Таҳдиди Трамп дар садри нигарониҳои амниятии Аврупо
-
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико
“Порс-Тудей”. Бар асоси як назарсанҷӣ беш аз 60 дарсад аз олмониҳо Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикоро таҳдиде барои кишварашон медонанд.
Натоиҷи як назарсанҷӣ, ки тавассути муассисаи Айнсо барои рӯзномаи олмонии “Билд” анҷом шуда, нишон медиҳад, беш аз 60 дарсад аз олмониҳо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро таҳдиде барои кишварашон медонанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, бар асоси ин назарсанҷӣ 61 дарсад аз афроди мавриди баррасӣ муътақиданд, Трамп ба эҳтимоли зиёд таҳдиде барои Олмон аст. Дар ҳоле ки танҳо 24 дарсад ӯро «як муттаҳид» мебинанд. Ҳамчунин 15 дарсад аз посухдиҳандагон аз изҳори назар худдорӣ кардаанд.
52 дарсад аз ширкаткунандагон гуфтаанд, ки давлати Олмон бояд мавзеи сахтгиронатаре дар қиболи равобит бо Трамп дар пеш гирад. Дар муқобил, 31 дарсад хостори ҳамкории наздиктари Берлин бо Вашингтон шудаанд. Ин назарсанҷӣ бо мушорикати беш аз ҳазор нафар дар таърихи 22 ва 23 январ анҷом шудааст.
Трамп аз нигоҳи аврупоиҳо - душмани Аврупо
Натоиҷи як назарсанҷии дигар низ нишон медиҳад, ки тақрибан ниме аз аврупоиҳо раиси ҷумҳури Амрикоро душмани Аврупо медонанд. Ба таври мутавассит, 48 дарсад аз мардум дар 9 кишвари аврупоӣ Трампро душмани ошкори худ тавсиф кардаанд. Ин рақам дар Белгия 62 дарсад ва дар Фаронса 57 дарсад будааст. Дар ҳоле ки пойинтарин мизон дар Хорватия бо 37 дарсад ва дар Полша бо 19 дарсад сабт шудааст.
Бо вуҷуди ин нигоҳи манфӣ, аврупоиҳо ҳамчунон робита бо Иёлоти Муттаҳидаро аз назари стратегӣ муҳим арзёбӣ мекунанд. Дар посух ба ин пурсиш, ки Иттиҳоди Аврупо бояд чӣ мавзеъе дар қиболи Вашингтон дар пеш гирад, маҳбубтарин гузина бо 48 дарсад - мусолиҳа будааст.
Нигаронӣ аз ҷанг бо Русия ва эҳсоси осебпазирии густарда
Ин назарсанҷӣ, ки дар Фаронса, Италия, Испания, Олмон, Полша, Португалия, Хорватия, Белгия ва Ҳоланд анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки 51 дарсад аз посухдиҳандагон хатари ҷанги ошкор бо Русияро дар солҳои оянда зиёд медонанд ва 18 дарсад низ онро бисёр зиёд арзёбӣ кардаанд.
Эҳсоси осебпазирӣ низ дар миёни мардуми ин кишварҳо густарда будааст. Танҳо 12 дарсад гуфтаанд, ки аз ҳеҷ як аз манобеи ноамнӣ, аз фанноварӣ ва низомӣ гирифта то энержӣ ва ғизо, эҳсоси таҳдид намекунанд . Дар миёни таҳдидҳои матраҳшуда, амнияти фанноварӣ ва диҷитал бо 28 дарсад дар рутбаи нахуст ва амнияти низомӣ бо 25 дарсад дар рутбаи дувум қарор доштааст.
Ҳамчунин 69 дарсад аз посухдиҳандагон гуфтаанд, ки Иттиҳоди Аврупо бояд нақши ҳимоятии бештаре дар баробари ин таҳдидҳо ифо кунад.
Ҳимояти густарда аз узвият дар Иттиҳоди Аврупо
Аксарияти қобили таваҷҷуҳе аз ширкаткунандагон дар ин 9 кишвар аз идомаи узвияти кишварашон дар Иттиҳоди Аврупо ҳимоят кардаанд. 74 дарсад хостори боқӣ мондан дар ин блок будаанд. Ин мизон дар Португалия 90 дарсад ва дар Испания 89 дарсад будааст. Пойинтарин мизони ҳимоят низ дар Полша бо 68 дарсад ва Фаронса бо 61 дарсад сабт шудааст.