Паёмадҳои сиёсатҳои муҳоҷиратии Амрико - буҳрони неруи кор
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123716-Паёмадҳои_сиёсатҳои_муҳоҷиратии_Амрико_буҳрони_неруи_кор
Порс-Тудей. Коҳиши муҳоҷират ба Амрико, камбуди неруи кор дар бахшҳои калидие монанди кишоварзӣ, дармону омӯзишро ташдид кардааст. Вазъияте ки паёмадҳои амниятӣ ва иқтисодии густардае ба ҳамроҳ дорад.
(last modified 2026-01-05T08:28:06+00:00 )
Январ 05, 2026 13:18 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи муҳоҷирон аз Амрико
    Ихроҷи муҳоҷирон аз Амрико

Порс-Тудей. Коҳиши муҳоҷират ба Амрико, камбуди неруи кор дар бахшҳои калидие монанди кишоварзӣ, дармону омӯзишро ташдид кардааст. Вазъияте ки паёмадҳои амниятӣ ва иқтисодии густардае ба ҳамроҳ дорад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, сиёсатҳои муҳоҷиратии Амрико ки замоне боиси рушди иқтисодӣ ва қудрати риқобатии ин кишвар буданд, акнун бо маҳдудиятҳову сахтгириҳои ҷадид ба омиле барои камбуди неруи кор, буҳрон дар хадамоти дармонӣ ва коҳиши ҷойгоҳи ҷаҳонии иқтисоди Амрико табдил шудаанд.

Рӯзномаи «Ню-Йорк таймс» дар гузорише ба баррасии паёмадҳои сиёсатҳои сахтгиронаи муҳоҷиратии давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида мепардозаду тасвире аз Амрикое тарсим мекунад, ки ба сӯи муҳоҷирати наздик ба сифр ҳаракат мекунад.

Танҳо як сол пас аз оғози саркӯби муҳоҷират, осори ин сиёсатҳо дар саросари Амрико намоён шудааст. Камбуди неруи кор дар бахшҳое чун сохтусоз, кишоварзӣ, хадамоти дармонӣ ва муроқибатӣ, коҳиши фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар маҳаллаҳои муҳоҷирнишину ихтилол дар иқтисоди шаҳрҳои кучаку манотиқи рустоӣ.

Давлати Трамп бо афзоиши ҳазинаи виза, коҳиши шадиди пазириши паноҳандагону донишҷӯёни хориҷӣ, лағви вазъияти муваққати иқоматӣ ва ихроҷи садҳо ҳазор нафар, дар амал дарҳои Амрикоро ба рӯи ҷаҳон бастааст. Ҳарчанд саҳми ҷамъияти муҳоҷир ҳанӯз болост, аммо ҳадафи Кохи Сафед бозгашт ба улгӯи даҳаи 1920 аст, даврае ки маҳдудиятҳои шадид, муҳоҷирати холисро ба сифр расонд.

 

Буҳрони неруи дармонӣ дар иёлатҳои фақиру солхурда

Наздик ба як панҷум аз постҳои парасторӣ дар ҳоли ҳозир дар иёлати Вирҷинияи Ғарбӣ холӣ аст. Иёлате ки ҷамъияти он аз бештари иёлатҳо пиртар, бемортар ва фақиртар аст ва ин иёлат дар солҳои оянда бо камбуди ҷиддии пизишк низ рӯбарӯ хоҳад шуд. Як сеюми пизишкони Вирҷинияи Ғарбӣ донишомӯхтаи донишкадаҳои пизишкии хориҷ аз Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, аммо акнун ин гузина дар ҳоли маҳдудтар шудан аст. Яке аз масъулони ин минтақа ба номи оқои Гулдберг дар ин замина гуфт: «Ду мутахассиси қалбро аз даст додем, чун нигарон буданд, ки визаашон тамдид нашавад ва ҳатто агар бишавад, натавонанд ба таври доим ин ҷо бимонанд. Онҳо ба ҷоҳои дигаре рафтанд».

 

Коҳиши неруи инсонӣ дар ресторанҳо

Ден Симпсон, мудири занҷираии ресторанҳои медитаронаии «Тозикӣ» дар ҷануби шарқи Амрико, аз ибтидои сол бо коҳиши неруи инсонӣ мувоҷеҳ будааст. Ин фақат шомили зарфшӯйҳо ва ошпазҳо набуд, балки мудирону муовинони мудиронро ҳам дарбар мегирифт. Касоне ки бо мадорики таҳсилии пешрафта ба Амрико омада буданд.

Ӯ дар ҳоле ки нигарони таъсири ин вазъият бар касбу кори худаш аст, муътақид аст, хисорат метавонад бисёр фаротар бошад. Ӯ гуфт: «Агар каме ақибтар биистем ва нигоҳ кунем, мушкили бузургтар ин аст, ки дорем ба бренди Амрико латма мезанем».

 

Муҳоҷирон - мотори таҳсилу корофаринӣ

Донишҷӯёни байналмилалӣ дар донишгоҳҳо шаҳрияи комил мепардозанд, шаҳрияе ки дар бисёре аз донишгоҳҳои Амрико ба таъмини ҳазинаҳои поя ва роҳандозии барномаҳои ҷадид кумак мекуна . Бо коҳиши сабти номи донишҷӯёни хориҷӣ, бисёре аз донишгоҳҳо бо касрии буҷет рӯбарӯ шудаанд.

Бар асоси гузориши муассисаи сиёсати муҳоҷират, наздик ба ниме аз муҳоҷироне ки байни солҳои 2018 то 2022 ба таври қонунӣ вориди Амрико шуданд, таҳсилоти донишгоҳӣ доштанд. Эҳтимоли корофаринӣ дар миёни муҳоҷирон бисёр бештар аз шаҳрвандони амрикоӣ аст.

Чандин пажӯҳиш нишон додаанд, ки пас аз қавонини муҳоҷиратии даҳаи 1920, теъдоди сабти ихтирооти марбут ба навовариҳои амрикоӣ коҳиш ёфтааст. Экскил Ҳернандз, устоди мадрасаи Вартони Донишгоҳи Пенсилвания гуфт: «Бо иқтисоде рӯбарӯ мешавед, ки кучактар, камтаҳарруктар ва камтанаввуътар аст».

Дар авоили соли 2025 Роён Садрӣ дар ҳоли ҷазби сармоя барои стартапи ҳуши маснӯии худ буд. Аммо мамнуияти вуруди атбои бархе кишварҳо, аз ҷумла Эрон, масири рушди ӯро масдуд кард. Садрӣ гуфт: «Ҳама чиз барои стартапҳо ба шитоб бастагӣ дорад».

Касбу корҳои хурд дар саросари кишвар ба дасти муҳоҷирон ва барои муҳоҷирон шакл гирифтаанду мавриди истиқболи ҷомеаи мизбон низ қарор гирифтаанд. Дар баландмуддат, муҳоҷирати пойин бо ҷамъияте рӯ ба пирӣ бархӯрд мекунад, ки ниёзманди муроқибат аст, дуруст замоне ки неруи кори камтаре вуҷуд дорад.