Оё Трамп муваффақ ба тағйири фазои сиёсии Аврупо мешавад ?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123694-Оё_Трамп_муваффақ_ба_тағйири_фазои_сиёсии_Аврупо_мешавад
Порс Тудей- Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳарчанд бо шиорҳое монанди «Аврупоро дубора боазамат кунем» зоҳиран бар тақвияти Аврупо таъкид мекунад, аммо равиши воқеии ӯ бо ин ҳадаф дар таоруз аст.
(last modified 2026-01-04T06:30:38+00:00 )
Январ 04, 2026 11:25 Asia/Dushanbe
  • Оё Трамп муваффақ ба тағйири фазои сиёсии Аврупо мешавад ?

Порс Тудей- Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳарчанд бо шиорҳое монанди «Аврупоро дубора боазамат кунем» зоҳиран бар тақвияти Аврупо таъкид мекунад, аммо равиши воқеии ӯ бо ин ҳадаф дар таоруз аст.

Андешакадаи Теҳрон дар матлабе навишт: Аз замони оғози даври дувуми раёсатҷумҳурии Трамп, равиши давлати Амрико нисбат ба Аврупо ба таври қобили таваҷҷуҳе тағйир пайдо кардааст. Ин равиш, дар зоҳир бо шиори «азаматбахшии дубора ба Аврупо» тавҷеҳ мешавад, аммо дар амал бо эътироз ва муқовимати ҷараёнҳои ҳоким дар Аврупо рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши Порс Тудей, иқдомоти гуногуни давлати Трамп метавонад сипеҳри сиёсии ин қораро дастхуши дигаргуниҳои муҳим кунад.

Дар тӯли як соли гузашта, мақомоти аврупоӣ ва масъулони давлати Трамп борҳо бар сари таърифи демократия ва моҳияти таҳдидоти Аврупо вориди муҷодала шудаанд. Ҷей Ди Вэнс дар конфронси Мюнхен сароҳатан гуфт, таҳдиди аслӣ на Русия ва Чин, балки саркӯби озодии баён ва инҳироф аз арзишҳои амрикоӣ аст. Санади амнияти миллии Амрико ин шикофи сиёсӣ–фарҳангиро расмият бахшид. Трамп низ худро наҷотдиҳандаи Аврупо аз нерӯҳои «зиддидемократ» мебинад.

Дар як соли гузашта, Иёлоти Муттаҳида аз абзорҳои мутааддиде барои асаргӯзорӣ бар сипеҳри сиёсӣ–фарҳангии Аврупо баҳра гирифтааст. Ин иқдомотро метавон ба таври куллӣ дар се дастаи аслӣ суратбандӣ кард:

1. Ҳимояти ғайримустақим: Бахше аз ин мудохилаҳо дар қолаби ҳимояти ғайримустақим аз ҷараёнҳои рости ифротӣ дар Аврупо буруз ёфтааст. Фаъолиятҳо ва изҳороти Илон Маск, вазири коромадии вақти Амрико дар ҷараёни корзори интихоботии ҳизби рости ифротии Алтернатива барои Олмон (AfD), ҳамроҳ бо тағйири алгоритмҳои платформаи X ба нафъи ҷараёнҳои ростгарои ифротӣ ва интишори твитҳои мукаррар алайҳи Иттиҳодияи Аврупо ва мақомоти феълии аврупоӣ, аз ҷумлаи ин иқдомот ба шумор меравад. Маҳкумияти лағви интихоботи Руминия бо истинод ба нақзи ҳуқуқи башар аз сӯи Вазорати хориҷаи Амрико ва эъмоли муофиятҳои таҳримӣ ба нафъи Маҷористон, бо ҳадафи ҳифзи маҳбубияти давлати рости ифротии ҳоким бар ин кишвар, аз дигар масодиқи ҳимояте аст, ки давлати Трамп дар ҷиҳати тақвияти мавқеияти интихоботии аҳзоби рости ифротӣ ба кор гирифтааст.

2. Дидорҳо ва фазосозӣ барои ҳузури рости ифротӣ дар қудрат: Трамп дар тӯли як соли гузашта, маҷмӯае аз дидорҳои гарм ва пурранг бо раҳбарон ва ҷараёнҳои рости ифротӣ дар Кохи Сафед баргузор кардааст; аз ҷумла бо нахуствазири Итолиё, раиси ҷумҳури Лаҳистон, нахуствазири Маҷористон, нахуствазири Словакия ва намояндагони ҳизби AfD-и Олмон. Дар канори ин, Вазорати хориҷаи Амрико ҳаргуна иқдоми дохилӣ дар Аврупо барои эҷоди маҳдудият алайҳи ҳузури ин аҳзоб дар саҳнаи сиёсат – монанди эъломи созмони иттилооти дохилии Олмон мабнӣ бар рости ифротӣ будани AfD-ро маҳкум кардааст.

3. Муқобила бо қавонин ва мақомоти либерали аврупоӣ: Фаротар аз ҷидолҳои лафзӣ ва мунозиоти твиттерӣ бо мақомоти аврупоӣ, Амрико бархе масъулони аврупоиро ба далели ончи «сонсури расонаҳои иҷтимоӣ» хонда шуда, таҳрим кардааст. Ин равиш, дар канори таҳдид ба қатъи бархе хадамот, аз ҷумла моҳвораи Старлинк, амалан ба манзилаи эълони чолиши ҷиддӣ алайҳи чорчӯбҳои ҳуқуқӣ ва танзимгарии Иттиҳодияи Аврупо дар ҳавзаи фанноварӣ аст.

Бо вуҷуди танаввуи ин иқдомот, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки Аврупо дигар дар садри авлавиятҳои роҳбурдии давлати Трамп қарор надорад; аз ҳамин рӯ, ҳимоят аз ҷараёнҳои рости ифротӣ умдатан дар сатҳи иқдомҳои ғайримустақим ва пайвандхӯрда бо манофеи мақтаии давлатмардони амрикоӣ маҳдуд мондааст. Дар айни ҳол, муҳимтарин авомиле, ки шаҳрвандонро ба сӯи аҳзоби рости ифротӣ суқ медиҳад, ҳамчунон таркиб ва амалкарди аҳзоби либерал–муҳофизакор ва вазъияти иқтисодӣ аст; авомиле, ки дар тӯли як соли гузашта нақши таъйинкунандае дар афзоиш ё коҳиши маҳбубияти ин ҷараёнҳо доштаанд. Фишорҳои лафзии давлати Трамп барои поён додан ба инзивои сиёсии аҳзоби рости ифротӣ то кунун асари маҳсус ва таъйинкунандае надоштааст; ба вижа он ки дар бархе кишварҳо монанди Фаронса, нигоҳи манфии густардае нисбат ба Трамп ва ҷунбиши МАГА вуҷуд дорад ва барои бахше аз ҷараёнҳои рост ҳатто судмандтар аст, ки худро ҷудо аз Трамп нишон диҳанд.

Дар поён метавон гуфт, ки Трамп, ҳарчанд бо шиорҳое монанди «Аврупоро дубора боазамат кунем» зоҳиран бар тақвияти Аврупо таъкид мекунад, аммо равиши воқеии ӯ бо ин ҳадаф дар таоруз аст. Иқдомоти давлати ӯ на танҳо Аврупо, балки ҳатто суботи иқтисодӣ ва сиёсии худи Амрикоро низ тазъиф кардааст. Бо дар назар гирифтани қудратгирии фазояндаи ҷараёнҳои рости ифротӣ ва истимрори талоши Трамп барои тағйири сиёсӣ-фарҳангии Аврупо, ба назар мерасад ин қора дар солҳои пешорӯ бо чолишҳои амиқтар иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ хоҳад шуд; чолишҳое, ки ҳалли онҳо мусталзими иттихози равиши шаффоф, мунсаҷим ва воқеъбинона дар баробари давлати Трамп ва ҷараёнҳои рости ифротӣ аст.

Дар ниҳоят, Аврупо барои хуруҷ аз ин вазъият, ногузир аст миёни ду масири душвор якеро баргузинад: идомаи вобастагӣ ва табаият аз Амрико, ё ҳаракат ба самти танишзудоӣ бо Русия ва талош барои дастёбӣ ба сатҳе аз истиқлоли комил аз Амрико.