Ғарби Африқо ҷавлонгоҳи ҷадиди Алқоида
Ноябр 17, 2025 10:47 Asia/Dushanbe
Бо идомаи муҳосираи иқтисодии Бомако - пойтахти Моли, хатари густариши Алқоида ба Ғарби Африқо афзун шудааст.
Ба гузориши сервиси байналмилали Хабаргузории садо ва симо аз Абиҷон, пойтахти ҷумҳурии Моли ҳамчунон таҳти муҳосираи иқтисодии гуруҳҳои Алқоида қарор дорад. Гуруҳи мавсум ба Ҷамоати нусратул ислом вал муслимини вобаста ба Алқоида, аз вуруди танкерҳои сӯхтрасонӣ ба Бомако ҷилавгирӣ мекунад ва зиндагии иқтисодиву иҷтимоии мардум дар ин шаҳрро фалаҷ кардааст.