Эъломи ҳимояти пайравони адён ва андешмандони ҷаҳон аз имом Хоманаӣ
-
Имом Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ
Порс Тудей - Ҷамъе аз пайравони адёни илоҳӣ, андешмандону фаъолони байналмилалӣ аз 20 кишвари ҷаҳон бо судӯри баёнияе муштарак, ҳимояти худро аз имом Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ эълом карданд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, баёнияи ҷамъе аз пайравони адёну озодагони ҷаҳон дар бораи раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шарҳи зайл аст: Мо, ҷамъе аз пайравони адёни илоҳӣ, андешмандони мустақилу озодагони ҷаҳон аз миллатҳо ва фарҳангҳои гӯногӯн, бар он шудем, дидгоҳи худро дар бораи шахсияте баён кунем, ки нақши ӯ фаротар аз марзҳои эътиқодӣ ва сиёсӣ, дар таҳаввулоти фикрӣ ва ахлоқии ҷаҳони муосир қобили тааммул аст.
Ҳазрати оятуллоҳ Саидалии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ, аз ҷумлаи раҳбароне аст, ки дар ҷаҳоне оканда аз сиёсатзадагӣ, меъёрҳои дугона ва султаталабӣ, ҳамчунон бар усӯле, чун каромати инсонӣ, истиқлоли миллатҳо, адолату муқовимат дар баробари зулм пой мефишорад. Ончӣ таваҷҷуҳи моро ҷалб карда, на тааллуқи динии эшон, балки пойбандии мустамар ба усӯли ахлоқӣ, шуҷоат дар тасмимгирӣ ва нигоҳи тамаддунӣ ба ояндаи башар аст. Дар асре, ки бисёре аз раҳбарони ҷаҳонӣ дар баробари қудрату сарват дучори инфеъол ё созиш мешаванд, эшон намояндаи садое аст, ки аз ҳаққи миллатҳо барои таъйини сарнавишти худ дифо мекунад ва ин масирро бо огоҳӣ аз ҳазинаҳо идома медиҳад. Ин вижагӣ, ҳатто барои касоне, ки ба низоми фикрӣ ё сиёсии Эрон тааллуқ надоранд, қобили эҳтиром ва тааммул аст.
Мо бар ин боварем, ки ҷаҳон имрӯз беш аз ҳар замони дигар, ниёзманди раҳбароне аст, ки реша дар ҳувият, истиқлоли раъй ва тааҳҳуди ахлоқӣ дошта бошанд. Аз ин манзар, нақши оятуллоҳ Хоманаӣ дар тақвияти гуфтумони муқовимат дар баробари беадолатӣ ва султа, падидае муҳим дар муъодилоти фикрии ҷаҳони муосир башумор меояд. Ин баёния, баёни эҳтироми мо ба улгӯе аз раҳбарии мубтанӣ бар усӯли инсонӣ ва масъулияти торихӣ аст; улгӯе, ки фаротар аз марзбандиҳои динӣ ва сиёсӣ, шоистаи таваҷҷуҳ, гуфтугӯ ва баррасии мунсифона дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.