аст ва таҳримҳои ҷадиди Вашигтон фақат бар печидагиҳои ин мавзӯъ меафзояд.
Дар мавриди таҳримҳои ИМА алайҳи ширкатҳои чинӣ, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекарданд, Ли Хайдун рӯзи панҷшанбе ба Global Times гуфт: "Ин таҳримҳо як мисоли дигари "салоҳияти яктарафа ва фаромарзӣ"-и Вашингтон мебошанд, ки ба манфиатҳои тиҷоратии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар мерасонанд."
Ин суханон дар ҳоле садо доданд, ки Вазорати молияи ИМА рӯзи чоршанбе эълон кард, ки Вашингтон 32 нафар ва шахсони ҳуқуқиро, ки дар Эрон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳонконг, Ҳиндустон, Олмон ва Украина ҷойгиранд ва шабакаҳои сершуморро барои дастгирии Эрон роҳбарӣ мекунанд, ҳадаф қарор додааст.
Ли гуфт, ки салоҳияти фаромарзии ИМА ба таври нодуруст фаъолияти муқаррарии тиҷоратии бисёр ширкатҳоро ҳадаф қарор додааст ва афзуд: "Оқибати таҳримҳои яктарафа муқовимати афзоянда аст."
Коршиноси чинӣ минбаъд изҳор дошт: "Ин таҳримҳо на танҳо нигарониҳоеро, ки ИМА иддао дорад, ҳал намекунанд, балки дар асл мушкилотеро, ки Вашингтон умедвор аст аз онҳо канорагирӣ кунад, зиёд мекунанд."
Дар ҳамин замина, Лу Сян, муҳаққиқи Академияи илмҳои иҷтимоии Чин, низ бар он назар аст, ки таҳримҳои Вашингтон бар асоси маълумоти норавшан ҷорӣ карда шудаанд ва дар бораи субъектҳои мавриди ҳадаф, фаъолиятҳои эҳтимолии онҳо ё намуди қонуншиканиҳо шарҳи мушаххасе дода нашудааст.
Ли бо изҳори он ки решаи мушкилот дар парвандаи ҳастаии Эрон дар хуруҷи якҷонибаи ИМА аз созишномаи ҳастаӣ,мавсум ба барномаи ҷомеъи иқдомоти муштараки БарҶом. нуҳуфтааст, афзӯд: "Агар Вашингтон воқеан дар бораи амнияти минтақавӣ нигарон бошад, бояд ташаббус нишон диҳад ва ба чаҳорчӯбаи бисёрҷониба ва ҷиддии БарҶом баргардад ва ихтилофҳоро тавассути муколима ҳал кунад." Аммо, дар ҳоле ки ИМА ҳанӯз ба созишнома барнагаштааст, ҷорӣ кардани таҳримҳои фаромарзӣ ба субъектҳо ва афрод, аз ҷумла дар Чин, танҳо танишҳоро шадидтар мекунад ва ба ҳалли вазъияти кунунӣ мусоидат намекунад.
Чин муддати тӯлонӣ мухолифати қатъии худро ба таҳримҳои фаромарзии ИМА эълон кардааст.
Моҳи гузашта, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, Го Ҷянкан, дар посух ба таҳримҳои ИМА алайҳи беш аз 50 нафар, ширкатҳо ва киштиҳои муттаҳам ба иштирок дар содироти нафт ва гази моеъи Эрон, аз ҷумла як ширкати чинӣ, таъкид кард, ки Пекин бо таҳримҳои яктарафа ва ғайриқонуние, ки асоси қонунҳои байналмилалӣ ё иҷозатномаи Шӯрои Амният надоранд, мухолифат мекунад.