Январ 23, 2017 21:49 Asia/Dushanbe
  • Раёсати дубораи Медведев бар ҳизби ҳокими Русия ва пешбинии ҳаракатҳои ҷадид

Раёсати Дмитрий Медведев бар ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” барои як давраи панҷсолаи дигар тамдид шуд. Интихоби муҷаддади Медведов ба ин симмат рӯзи якшанбе дар нишасте бо ҳузури ҳудуди ҳазор нафар аз аъзои баландпояи Ҳизби “Русия воҳид” аз 85 ҷумҳурӣ ва вилояти ин кишвар ба сурати ошкоро ва ҳузури хабарнигорон бо раъйгирии шифоҳӣ таъйид шуд.

Ба назар мерасад, раёсати муҷаддади Медведов ба Ҳизби “Русияи воҳид” на фақат нишонае дар бораи афзоиши эҳтимоли номзадии Владимир Путин дар интихоботи соли 2018 барои чаҳорумин давраи раёсатҷумҳурӣ аст, балки таъкиде ба азми Путин барои анҷом додани бархе ислоҳоти асосӣ дар сохтори ҳокимияти Русия маҳсуб мешавад. Медведев, раисҷумҳури собиқи Русия дар соли 2012, пас аз поёни ин масъулият раёсати ҳизби ҳокимро ба уҳда гирифт ва Путин низ пас аз як давраи нахуствазирӣ ба Кохи Керемл бозгашт, ки то соли 2018 раёсатҷумҳурии ӯ идома дорад. Путин аз оғози давраи сеюми раёсатҷумҳурии худ дар моҳи марти соли 2012 Медведевро ба унвони нахуствазири Русия таъйин карда, мутобиқи Қонуни Асосӣ низ метавонад бар асоси ислоҳоти анҷомшуда як давраи дигари шашсола дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ширкат кунад.

Шавоҳид ҳокӣ аз он аст, ки Путин қасд дорад, то тағйирот ва ислоҳоти густурдаеро дар сатҳи мақомоти аршади Русия бо ҳадафи беҳбуди короӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши фасоди молию идорӣ дар дохил ва афзоиши коромадии дастгоҳи сиёсати хориҷии Русия дар хориҷ сурат диҳад. Дар ин росто дар ҷаласаи ахири кобина ба раёсати Путин, ки Алексей Кудрин, муовини собиқи нахуствазир ва вазири молияи пешини Русия низ ҳузур дошт, мавзӯи таъйини ҳукумати ҷадид матраҳ шудааст. Бад-ин тартиб метавон раёсати муҷаддади Медведов бар Ҳизби “Русия воҳид”-ро муқаддимаи тағйири нахуствазир ва дар натиҷа, рӯйи кор омадани як ҳукумати ҷадид дар Русия арзёбӣ кард.

Дар воқеъ, бо густариши бесобиқаи фасоди идорӣ ва молӣ дар дастгоҳи ҳокими Русия Путин дар садади тағйири роҳбурди кунунии ҳукумат аст ба наҳве, ки аз дастурот ва раҳнамудҳои Путин дар заминаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба таври комил пайравӣ кунад. Яке аз мавориди боризи фасод дар ҳукумати кунунии Русия дастгир ва зиндонӣ шудани Алексей Улюкаева, вазири собиқи рушди иқтисодӣ ба ҷурми фасоди молӣ ва ришвахорӣ буд, ки чанде қабл сурат гирифта, сару садои зиёде, чӣ дар дохил Русия ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ, эҷод кард.

Аз назари Путин, ин иддао, ки иқдомоти иқтисодии ҳукумати кунуни Русия дар масири дурусте қарор дорад ва бо андаке сабр масоилу мушкилоти печидаи иқтисодии Русия ҳаллу фасл мешавад ва вазъияти номусоиди кунунӣ беҳбуд меёбад, нодуруст аст. Ба ҳамин далел ӯ дар садади интихоби тими иҷроия ва роҳбурди ҷадиде барои бурунрафти иқтисоди Русия аз авзои номатлуби кунунӣ аст, ки таҳти таъсири коҳиши баҳои нафт дар ду соли ахир ва низ таҳримҳои густурдаи Ғарб алайҳи Русия бо вазъияти номусоиде дар заминаи молию иқтисодӣ мувоҷеҳ аст. Дар ин росто Путин талош ба судури дастурамалҳо карда, умед дорад, ки бо амалӣ кардани онҳо шароити лозим барои хурӯҷ аз рукуди иқтисодию рушди иқтисоди Русия фароҳам мешавад ва авзои иқтисодӣ беҳбуд меёбад. Дар айни ҳол пешбинӣ мешавад, ки Путин барои эҷоди ҳаракатҳои ҷадид дар арсаи сиёсати хориҷӣ бо таваҷҷуҳ ба интишори докторинаи ҷадиди сиёсати хориҷӣ дар моҳи декабри соли 2016 тими сиёсати хориҷии ин кишвар, аз ҷумла Сергей Лавров, вазири умури хориҷии кунуниро тағйир диҳад, то бад-ин тартиб Маскав дар арсаи масоили мухталифи сиёсати хориҷӣ аз буҳрони Украина то буҳрони Сурия ва низ барои ҳамкорӣ бо ҳукумати ҷадиди Амрико пӯёии ҷадидеро аз худ ба намоиш бигузорад.

 

Барчасп