Амрикои Трамп; бозгашт ба мантиқи зӯр дар сиёсати ҷаҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124048-Амрикои_Трамп_бозгашт_ба_мантиқи_зӯр_дар_сиёсати_ҷаҳонӣ
Порс Тудей - Сиёсатҳои давлати Доналд Трамп дар давраи дувуми раёсатҷумҳурӣ, бо тамаркуз бар таслиҳгарӣ, ҳимояти беқайду шарт аз режими саҳюнистӣ ва ташдиди фишорҳои дохилӣ, чеҳрае нигаронкунанда аз Амрико тарсим кардааст; чеҳрае, ки фосилае ошкор бо чандҷонибагароӣ ва мавозини ҳуқуқи башар дорад.
(last modified 2026-02-01T12:52:17+00:00 )
Феврал 01, 2026 17:51 Asia/Dushanbe
  • Амрикои Трамп; бозгашт ба мантиқи зӯр дар сиёсати ҷаҳонӣ

Порс Тудей - Сиёсатҳои давлати Доналд Трамп дар давраи дувуми раёсатҷумҳурӣ, бо тамаркуз бар таслиҳгарӣ, ҳимояти беқайду шарт аз режими саҳюнистӣ ва ташдиди фишорҳои дохилӣ, чеҳрае нигаронкунанда аз Амрико тарсим кардааст; чеҳрае, ки фосилае ошкор бо чандҷонибагароӣ ва мавозини ҳуқуқи башар дорад.

Дар соли гузашта ва соли ҷории милодӣ (2025 ва 2026) сиёсати хориҷии Амрико беш аз ҳар замони дигаре бар абзори низомӣ ва мантиқи қудрат муттакӣ шуд. Вашингтон зимни ҳифзи ҷойгоҳи худ ба унвони бузургтарин содиркунандаи таслеҳот, доманаи нуфузи таслеҳотиашро аз Ғарби Осиё то Шарқи Осиё густариш дод. Қарордодҳои калони низомӣ бо Имороти Арабии Муттаҳида ва Арабистон дар буҳбуҳаи буҳронҳои Яману Дарёи Сурх, ба ташдиди бесуботии минтақаӣ доман зад ва тавозуни амниятиро барҳам зад.

Ин раванд дар Шарқи Осиё низ такрор шуд; ҷое ки фуруши ҷангандаҳо ва сомонаҳои падофандӣ ба Тайван, таниш миёни Вашингтону Пекинро вориди марҳалае ҳассос тар кард. Дар Фаластини ишғолӣ, Амрико бо тасреъи ирсоли муҳимоту таслеҳоти пешрафта ба режими саҳюнистӣ, амалан аз идомаи ҳамалоти густарда ба Ғазза ҳимоят кард; ҳамалоте, ки бино бар гузориши ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ, бештарин қурбониёни он ғайринизомиён будаанд.

Ҳамзамон, табаъияти комили Кохи Сафед аз сиёсатҳои Тел Авив ба яке аз шохисаҳои аслии ин давра табдил шуд. Афзоиши кумакҳои низомӣ, ветои қатъномаҳои интиқодӣ дар Шӯрои амният ва ҳимоят аз шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарӣ, нишон дод, ки Вашингтон на танҳо нақши миёнҷиро канор гузошта, балки ба ҳомии бечуну чарои ишғолгарӣ бадал шудааст. Хурӯҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал низ дар ҳамин чорчӯб қобили арзёбӣ аст.

Дар дохил, сиёсатҳои сахтгиронаи муҳоҷиратӣ ва ихроҷи густардаи муҳоҷирон, чеҳрае амниятӣ ва баста аз ҷомеъаи Амрико тарсим кард. Маҷмӯи ин таҳаввулот, тасвире аз Амрикои имрӯз ироа медиҳад, ки барои муттаҳидонаш ғайриқобили пешбинӣ ва барои низоми байналмилал, манбаи тоза аз ноамнӣ ва бесуботӣ аст.