Январ 22, 2017 19:14 Asia/Dushanbe
  • Замзамаҳои барҳамхурии Шӯрои олии сулҳи Афғонистон пас аз даргузашти Гелонӣ

Пас аз даргузашти раиси собиқи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, муовини дуввуми парлумони ин кишвар эълом кард, ки далеле барои идомаи кори ин шӯро вуҷуд надорад ва бояд барҳам хурад.

Пас аз марги Пирсайид Аҳмади Гелонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, Неъматуллоҳ Ғаффорӣ, муовини дуввуми парлумони Афғонистон изҳор дошт, ки бо тавваҷуҳ ба андак будани дастовардҳои Шӯрои олии сулҳи ин кишвар, беҳтар аст то ин шӯро барҳам хурад.

Вай ба радиои Озодӣ гуфт, ки даргузашти Гелонӣ талафоте аст ва дар айни ҳол бо тавваҷуҳ ба ҳазинаҳои зиёди Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва дастоварди ками он, зарурате барои идомаи кори ин шӯро вуҷуд надорад.

Пирсайид Аҳмади Гелонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон шаби гузашта бар асари беморӣ дар синни 84 -солагӣ даргузашт.

Пас аз ин ҳодиса, Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон бо судури паёми таслиятие гуфт, ки раиси собиқи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон фарде муътадил буду пас аз шикасти Шӯравӣ, зиндагии сулҳомезеро дар пеш гирифту барои иттиҳоду ободонии ин кишвар талош кард.

Раиси иҷроии Афғонистон низ бо мусбату созанда хондани нақши Сайид Аҳмади Гелонӣ дар давраҳои мухталиф ва сарнавиштсози ин кишвар эълом кард, ки вай дар равандҳои сиёсии муҳим дар ин кишвар таъсиргузории маънавиву солим дошт.

Пирсаид Аҳмади Гелонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон шаби гузашта дар синни 84 -солагӣ дар бемористони Ғозӣ Амонуллоҳхон дар Кобул даргузашт.

 

Барчасп