Корбарони Х | Таҳрим шикаст, қатори эронӣ ба ҳаракат даромад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123344-Корбарони_Х_Таҳрим_шикаст_қатори_эронӣ_ба_ҳаракат_даромад
Порс тудей- Хабари сохти «Қатори миллии метро» бо дониши дохилӣ сабаб шудааст то корбарони хориҷӣ тавонмадӣ ва азми муҳандисони эрониро таҳсин кунанад.
(last modified 2025-12-10T09:53:47+00:00 )
Декабр 10, 2025 14:52 Asia/Dushanbe
  • Корбарони Х | Таҳрим шикаст, қатори эронӣ ба ҳаракат даромад
    Корбарони Х | Таҳрим шикаст, қатори эронӣ ба ҳаракат даромад

Порс тудей- Хабари сохти «Қатори миллии метро» бо дониши дохилӣ сабаб шудааст то корбарони хориҷӣ тавонмадӣ ва азми муҳандисони эрониро таҳсин кунанад.

Корбарони хориҷӣ дар фазои маҷозӣ  таъкид мекунанд, ки истеҳсол ва сохтани якчанд рамҳои қатораи миллӣ нишон диҳандаи истеъдод  ва азми эрониҳоро барои мағлуб кардани таҳримҳо ва ба даст овардани худкифоии миллӣ нишон медиҳад. Ба гузоришии Порс Тудей бо истинод ба Форс, лоиҳаи "Қатори миллии метро" бо ҳамкорӣ бо 25 ширкати донишманд ва чор ширкати бузурги саноатӣ марҳилаҳои пурраи истеҳсоли рамҳои миллии қатораро аз тарҳи аввалия то татбиқ дар дохили марзҳои Эрон амалӣ кардааст.

Корбарони хориҷӣ инро "пирӯзии бузурги муҳандисии Эрон" ва нишонаи шикасти таҳримҳои Амрико ва Ғарб алайҳи ин кишвар медонанд.

Дар идома теъдоде аз назароти корбарони хориҷӣ дар ин бора омадааст:

Қатораҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишин, мушакҳои гиперсадоӣ. Дигар чӣ корҳое мондааст, ки Эрон натавонад анҷом диҳад?
Эрон дар як сатҳи дигар аст
Иқдоми бузурги Эрон барои сохтани қатораҳои метро дар маҳал истиқлолияти воқеии технологӣ нишон медиҳад. Қадам ба қадам, коҳиш додани вобастагӣ аз воридот иқтисодиёт ва устувории миллиро тақвият медиҳад. Ин аст, ки миллатҳо чӣ гуна рушд мекунанд: бо эътимод ба муҳандисони худ, на таъминкунандагони хориҷӣ...
Даҳ сола кори муҳандисии сабурона ва хаста кунанда ногаҳон монанди як муваффақияти як шаба ба назар мерасад.
Подзаҳри таҳрим, худтаъминкунӣ аст. Хуб маълум аст. Кори Эрон олӣ буд.
Эрониён донотарин ва дорои сатҳи баланди зеҳнӣ ҳастанд. Барои эрониҳо сохтани қатораҳои метро ва чизҳои ба ин монанд хеле осон аст, аммо бо сабаби таҳримҳои шадиди ҷаҳон нисбат ба Эрон, ҳамаи ин вақтро талаб мекунад.