Чаро аксарияти амрикоиҳо бо иқдоми низомӣ алайҳи Эрон мухолиф ҳастанд?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123906-Чаро_аксарияти_амрикоиҳо_бо_иқдоми_низомӣ_алайҳи_Эрон_мухолиф_ҳастанд
Порс-Тудей. Натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, ки аксарияти қотеи шаҳрвандони ин кишвар бо иқдоми низомии давлати Трамп алайҳи Эрон мухолиф ҳастанд.
(last modified 2026-01-19T11:00:43+00:00 )
Январ 19, 2026 15:11 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико
    Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико

Порс-Тудей. Натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид дар Амрико нишон медиҳад, ки аксарияти қотеи шаҳрвандони ин кишвар бо иқдоми низомии давлати Трамп алайҳи Эрон мухолиф ҳастанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, назарсанҷии ҷадиди шабакаи Си Би Эс Нюси Амрико аз мухолифати аксари шаҳрвандони ин кишвар бо ҳар гуна моҷароҷӯии низомии давлати Трамп алайҳи Эрон ҳикоят дорад. Аксари амрикоиҳо бар ин боваранд, ки даргирии эҳтимолии Амрико бо Эрон тӯлонӣ ва пурҳазина хоҳад буд. Натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки рӯзи якшанбе мунташир шуд, нишон дод, 67 дарсад мухолифи иқдоми низомии Амрико алайҳи Эрон ҳастанд ва танҳо 32 дарсад мувофиқи ин ҳамлаанд.

Ҳамчунин бар асоси назарсанҷии донишгоҳе, ҳудуди 70 дарсад аз раъйдиҳандагони амрикоӣ гуфтаанд, ки Иёлоти Муттаҳида набояд вориди даргирии низомӣ бо Эрон шавад ва танҳо 18 дарсад аз иқдоми низомӣ ҳимоят кардаанд. Ин мухолифати густарда далоили зиёде дорад. Аз ин миён ба тафкик 79 дарсад аз демократҳо, 80 дарсад аз мустақилҳо ва 53 дарсад аз ҷумҳурихоҳон мухолифати худро бо ин масъала эълом кардаанд. Дар ин назарсанҷӣ 70 дарсад аз раъйдиҳандагон таъкид доранд, ки Трамп бояд қабл аз ҳар иқдоме таъйиди Конгрессро бигирад.

Яке аз муҳимтарин авомил, хастагии умумии ҷомеаи Амрико аз ҷангҳои тӯлонимуддат дар Ғарби Осиё аст. Таҷрибаи ду даҳа ҳузури низомӣ дар Афғонистону Ироқ, ҳазинаҳои молии сангину талафоти инсонӣ боис шудааст бахши бузурге аз мардуми Амрико нисбат ба ҳар гуна мудохилаи низомии ҷадид бадбин бошанд. Бисёре аз шаҳрвандон муътақиданд, вуруд ба як ҷанги тоза на танҳо манофеи амниятии Амрикоро тазмин намекунад, балки метавонад кишварро вориди чархае тоза аз бесуботӣ ва ҳазинаҳои ғайриқобили пешбинӣ кунад. Ин нигаронӣ дар назарсанҷиҳо низ бозтоб ёфта ва нишон медиҳад, мардум тарҷеҳ медиҳанд сиёсати хориҷии Амрико ба самти коҳиши танишу тамаркуз бар масоили дохилӣ ҳаракат кунад.

Омили дигар, нигаронӣ аз паёмадҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии як даргирии низомӣ бо Эрон аст. Дар назарсанҷиҳои мунташиршуда, бисёре аз посухдиҳандагон гуфтаанд, ки иқдоми низомӣ метавонад ба як ҷанги густардатар дар Ғарби Осиё мунҷар шавад ва амнияти ҷаҳониро таҳдид кунад. Гузоришҳо нишон медиҳад, бахши қобили таваҷҷуҳе аз мардуми Амрико муътақиданд, ҳамалоти низомӣ на танҳо амнияти Амрикоро афзоиш намедиҳад, балки мумкин аст кишварро дар маърази хатароти бештар қарор диҳад. Ин нигаронӣ дар гузоришҳое ки дар бораи вокуниши мардум ба ҳамлаи ҳавоии Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон дар ҷараёни ҷанги 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон таҳти унвони амалиёти “Чаккуши нимашаб” (Operation Midnight Hammer) ёд мешавад.

Аз сӯи дигар, шикофи ҳизбӣ низ дар ин мавзуъ нақш дорад. Ҳарчанд аксарияти демократҳо ва мустақилҳо ба таври қотеъ мухолифи иқдоми низомӣ ҳастанд, ҳатто дар миёни ҷумҳурихоҳон низ шумори қобили таваҷҷуҳе бо мудохилаи низомӣ мухолифат кардаанд. Ин мавзуъ нишон медиҳад, мухолифат бо ҷанг бо Эрон танҳо як мавзеи ҳизбӣ нест, балки ба як нигаронии миллӣ табдил шудааст.

Афзун бар ин, бахши қобили таваҷҷуҳе аз мардуми Амрико нисбат ба коромадии роҳи ҳалҳои низомӣ тардид доранд. Таҷрибаҳои гузашта нишон додааст, ки ҳамалоти низомӣ лузуман ба тағйири рафтори давлатҳо ё беҳбуди шароити сиёсӣ мунҷар намешавад. Дар мавриди Эрон низ бисёре аз шаҳрвандон муддаӣ ҳастанд, ки фишорҳои дипломатӣ, таҳримҳо ё музокирот метавонад муассиртар аз иқдоми низомӣ бошад. Ин нигоҳ дар назарсанҷиҳо ба вузуҳ дида мешавад. Ҷое ки аксарияти мардум тарҷеҳ додаанд Амрико аз мудохилаи мустақим парҳез кунад ва ба ҷои он аз абзорҳои ғайринизомӣ истифода кунад.

Нуктаи охир, баҳонаҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои ақибнишинӣ аз мавзӯи ҳамла ба Эрон аст. Ҳарчанд ӯ муддаӣ шудааст, ки худаш, худро мутақоид карда ки ба Эрон ҳамла накунад, вале як расонаи амрикоӣ далоили дигареро матраҳ кардааст. “Аксиос” ба нақл аз мақомоти амрикоӣ эътироф кард, ки тасмими Трамп барои ҳамла накардан ба Эрон ба далели кофӣ набудани таҷҳизоту таслеҳоти низомӣ дар минтақа ва ҳушдорҳои ҳампаймонон дар бораи паёмадҳои вайронгари ҳар гуна моҷароҷӯии низомии Амрико барои амнияту суботи минтақа ва кишварҳои он, аз ҷумла муттаҳидони Кохи Сафед гирифта шуд. Таъсиргузор набудани ҳамла ба Эрон аз дигар далоили инсирофи Амрико аз ин гузина будааст. “Аксиос” ҳамчунин ба нақл аз мушовири Натанёҳу эътироф кард, ки Натанёҳу ба Трамп гуфта буд, Исроил барои дифоъ дар баробари посухи эҳтимолии Эрон (ба ҳар гуна таҷовузи низомии Амрико) омода нест. Дар ниҳоят бояд гуфт, ки пуштвонаи мардумии Ҷумҳурии исломии Эрон ва иқтидори низомии он дар задани заработи низомии камаршикан, муҷиби ақибнишинии Трамп аз ҳамла ба Эрон шудааст.