Корокос дар баробари фишори Вашенгтон: Сарнавишти Венесуэла дар дасти мардум аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123760-Корокос_дар_баробари_фишори_Вашенгтон_Сарнавишти_Венесуэла_дар_дасти_мардум_аст
Порс Тудей- раиси ҷумҳури мувақати Венесуэла бо ради қотеъи иддаои мудохилаҷуёнаи раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ҳеҷ қудрати хориҷи ҳақи тасмимгири дар бораи манобеъ ва ояндаи Венесуэларо надорад.
(last modified 2026-01-10T10:17:35+00:00 )
Январ 08, 2026 12:43 Asia/Dushanbe
  • Корокос дар баробари фишори Вашенгтон: Сарнавишти Венесуэла дар дасти мардум аст
    Корокос дар баробари фишори Вашенгтон: Сарнавишти Венесуэла дар дасти мардум аст

Порс Тудей- раиси ҷумҳури мувақати Венесуэла бо ради қотеъи иддаои мудохилаҷуёнаи раиси ҷумҳури Амрико таъкид кард, ки ҳеҷ қудрати хориҷи ҳақи тасмимгири дар бораи манобеъ ва ояндаи Венесуэларо надорад.

Пас аз изҳороти баҳсбарангези раиси ҷумҳури Армико Доналд Трамп дар бораи тасарруфи захираҳои нафти Венесуэла, мақомоти Каракас бори дигар ба истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар таъкид карданд.

Раиси ҷумҳури Амрико иддао кард, ки ниҳоде бо номи ҳукумати муваққатӣ дар Венесуэла қасд дорад, ки ба Амрико даҳҳо миллион баррел нафт диҳад ва даромади он таҳти назорати мустақими Кохи Сафед сарф мешавад; ин иддао вокуниши шадиди ҳукумати Венесуэларо ба бор овард.

Ба гузориши Порс Тудей, раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла Делси Родригес суханони президенти Амрикоро ҳамчун як кӯшиши возеҳ барои ғайриқонунӣ кардани ҳукумати қонунӣ дар Корокос ва фишори сиёсӣ арзёбӣ кард. Родригес, ки ҳама гуна ҳукмронии унсурҳои хориҷиро бар кишвараш рад мекунад, гуфт: Венесуэларо ҳукумате идора мекунад, ки аз иродаи мардум бармеояд ва ҳеҷ қудрати хориҷӣ онро идора намекунад.

Раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла инчунин ба фишорҳо ва таҳдидҳои сиёсии Вашингтон ишора кард ва таъкид кард, ки ояндаи Венесуэла танҳо ба қарори мардуми кишвар вобаста аст ва кӯшишҳои тасаллут бар рагҳои иқтисодӣ, бахусус захираҳои энергетикӣ, ба ҷое намебаранд.

Ин мақоми баландпояи Венесуэла чунин мавқеъҳоро дар вазъияте баланд мебардорад, ки Амрико дар солҳои охир кӯшиш кардааст, ки самти таҳаввулоти сиёсиро дар Корокос тавассути таҳримҳои васеъи иқтисодӣ ва дастгирии ҳаракатҳои мухолифин тағйир диҳад; сиёсате, ки ҳамеша бо муқовимати ҳукумати Венесуэла ва нерӯҳои мусаллаҳ ру ба ру шуда, боиси афзоиши таниш байни ду кишвар шудааст.