Идомаи ҳамкории Теҳрон – Каракас - намоди муқовимат дар баробари фишорҳои Амрико
-
Делси Родригес, раиси ҷумҳурии муваққати Венесуэла
Порс-Тудей. Раисиҷумҳури муваққати Венесуэла таъкид кард, ки Каракас ба робита бо Эрон идома медиҳад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Делси Родригес, раиси ҷумҳурии муваққати Венесуэла бо ишора ба инки Венесуэла ҳаққи доштани робита бо тамомии кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Чин ва Русияро дорад, таъкид кард, ки Венесуэла ба робита бо Теҳрон идома хоҳад дод.
Изҳороти раиси ҷумҳурии муваққати Венесуэла дар ҳолест, ки пеш аз ин Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон низ бар идомаи равобити Каракас бо Теҳрон таъкид кардаву гуфта буд: Равобити мо бо Венесуэла ҳамвора робитае бар асоси эҳтирому манофеи мутақобил будааст ва умедвор ҳастем ин равобит идома пайдо кунад.
Пас аз гузашти чанд ҳафта аз ҳамлаи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Венесуэла ва рабудани Николас Мадуро, раиси ҷумҳурии ин кишвар, мавзеъгириҳои мақомоти Каракас вориди марҳалае сариҳтар ва маънодортар шудааст. Ба тавре ки таъкиди Родригес, раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла бар идомаи равобити кишвараш бо Эронро низ дар ин росто бояд арзёбӣ кард. Ба вижа ки ин суханон дар шароите баён шуд, ки фазои сиёсии Венесуэла ҳамчунон таҳти таъсири мудохилаи мустақими низомии Вашингтон ва талоши Амрико барои таҳмили иродаи худ бар сохтори қудрат дар Каракас қарор дорад.
Аҳамияти ин изҳорот замоне дучандон мешавад, ки онро дар матни тақобули ошкор бо хостҳои Доналд Трамп ва сиёсати фишори ҳаддиаксарии Иёлоти Муттаҳида баррасӣ кунем. Давлати Амрико, ки дар солҳои гузашта таҳрим, таҳдид ва мудохиларо ба абзори аслии дипломатияи худ дар қиболи Венесуэла табдил карда буд, акнун бо иқдоми низомии мустақим ва рабудани раисиҷумҳури қонунии ин кишвар, талош дорад масири сиёсии ояндаи Каракасро бозтаъриф кунад. Бо ин ҳол, таъкиди раисиҷумҳури муваққати Венесуэла бар идомаи равобит бо Эрон, паёме равшан ва бепарда ба Вашингтон мухобира мекунад: фишор, таҳдид ва ҳатто иқдоми низомӣ низ наметавонад Венесуэларо ба ақибнишинӣ водор кунад.
Дар воқеъ, идомаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин бурҳаи замонӣ, беш аз онки як интихоби сирфан дипломатӣ бошад, ба намоде аз сарпечии огоҳона аз назми таҳмилии Амрико бадал шудааст. Каракас бо ин мавзеъгирӣ нишон медиҳад, ки ҳозир нест ҳокимияти миллии худро қурбонии хостаҳои Кохи Сафед кунаду тасмимгирӣ дар бораи равобити хориҷиро ҳаққи мусаллами худ медонад. Ин рӯйкард, ба вижа пас аз рабуда шудани Николас Мадуро, маъное фаротар аз гузашта ёфта ва ба бахше аз гуфтумони муқовимати сиёсӣ дар баробари якҷонибагароии Амрико табдил шудааст.
Дар сатҳе густардатар, равобити Венесуэла бо Эрон воҷиди абъоди сиёсии муҳиме аст. Ҳар ду кишвар солҳост бо таҳримҳои густарда, фишорҳои дипломатӣ ва талош барои тағйири сохтори қудрат аз берун мувоҷеҳ будаанд. Ҳамин таҷрибаи муштарак заминасози ҳамгароии сиёсӣ миёни Теҳрону Каракас шудааст. Ҳамгароие ки талош мекунад ривояте ҷадид аз назми байналмилал ироа диҳад; назме ки дар он кишварҳо барои машруияту бақо ночор ба ҷалби ризояти Вашингтон нестанд ва метавонанд бар асоси манофеи мутақобил, эътилофҳои мустақили худро шакл диҳанд. Аз ин манзар, таъкид бар идомаи равобит бо Эрон навъе бозтаърифи ҳокимияти миллӣ аст. Ҳокимияте ки дар баробари мудохилаи хориҷӣ истодагӣ мекунаду сиёсати хориҷии худро бар пояи истиқлолу чандҷонибагароӣ бино мегузорад.
Дар буъди иқтисодӣ низ пайванди Теҳрон – Каракас посухе амалгароёна ба воқеияти иқтисодии мавҷуд аст. Ҳар ду кишвар бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ дар дастрасӣ ба бозорҳои молии ҷаҳонӣ, фанновариҳои пешрафта ва занҷираҳои таъмини байналмилалӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ дар ҳавзаҳое монанди энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубодилоти коло ба коло, ба Венесуэла имкон медиҳад бахше аз фишорҳои иқтисодиро коҳиш дода ва масирҳои ҷойгузин барои таъмини ниёзҳои худ биёбад.
Фаротар аз иқтисоду сиёсати дуҷониба, таъкид бар идомаи равобит бо Эрон ҳомили паёме густардатар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Каракас бо интихоби масири мустақил, эълом мекунад, ки сиёсати хориҷиро наметавон бо таҳдид, таҳрим ё иқдоми низомӣ дикта кард. Ин мавзеъ, ҳамсӯ бо усули бунёдини ҳуқуқи байналмилал ва асли адами мудохила дар умури дохилии кишварҳост. Усуле ки давлати Амрико дар солҳои ахир, ба вижа дар қиболи Венесуэла борҳо онҳоро нодида гирифтааст. Венесуэла бо истодагӣ бар ҳаққи худ дар интихоби шуракои байналмилалӣ, талош мекунад нишон диҳад, ки ҳанӯз имкони муқовимат дар баробари якҷонибагароӣ вуҷуд дорад.
Дар ниҳоят, таъкиди раисиҷумҳури муваққати Венесуэла бар тадовуми равобит бо Эронро бояд тасмиме дурусту қонунӣ, огоҳона ва мубтанӣ бар манофеи миллӣ донист. Тасмиме ки на танҳо вокуниши мақтаӣ ба фишорҳои Амрико нест, балки бахше аз роҳбурди калони Каракас барои ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, бозсозии зарфиятҳои иқтисодӣ ва бозтаърифи ҷойгоҳи худ дар назми ҷаҳонӣ аст.