Истиқбол аз китоби хотироти Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ дар Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124684-Истиқбол_аз_китоби_хотироти_Раҳбари_шаҳиди_Инқилоби_Исломӣ_дар_Чин
Порс Тудей- Интишори тарҷумаи чинии китоби «Хуни диле, ки лаъл шуд» дар сакуҳои интишори Чин бо истиқболи густурдаи мухотабон мувоҷеҳ шудааст.
(last modified 2026-04-28T02:14:58+00:00 )
Апрел 28, 2026 07:08 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз китоби хотироти Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ дар Чин
    Истиқбол аз китоби хотироти Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ дар Чин

Порс Тудей- Интишори тарҷумаи чинии китоби «Хуни диле, ки лаъл шуд» дар сакуҳои интишори Чин бо истиқболи густурдаи мухотабон мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, тарҷумаи чинии китоби «Хуни диле, ки лаъл шуд» дар сакуҳои интишори Чин бо истиқболи густурдаи мухотабон мувоҷеҳ шудааст. Ин китоб, ки ба баёни хотироти ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ (р), Раҳбари шаҳиди Инқилоб мепардозад, баъд аз шаҳодати эшон мавриди таваҷҷуҳи мухотабони чинӣ қарор гирифтааст.

Нусхаи чопии ин китоб ду сол қабл дар Чин мунташир шуд ва ахиран нусхаи диҷиталии он дар сакуҳои интишори бархати кишвари Чин дар ихтиёри алоқамандон қарор гирифта, ки бо истиқболи мухотабон мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши ношири ин китоб дар Чин, хариди ин асар баъд аз шаҳодати Раҳбари Инқилоб ва афзоиши алоқамандии чиниҳо барои шинохти бештари эшон ба шакли маҳсусе афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин интишори бахшҳое аз ин асар дар саҳифаҳои маҷозии ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин бо ҳадафи дастрасии муҳаққиқон ва алоқамандон ба шахсияти Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ ба хотирот, ёддоштҳо ва зиндагинома ва бахусус видеоҳои мунташиршуда аз зиндагии содаи эшон низ бо истиқболи хуби алоқамандон дар сипеҳри роёнаии Чин, мувоҷеҳ шудааст.

Китоби «Хуни диле, ки лаъл шуд» ду сол қабл ба ҳиммати ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин бо тарҷумаи оқои Чи Вен Денг, устоди донишгоҳи мутолиоти байналмилалии Пекин дар қолаби тарҳи тарҷумаи осори ду кишвари Эрон ва Чин ва ҳамзамон бо 30-юмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Пекин рӯнамоӣ ва ба бозори нашри Чин арза шуд.

Мутарҷими чинии китоби «Хуни диле, ки лаъл шуд», афзоиши истиқболи мухотабон аз ин асарро нишонаи алоқамандии чиниҳо ба дарк ва фаҳми беҳтар аз воқеиятҳои зиндагии Раҳбари шаҳиди Инқилоб ва ошноии бештар бо сулуки он раҳбари бузурги сиёсӣ ва шахсияти динӣ ва барҷастаи ҷаҳони муосир донист.

Ин устоди донишгоҳи Пекин афзуд: Дар миёни осори мутааддиде, ки аз форсӣ ба чинӣ тарҷума кардаам, китоби «Хуни диле, ки лаъл шуд» ҷойгоҳи вижае дорад, зеро фикр мекунам ин китоб қадаме ҳарчанд кучак дар ростои муаррифии шахсияте аст, ки нақши барҷастае дар ҷаҳони муосири мо дошт ва шинохти шахсият ва дидгоҳҳои ӯ барои ҳар фарде, ки мехоҳад дарки беҳтаре аз воқеиятҳои ҷаҳони кунунӣ дошта бошад, як зарурат аст.

Вай, ки то кунун ашъоре аз Ҳофиз ва Низомӣ ва бархе дигар аз осори адабиёти забони форсиро ба чинӣ тарҷума кардааст, гуфт: Вақте мутолиаи ибтидоии китобро анҷом додам, ривояти зиндагии содаи Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бар ман таъсир гузошт ва зимни он мутаваҷҷеҳ шудам, ки эшон чӣ афкори баландмартабае дар заминаи ваҳдати исломӣ дошта ва барои амалӣ кардани он ва ваҳдат миёни шиа ва суннӣ талошҳои тоқатфарсое анҷом додаанд.