Оё арзишҳои ҳуқуқи башарии Аврупо қурбонии манофеъи геополитикӣ шудаанд?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123288-Оё_арзишҳои_ҳуқуқи_башарии_Аврупо_қурбонии_манофеъи_геополитикӣ_шудаанд
Порс Тудей - Гуруҳе аз намояндагони порлумони Аврупо дар номае камсобиқа хитоб ба  Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, поёни ҳамдастии Иттиҳодияи Аврупо дар наслкушии мардуми Фаластинро хостор шуданд.
(last modified 2025-12-10T09:07:14+00:00 )
Декабр 07, 2025 11:57 Asia/Dushanbe
  • Оё арзишҳои ҳуқуқи башарии Аврупо қурбонии манофеъи геополитикӣ шудаанд?

Порс Тудей - Гуруҳе аз намояндагони порлумони Аврупо дар номае камсобиқа хитоб ба  Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, поёни ҳамдастии Иттиҳодияи Аврупо дар наслкушии мардуми Фаластинро хостор шуданд.

Гуруҳе аз намояндагони порлумони аврупо номае бо унвони «Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамдастии худ дар наслкушӣ алайҳи мардуми Фаластин поён диҳед», мунташир карданд.

Дар ин нома хитоб ба Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо омадааст: «Пас аз 789 рӯз наслкушӣ ва 58 сол ишғоли ғайриқонӯнӣ, мо муътақидем, ки порлумони Аврупо бояд паёми равшане ирсол кунад, Аврупо наметавонад ба ҳамдастии худ идома диҳад.

Ин мавзеъгирии намояндагони аҳзоби сабз, чап ва сотсиал демократ ва ҳамчунин афроде, аз ҷумлаи Jaume Asens, Melissa Camara, Mark Butenga, Irene Monteroва Cecilia Estrada, бозтобе аз ихтилофи даруни Аврупо миёни арзишҳои эъломӣ дар ҳавзае ҳуқуқи башару амалкарди воқеӣ дар майдони сиёсати хориҷӣ аст.

Қонӯнгузорони аврупоӣ дар ин нома, хостори таълиқи тавофуқи ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо ва Исроил, иҷрои таҳрими таслеҳотӣ, эҳтиром ба аҳкоми Девони байналмилалии додгустарӣ (ICJ ), Девони байналмилалии кайфарӣ (ICC) ва низ муҳофизат аз ниҳодҳои ҳуқуқи башарии фаластинӣ шудаанд.

Номаи намояндагони порлумони Аврупо пижвоке аз ҳамон ҳушдорҳое аст, ки солҳо аз сӯи андешкадаҳои аврупоӣ монанди Шӯрои равобити хориҷии Аврупо (ECFR) ва Chatham House матраҳ шудааст. Ин андешкадаҳо борҳои истимрори ҳимояти давлатҳои аврупоӣ аз Исроилро нақзи ошкори усӯли маншури Иттиҳодияи Аврупо дар боби ҳуқуқи башар дониста ва мӯҷиби тазъифи ҷойгоҳи ахлоқӣ ва эътибори геополитикии Аврупо дар сатҳи байналмилалӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, воқеияти майдонӣ аз шиддати фоҷеъаи инсонӣ дар Фаластин сухан мегуяд. Бино бар гузориши дафтари ҳамоҳангии умӯри башардӯстонаи Созмони милал (OCHA) танҳо дар фосилаи 25 ноябр то якум декабр, чаҳор фаластинӣ, аз ҷумла як кӯдак дар Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расиданду шумори кулли қурбониёни фаластинӣ дар ин минтақа тайи соли ҷорӣ ба 227 нафар расидааст. Наздик ба ниме аз ин қурбониён дар шаҳрҳои Ҷанину Наблос кушта шудаанд; манотиқе, ки тайи моҳҳои гузашта ба конӯни аслии ҳамалоти низомӣ ва юришҳои шаҳракнишинон ҷинояткору одамкуши исроилӣ бадал шудаанд.

Stephane Dujarric, сухангӯи дабири кули Созмони милал, дар нишасти хабарӣ тасреҳ кард, шаҳракнишинони исроилӣ ба таври миёнгин рӯзона панҷ ҳамла алайҳи фаластиниён анҷом додаанд ва аз ибтидои сол токунӯн беш аз 1680 ҳамла дар беш аз 270 нуқта аз Каронаи Бохтарӣ сабт шудааст. Вай таъкид кард, ки Исроил бар асоси қавонини байналмилалӣ муваззаф аст аз ғайринизомиён муҳофизат кунад, аммо шавоҳиди мавҷӯд нишон медиҳад, ки на танҳо дар ин вазифа ноком монда, балки ба шакли систематик дар ҳоли тағйири бофти ҷамъиятии манотиқи ишғолӣ аст.

Дар Ғазза низ тасвири мушобеҳе аз вайронӣ ва ранҷи инсонӣ дида мешавад. Агарчӣ режими ҷаълии Исроилу ҷунбиши Ҳамос дар авосити октябр тавофуқи оташбасу табодули усароро эълом карданд, аммо гузоришҳо ҳокӣ аз тадовуми бомбаборону тахриби сохтумонҳои боқимонда дар Ғазза аст. Аз замони иҷрои оташбас токунӯн, беш аз 774 ҳазор мавриди оворагии ҷадид сабт шуда ва танҳо дар як ҳафтаи гузашта беш аз 20 ҳазор нафари дигар ба далели сел, бомбаборону ноамнӣ ночор ба тарки маҳали искони худ шудаанд. Ин оморҳо, ба гуфтаи коршиносони андешкедаи International Crisis Group, нишонгари «тадовуми сохтори ҷанге даруни оташбас» аст; вазъияте, ки амалан ба маънои идомаи ҷанг бо абзорҳои маҳдӯдтар, аммо паёмадҳои инсонии густардатар аст.

Таҳлилгарон Carnegie Аврупо ва Bruegel муътақиданд, ки мавзеи инфеъолии Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи ин буҳрон, натиҷаи вобастагиҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ ба Исроилу Иёлоти муттаҳида аст. Маркази ҳуқуқи башари Донишгоҳи Оксфорд дар гузорише дар моҳи ноябр ҳушдор дод, ки Иттиҳодияи Аврупо, аз тариқи тадовуми содироти таслеҳот ё таъмини фанновариҳои дукорбурдӣ барои Исроил, «дар маърази хатари нақзи масъӯлияти байналмилалӣ дар қиболи ҷинояту наслкушӣ» қарор дорад. Чунин мавзеъгириҳое ба гуфтаи профессор Fiona de Landes аз донишгоҳи Leiden, баёнгари «фосилаи ахлоқии рӯ ба густариш миёни гуфтумони ҳуқуқи башарии Аврупо ва амалкарди сиёсии он» аст.

Аз сӯи дигар, буҳрони инсонӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза танҳо дар ҳавзаи талафоти инсонӣ хулоса намешавад. Гузориши OCHA  таъйид мекунад, ки дар натиҷаи амалиётҳои низомии ахир, беш аз 95 ҳазор фаластинӣ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ овора шудаанду дастикам 17 ҳазор нафар аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ маҳрӯм мондаанд. Зерсохтҳои ҳаётӣ, аз ҷумлаи шабакаи фозилобу барқ, ба шиддат осеб дида ва мадорис дар манотиқи Ҷанину Тубос ба ҳолати таътил даромадаанд. Ба гуфтаи пажӯҳишгарони андешкадаи Al - Shabaka, ин вазъият бахше аз « стратегияи кантроли тадриҷӣ»-и Исроил барои тазъифи бофти иҷтимоии фаластиниёну тасҳили раванди илҳоқи ғайрирасмии арозӣ аст.

Дар ҷамъбандӣ, номаи қонӯнгузорони аврупоиро метавон як баёнияи ахлоқӣ дар баробари сукути давлатҳои аврупоӣ дар қиболи ҷиноёту наслкушии фаластиниён тавассути режими саҳюнистӣ донист; сукуте, ки ба гуфтаи Natasha Lennard дар маҷаллаи The Intercept, худ навъе ҳамдастӣ дар ҷиноят аст. Акнӯн, пас аз ду соли ҷанг, миллионҳо овора, ҳазорон кушта ва тахриби густарда, пурсиши аслӣ ин аст, ки оё Иттиҳодияи Аврупо саранҷоми миёни «арзишҳо» ва «манофеъ», якеро интихоб хоҳад кард ё ҳамчунон дар мадори сиёсати дугонаи муддаии ҳуқуқи башар дар Украина ва нозири хомӯш дар Фаластин боқӣ мемонад?