Чаро Гутерриш бар ҳокимияти қонӯни ҷангал бар ҷаҳон изъон кардааст?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124004-Чаро_Гутерриш_бар_ҳокимияти_қонӯни_ҷангал_бар_ҷаҳон_изъон_кардааст
Порс Тудей– Дабири кулли Созмони милал зимни изъон бар ҳокимияти қонӯни ҷангал бар ҷаҳон изҳор дошт, ки ислоҳот дар Шӯрои амнияти Созмони милал зарурӣ аст.
(last modified 2026-01-28T06:30:45+00:00 )
Январ 28, 2026 11:09 Asia/Dushanbe
  • Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ
    Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ

Порс Тудей– Дабири кулли Созмони милал зимни изъон бар ҳокимияти қонӯни ҷангал бар ҷаҳон изҳор дошт, ки ислоҳот дар Шӯрои амнияти Созмони милал зарурӣ аст.

Ба гузориши Порс Тудей, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал бо ишора ба инки ба ҷои ҳокимияти қонӯн, шоҳиди ҳокимияти қонӯни ҷангал бар ҷаҳон ҳастем , бори дигар эълом кард: Ислоҳоти Шӯрои амният зарурӣ аст ва ҳамаи кишварҳо бояд ба Девони байналмилалии додгустарӣ эҳтиром бигузоранду тасмимоти илзомовари онро бидуни гузиниш ба таври комил иҷро кунанд.

Гутерриш рӯзи душанбе (26 январ) дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони милал бо унвони «таъкид бар ҳокимияти қонӯни байналмилалӣ ва масирҳое барои тақвияти сулҳ, адолату чандҷонибагароӣ» афзуд: Ҳокимияти қонӯн санги бинои сулҳу амнияти ҷаҳонӣ буда ва калиди равобити дӯстона байни кишварҳо ва манотиқи ҷаҳону қалби тапандаи Маншури милали муттаҳид аст.

Ба гуфтаи дабири кули СММ, дар соли 2024, кишварҳои узв Паймони «оянда»-ро тасвиб карданд, ки шомили тааҳҳуд ба амали мутобиқ бо қавонини байналмилалӣ ва анҷоми тааҳҳудот бо ҳусни ният буд. Аммо калимот бо амал мутобиқат надоранд. Дар саросари ҷаҳон, ҳокимияти қонӯн бо қонӯни ҷангал ҷойгузин шудааст. Мо шоҳиди нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ ва бетаваҷҷӯҳии вақеҳона ба Маншури созмон милал ҳастем. Вай таъкид кард: Аз Ғазза то Украина, аз соҳил то Мянма, дар Венесуэла ва манотиқи дигар, ҳокимияти қонӯн ба унвони як масаълаи ҳошияӣ дар назар гирифта мешавад. Мо шоҳид ҳастем, ки кишварҳо бо масӯният аз ҳокимияти қонӯн сарпечӣ мекунанд: аз тариқи истифодаи ғайриқонӯнӣ аз зӯр, ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ғайринизомӣ, нақзи ҳуқуқи башару сӯиистифодаҳо, тавсеаи ғайриқонӯнии силоҳҳои ҳастаӣ, тағйироти ғайриқонӯнии давлату инкори кумакҳои башардӯстонаи ҳаётӣ.

Суханони Антонио Гутерриш дар нишасти Шӯрои амният, ки дар он ҳушдор дод «ҳокимияти қонӯн дар ҷаҳон дар ҳоли ҷойгузин шудан бо қонӯни ҷангал аст», бозтоби навъе буҳрони амиқ дар назми байналмилал аст. Ӯ таъкид кард, ки барои 80 сол, низоми ҳуқуқии байналмилалӣ ва Маншури милали муттаҳид монеъ аз вуқуъи ҷанги ҷаҳонии сеюм шудааст, аммо имрӯз ҳамон низом ба сӯрати фазояндае нодида гирифта мешавад. Ин изъон, на як иғроқи сиёсӣ, балки тавсифи воқеияте аст, ки дар майдонҳои мухталифи буҳрону ҷанг дида мешавад; аз Ғазза ва Украина то соҳили Африқо, Мянма ва Венесуэла, ҷое, ки қавоиди ҳуқуқӣ ба сӯрати «гузинишӣ бар мабнои манофе», ки дар истилоҳи сиёсӣ ба он «àи la carte»  гуфта мешавад, ба кор гирифта мешаванд. Мисдоқи ошкору комили суханони Гутерриш Иёлоти муттаҳида аст, ки дар бурҳаи кунунӣ дар даврони раёсатиҷумҳурии Доналд Трамп ҳамаи марзҳои қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва низ Маншури милали муттаҳидро бо анвоъи иқдомоти ғайриқонӯниаш зери по гузоштааст.

Нахустин далели ин таъбири тунд, густариши бесобиқаи нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал аст. Гутерриш ба сароҳат аз «нақзҳои фоҳиш» сухан гуфт; нақзҳое, ки шомили ҳамла ба ғайринизомиён, беэътиноӣ ба асли манъи тавассул ба зӯру зери пои гузоштани таъаҳҳудоти башардӯстона аст. Вақте давлатҳо ва бозигарони мусаллаҳ бидуни тарс аз посухгуӣ, шаҳрҳоро бомбаборон мекунанд, муҳосираҳои тӯлонимуддати инсонӣ эҷод мекунанд ё аз зӯр барои тағйири марзҳо истифода мекунанд, паёми амалӣ ин аст, ки қудрат, на қонӯн, таъйинкунандааст. Ин ҳамон мантиқи қонӯни ҷангал аст: ҳар ки қавитар аст, ҳаққи бештаре барои таҳмили иродаи худ дорад.

Далели дувум, буҳрони амиқ дар созукорҳои посухгуӣ ва масъӯлиятпазирӣ аст. Гутерриш ва бисёре аз суханронони он нишаст бар ин нукта ангушт гузоштанд, ки Шӯрои амният, ба далели рақобати қудратҳои бузургу истифодаи густарда аз ҳаққи вето, дар бисёре аз буҳронҳо фалаҷ шудааст. Вақте наҳоде, ки бояд зомини иҷроӣ маншур бошад, худ ба майдони кашмакаши геополитӣ табдил мешавад, нақзкунандагони қонӯн амалан эҳсоси масӯният мекунанд. Набуди пайгирии муассир дар додгоҳҳои байналмилалӣ, фишорҳои сиёсӣ бар ниҳодҳои қазоӣ ва дугонагӣ дар бархӯрд бо парвандаҳо, ҳамаи ин дидгоҳро тақвият мекунад, ки адолат, интихобӣ ва сиёсӣ ва на ҷаҳоншумӯл ва бетараф аст.

Сеюмин омил, фарсоиши эътимод ба ниҳодҳо ва қавоиди чандҷонибааст. Гутерриш ёдовар шуд, ки низоми байналмилал бар маҷмӯъае аз қавоиди муштарак бино шуда, ки ҳамаи давлатҳо, «бузургу кучак»-ро ба яксон муқайяд мекунад. Аммо дар солҳои ахир, хурӯҷи якҷониба аз муъоҳидот, беэътиноӣ ба қатъномаҳо ва тазъифи созмонҳои байналмилалӣ, ин паёмро ба ҷаҳон мухобира карда, ки таъаҳҳудоти ҳуқуқӣ то замоне муҳтараманд, ки бо манофеи кӯтоҳмуддати қудратҳо таъоруз надошта бошанд. Дар чунин фазое, кишварҳо ба ҷои такя бар ҳуқуқ ва ниҳодҳо, ба рақобати таслеҳотӣ, эътилофҳои муваққату мантиқи боздорандагии хашин рӯй меоваранд, ки ба маънои бозгашт ба мантиқи бақо дар ҷангал аст.

Чаҳорумин далел, чандпорагӣ ва тикка тикка шудани назми ҷаҳонӣ аст. Афзоиши теъдоди бозигарони ғайридавлатии мусаллаҳ, ширкатҳои фаромилии қудратманду шабакаҳои фаромиллӣ боис шуда, ки марз миёни ҷангу сулҳ, дохилӣ ва байни алмилалӣ ва ҳатто миёни ҷурми созмонёфта ва мунозиъаи мусаллаҳона мубҳам шавад. Қавоиди суннатии ҳуқуқи байналмилал, ки умдатан барои танзими рафтори давлатҳо тарроҳӣ шуда буд, дар баробари ин воқеияти печида дучори шикоф ва нотавонӣ аст. Вақте бозигароне ворид майдон мешаванд, ки на узви муъоҳидотанд, на худро муқайяд ба онҳо медонанд, фазои хокистарие шакл мегирад, ки дар он хушунат бидуни чорчӯби ҳуқуқӣ густариш меёбад.

Дар ниҳоят, изъони Гутерриш ба «ҳокимияти қонӯни ҷангал», як ҳушдор ва дар айни ҳол як даъват аст. Ӯ мехоҳад нишон диҳад, ки агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба бозсозии эътимод ба ҳуқуқи байналмилал, ислоҳи ниҳодҳое монанди Шӯрои амният, тақвияти созукорҳои посухгуӣ ва поён додан ба стандартҳои дугона тан надиҳад, ҷаҳон ба самти вазъияте меравад, ки дар он адолату амнияти пойдор бемаъно хоҳад буд.