Чеҳраи донишгоҳии фаронсавӣ - тунисӣ: Сардор Сулаймонӣ шахсияти калидии меҳвари муқовимат буд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123560-Чеҳраи_донишгоҳии_фаронсавӣ_тунисӣ_Сардор_Сулаймонӣ_шахсияти_калидии_меҳвари_муқовимат_буд
Порс Тудей - Чеҳраи донишгоҳии фаронсавӣ - тунисӣ гуфт, сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, роҳбурди муқовиматро дар баробари империализми амрикоӣ - саҳюнистӣ бунён ниҳод.
(last modified 2025-12-24T09:28:48+00:00 )
Декабр 24, 2025 14:27 Asia/Dushanbe
  • Сардори сипаҳбади шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ
    Сардори сипаҳбади шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ

Порс Тудей - Чеҳраи донишгоҳии фаронсавӣ - тунисӣ гуфт, сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, роҳбурди муқовиматро дар баробари империализми амрикоӣ - саҳюнистӣ бунён ниҳод.

Имод Ҳамрунӣ, устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили байналмилал, дар бораи шахсияти сардори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ гуфт: Ин сардори эронӣ тавонист неруҳои инқилобии минтақа ва фаротар аз онро барои кумак ба миллатҳои мазлӯму озодсозии онон аз империализми амрикоӣ–саҳюнистӣ басиҷ кунад.

Ба гузориши Порс Тудей, Ҳамрунӣ сардор Сулаймониро «шахсияти калидии меҳвари муқовимат» хонду афзуд, ӯ медонист чигуна неруҳои низомӣ ва иттилоотии ғарбиро ба муқобила бикашанду роҳбурди муқовиматиро бунён бигузорад, ки бо қудрат дар масири озодии Афғонистон, Ироқ, Лубнон, Сурия, Яман ва бавижа Фаластини ишғолӣ гом бардорад.

Вай таъкид кард, сардори шаҳид Сулаймонӣ шахсияте барҷаста дар исломи инқилобӣ буд, ки тавонист ба ҳамроҳи ҳамразмонаш дар марҳалаи нахуст аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят кунад ва сипас набарди озодсозии Қудсу Фаластинро оғоз намояд.

Вай хотирнишон кард, муборизоти Қудс то дастёбӣ ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне озодсозии қарибулвуқуъи Байтулмуқаддас идома хоҳад ёфт.

Ӯ сардор Сулаймониро фарде бо арзишҳои волои маънавӣ донист, ки мавриди алоқа ва эҳтироми ҳамразмонаш, миллати Эрону инқилобиюни ҷаҳон буд ва гуфт, вай зиндагии худро дар роҳи Эрон, миллати Эрон, ислому Фаластин фидо кард.

Сардор сипаҳбад шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи неруи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноиб раиси басиҷи мардумии Ироқ ва ҳашт нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расиданд.