Вазири хориҷаи Туркия: Бо ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон мухолифем
-
Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия
Порс-Тудей. Вазири хориҷаи Туркия бар зарурати ҳаллу фасли ихтилофот дар хусуси масъалаи ҳастаии Эрон аз тариқи гуфтгӯ таъкид кард.
Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия дар мусоҳиба бо шабакаи “Скай нюс” гуфт: Анкара бо ҳар гуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон мухолиф аст ва ҳар гуна дахолати хориҷӣ дар хусуси масоили дохилии Эронро маҳкум мекунад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, Фидон бо баёни инки Туркия бо ҳамалоте ки дар ҷараёни ҷанги 12 рӯза алайҳи Эрон анҷом шуд, мухолиф буд, гуфт: Анкара ба талошҳои дипломатии худ барои ҷилавгирӣ аз даргириҳои эҳтимолӣ идома хоҳад дод.
Вай бо ишора ба таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Эрон, бар зарурати ҳалли ихтилофоти марбут ба парвандаи ҳастаӣ аз тариқи гуфтугӯ ва дипломатия таъкид кард.
Эҳтимоли мушорикати Туркия дар неруи ҳофизи сулҳи Ғазза
Вазири хориҷаи Туркия дар бахши дигаре аз суханонаш аз эҳтимоли мушорикати Анкара дар неруи ҳофизи сулҳ дар навори Ғазза хабар доду афзуд: Ин мушорикат бо вуҷуди мухолифати шадиди Исроил, ҳамчунон муҳтамил аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳузури Туркия дар чунин неруе ниёзманди тавофуқ миёни кишварҳои зирабт аст.
Фидон ёдовар шуд, ки Туркия пештар низ омодагии худро барои мушорикат дар тарҳи сулҳи Трамп дар бораи Ғазза эълом карда ва ҳамчунон ба ин мавзеъ пойбанд аст. Ӯ бо ишора ба узвияти Туркия дар Шӯрои сулҳи Ғазза ва мушорикати ин кишвар дар кумитаи иҷроӣ ва ироаи кумакҳои инсонии густарда, эҳтимоли эъзоми неруи низомӣ ба Ғаззаро низ мунтафӣ надонист.
Вай таъкид кард, эъзоми неру баста ба гуфтугӯ ва тавофуқ миёни кишварҳои мушаххас аст ва бояд дид таҳаввулоти оянда ба чӣ самт хоҳад рафт.
Маросими имзои маншури шӯрои мавсум ба «Сулҳи Трамп» дар бораи Ғазза рӯзи панҷшанбе дар Даос бо ҳузури раиси ҷумҳури Амрико ва намояндагони кишварҳои узв баргузор шуд. Ҳудуди 60 кишвар барои пайвастан ба ин шӯро даъват шудаанд, аммо то кунун танҳо теъдоди маҳдуде аз муттаҳидони ғарбии Амрико ба таври расмӣ ин даъватро пазируфтаанд. Дар миёни кишварҳои мувофиқ, номи ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Аргентина, Миср, Покистон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дида мешавад.