Январ 22, 2017 20:45 Asia/Dushanbe
  • Вуқӯи ҳамлаи интиҳории зидди Толибон дар шимоли Афғонистон

Барои нахустин бор як омили интиҳорӣ дар вилояти Кундӯзи Афғонистон аъзои гурӯҳи Толибонро ҳадаф қарор дод.

Шеразиз Комавол, фармондеҳи полиси ҳавзаи шимоли Афғонистон эълом кард, ин ҳамлаи интиҳорӣ дар вулусволии Дашти Арчӣ, аз манотиқи вилояти Кундӯз ва дар миёни аъзои Толибон ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он чаҳор нафар аз Толибон кушта шуданд ва Мулло Абдуссалом Охундӣ, волии номниҳод (худхонда)-и Толибон дар Кундӯз низ захмӣ шуд.

Ҳадаф аз ин ҳамлаи интиҳорӣ, волии номниҳод (худхонда)-и гурӯҳи Толибон дар Кундӯз эълом шудааст.

Ин ҳамла замоне рӯй дод, ки мулло Абдуссалом Охундӣ дар як меҳмонӣ ҳузур ёфта буд.

Гуфта мешавад, афроди Толибон фарди дуввуми интиҳориро шиносоӣ карданду ба зарби гулӯла куштанд.

Ҳанӯз ҳуввияти омилони интиҳорӣ эълом нашудаву то кунун фарде ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Ин нахустин бор аст, ки дар миёни Толибони Афғонистон ҳамлаи интиҳорӣ рӯй медиҳад.

 

Барчасп