Ахбор |Ироқчӣ : Амрикои қобили эътимод нест/ Эътирозоти зиддиамрикоии саросарӣ дар Венесуэла
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123396-Ахбор_Ироқчӣ_Амрикои_қобили_эътимод_нест_Эътирозоти_зиддиамрикоии_саросарӣ_дар_Венесуэла
Порс Тудей- Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки ҳеҷ вақт ба Амрико ба унвони як музокиракунандаи содиқ эътимод накардаем.
(last modified 2025-12-14T08:09:25+00:00 )
Декабр 14, 2025 12:49 Asia/Dushanbe
  • Ахбор |Ироқчӣ : Амрикои қобили эътимод нест/ Эътирозоти зиддиамрикоии саросарӣ дар Венесуэла

Порс Тудей- Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки ҳеҷ вақт ба Амрико ба унвони як музокиракунандаи содиқ эътимод накардаем.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал-Ҷазира, ки шомгоҳи шанбе мунташир шуд, изҳор кард: Мо хоҳони ҷанг нестем, балки хоҳони ҳалли масоил аз тариқи дипломатия ҳастем.

Ба гузориши Порс Тудей, вай афзуд: Ҳеҷ вақт ба Амрико ба унвони як музокиракунандаи содиқ эътимод накардаем, Амрико дар ҳеҷ чизе содиқ набудааст ва ба назари ман ҳеҷ касе наметавонад ба Амрико эътимод кунад.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи Ал-Ҷазира, ки шомгоҳи шанбе мунташир шуд, изҳор кард: Мо хоҳони ҷанг нестем, балки хоҳони ҳалли масоил аз тариқи дипломатия ҳастем. Ба гузориши Порс Тудей, вай афзуд: Ҳеҷ вақт ба Амрико ба унвони як музокиракунандаи содиқ эътимод накардаем, Амрико дар ҳеҷ чизе содиқ набудааст ва ба назари ман ҳеҷ касе наметавонад ба Амрико эътимод кунад.

Ироқчӣ ҳамчунин дар посух ба суоле дар бораи эҳтимоли ҳамлаи дубораи режими саҳюнистӣ ба Эрон гуфт: Мо ҳам зиёд мешунавем, ки режими Исроил мумкин аст, ки муҷаддадан даст ба ҳамла бизанад. Ҷанги равонӣ бахше аз ҷанги воқеӣ аст ва ин албатта ба он маънӣ нест, ки мо эҳтимоли ҷангро нодида мегирем, мо омодагии комил дорем; нерӯҳои мусаллаҳи мо ва мардуми мо омодагии дифоъ аз кишварро дар ҳар шароите доранд.

Словакия хостори аз саргирии равобит бо Русия

Хабари дигар инки Роберт Фитсо, нахуствазири Словакия бо баёни инки Вазорати хориҷаи кишвараш хоҳони аз саргирии ҳарчи сареътари фаъолияти комиссияҳои муштараки иқтисодӣ бо Маскав аст, таъкид кард: Мо ҳамеша аз эҳёи равобит бо Русия ҳимоят кардаем ва ҳамчунон ба ин кор идома хоҳем дод. Вай афзуд: Ба маҳзи поёни ҷанг дар Украина, ҳамаи кишварҳои ғарбӣ барои барқарории муҷаддади равобит бо Русия шитоб хоҳанд кард.

Кушта шудани 10 ҳазор низомии ғайриукраинӣ дар ҷанги Украина

Дар ҳамин замина, Василий Прозоров, афсари собиқи хадамоти амниятии Украина дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфт: Беш аз як легиони хориҷӣ дар Украина вуҷуд дорад. Як легиони хориҷии вобаста ба иттилооти низомии Украина ва як легиони хориҷии нерӯҳои заминӣ вуҷуд дорад, ки дар воҳидҳои мухталиф, аз ҷумла бригадаҳои механиконидашуда ва воҳидҳои ҳамлаи десантӣ, пароканда шудаанд. Теъдоди онҳо зиёд аст ва баровард мешавад, ки 10 ҳазор нафар аз онҳо кушта шудаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аз ҳузури густардаи нерӯҳое аз кишварҳои узви Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО), манотиқи ҷудошуда аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва ҳатто кишварҳои арабӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина дорад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон: Ба бонувони муқовимат ифтихор мекунам

Аз меҳвари муқовимат ҳам хабар мерасад, шайх Наим Қосим, дабири кулли ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне дар маросими таҷаммӯи фотимӣ воҳиди занони ин ҷунбиш дар Зоҳияи ҷануби Байрут, Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), духтари Паёмбари исломро улгӯи занони ҷаҳон донист ва гуфт: Ба занони муқовимат, духтарон, модарон, ҳамсарон ва ҳамаи бонувоне, ки дар ҷомеаи мо зиндагӣ мекунанд, ифтихор мекунам. Шумо парчамдори иззат, ахлоқ, меҳанпарастӣ ва пешгомони тарбияти наслҳои оянда бар асоси пойдорӣ ва роҳи дуруст ҳастед; занон бояд дар ҳамаи арсаҳо, ба вижа дар амри тарбияти хонавода ва ҳимоят аз муқовимат саромад бошанд.

Эътирозҳои саросарӣ дар Венесуэла алайҳи иқдомоти Амрико дар минтақаи Кариб

Дар идомаи бӯҳрони Вашингтон ва Каракас, ҳазорон венесуэлаӣ рӯзи шанбе дар манотиқи мухталифи ин кишвар бо баргузории таҷаммӯоти эътирозӣ, иқдомоти Амрикоро дар минтақаи Карибро маҳкум карданд. Муътаризон бо ҳузур дар хиёбонҳо, шиорҳое алайҳи сиёсатҳо ва иқдомоти Амрико, ки ба гуфтаи онон таҳдиде алайҳи ҳокимияти миллии Венесуэла ва дарбаргирандаи истиқрори нерӯи низомӣ дар минтақа аст, сар доданд.