Иқтисоди Англия зерибори сангинтарин молиётҳо аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум
-
Иқтисоди Англия зерибори сангинтарин молиётҳо аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум
Порс Тудей- Назарсанҷии тоза аз мудирони ширкатҳои бузург дар Англия нишон медиҳад будҷаи тирамоҳии давлат натанҳо эътимоди ширкатҳоро коҳиш дода балки бисёре аз онҳоро водор кардааст барномаҳои истихдомии худро мутавақиф ё кучик кунанд.
Назарсанҷии 500 директори генералии Британияи Кабир нишон медиҳад, ки ширкатҳо пас аз буҷаи тирамоҳӣ нақшаҳои киро кардани худро аз нав дида мебароянд ва нисфи онҳо нақша доранд, ки нисбат ба нақшаи аввала камтар кормандони навро киро кунанд. Тибқи иттилои Pars Today бо истинод ба Fars, ин назарсанҷӣ, ки аз ҷониби WPI Strategy ва Merlin Strategy гузаронида шудааст, вокуниши фаврии бахши хусусиро ба сиёсати нави ҳукумат инъикос мекунад.
Ҳарчанд буҷаи имсола ягон андози нави мақсадноки мустақим ба корфармоёнро дар бар нагирифтааст, як қатор қарорҳои ҳукумат ба таври ғайримустақим ба қудрати молиявии ширкатҳо фишор овардаанд, тибқи иттилои Independent. Дар гузориш гуфта мешавад, ки тамдиди се соли остонаҳои андози даромади муқарраршуда, афзоиши музди меҳнати ҳадди ақал аз моҳи апрел ва ҷорӣ кардани "андози изофӣ" ба амволи тиҷоратии дорои арзиши беш аз 500,000 фунт стерлинг, аз ҷумла мағозаҳои шабакавӣ, ҳамаи чораҳое мебошанд, ки ба андешаи коршиносон, хароҷоти ширкатҳоро афзоиш медиҳанд ва имкониятҳои рушдро маҳдуд мекунанд.
Тибқи натоичи назарсанҷӣ, 47% дарсад аз мудирон гуфтаанд, ки нигоҳ доштани остонаҳои андоз то соли 2031 барои ширкатҳо ва кормандон зараровартарин хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, 45% пурсидашудагон боварӣ доштанд, ки ин қарор барои афзоиши даромади давлатӣ асоснок аст. Ҳукумати Британияи Кабир иддао дорад, ки ин тадбир то соли 2030 барои Хазинаи Британияи Кабир тақрибан 7,6 миллиард фунт стерлинг даромад ба даст меорад.
Тибқи ин назарсанҷӣ, 56% дарсад мудирон мутақидан , ки беҳтар мебуд, ки ҳукумат танҳо андози даромадро боло мебурд ва дигар андозҳоро бидуни тағир мегузошт. Аммо, ду се ҳиссаи мудирони ширкат кунанда дар назарсанҷиҳо ҳамчунонт нигарон ҳастанд , ки дар ояндаи наздик афзоиши минбаъдаи андоз онҳоро ҳадаф қарор медиҳад.
Мартин Бек, сариқтисоддони WPI Strategy, гуфт, ки натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки "буҷаи нав на танҳо муҳаррики рушдро ба кор андохта натавонист, балки эътимоди тиҷоратро низ беҳтар накардааст." Ӯ таъкид кард, ки ширкатҳо барои сармоягузорӣ, густариш ва ҷалби кормандон ба итминони бештар дар бораи дурнамои иқтисодӣ ниёз доранд.
Буҷаи баҳсбарангези тирамоҳӣ дар ҳоле ба амал омад, ки иқтисоди Британияи Кабир бо сустшавии афзоиш, фишори бӯҳрон ва бори гарони андоз аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рӯбарӯ аст, ки дурнамои бозори меҳнатро нисбат ба ҳарвақта номуайянтар мекунад.