Arab Journal: «Тарҳи Озодӣ» такрори шикасти стратегии Амрико аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124762-arab_journal_Тарҳи_Озодӣ_такрори_шикасти_стратегии_Амрико_аст
Порс Тудей — Пойгоҳи хабарии «Arab Journal» навишт: Дар чорчӯби талошҳои пай дар пайи Амрико барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва шикастани сайтара (тасаллут)-и дарёии Эрон бар ин оброҳи роҳбурдӣ, давлати Трамп тарҳи ҷойгузине бо унвони «Тарҳи Озодӣ»-ро оғоз карда, ки аз қабл проекте (тарҳе) шикастхӯрда аст.
(last modified 2026-05-05T07:16:29+00:00 )
Май 05, 2026 12:14 Asia/Dushanbe
  • Arab Journal: «Тарҳи Озодӣ» такрори шикасти стратегии Амрико аст

Порс Тудей — Пойгоҳи хабарии «Arab Journal» навишт: Дар чорчӯби талошҳои пай дар пайи Амрико барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва шикастани сайтара (тасаллут)-и дарёии Эрон бар ин оброҳи роҳбурдӣ, давлати Трамп тарҳи ҷойгузине бо унвони «Тарҳи Озодӣ»-ро оғоз карда, ки аз қабл проекте (тарҳе) шикастхӯрда аст.

Пойгоҳи хабарии «Араб Журнал» дар гузорише навишт: Тибқи гузоришҳо ва ҳамонтавр, ки мақомҳои фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (Сенткам) эълом кардаанд, тарҳи «Проекти Озодӣ»-и Амрико шомили истиқрори ягонҳое аз новгони панҷуми Амрико бо пуштибонии нерӯи ҳавоӣ муташаккил аз 100 ҷети ҷанганда ва 15 ҳазор нерӯи инсонӣ аст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, дар гузориши «Араб Журнал» омадааст, ки ҳадафи иддаоии Амрико аз тарҳи «Проекти Озодӣ», таъмини амнияти як хатти киштиронӣ барои нафткашҳо аст, дар ҳоле ки ҳадафи воқеӣ, дастёбӣ ба як пешрафти ҷузъӣ дар контроли тангаи Ҳурмуз ва эҷоди як дастоварди тактикии маҳдуд барои пӯшондани шикасти роҳбурдии нерӯи дарёии Амрико дар талошҳои қаблии худ барои шикастани контроли Эрон аст.

«Arab Journal» изофа кард: Фармондеҳии марказии Амрико (Сенткам) рӯзи душанбе гаштзании махфиёнаеро бо ду новшикан оғоз кард, ки пас аз хомӯш кардани фиристондаҳои худ ва бастани каналҳои иртиботӣ, ба самти тангаи Ҳурмуз ҳидоят шуданд, то дар сукут, ба наздиктарин нуқта ба танга бирасанд. Ин тактика ба таври зимнӣ изъон мекунад, ки марҳалаи аввали ин тарҳ, таҳрик, озмоиши вокуниши Теҳрон ва санҷиши омодагии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои боздорандагӣ аст ва дақиқан ҳамон чизест, ки иттифоқ афтод.

Дар ин гузориш омадааст: Посухи Эрон сареъ ва қотеъ буд. Ягонҳои дарёии Артиш ва Сипоҳи посидорони инқилоби исломӣ новшиканҳоро раҳгирӣ карданд ва ҳамлаҳои ҳушдордиҳанда бо истифода аз навъҳои мухталифи мушакҳои крузи зиддикиштӣ анҷом шуд. Ҳамзамон, чаҳор нафткаш пас аз ҳамлаҳои тактикии ғофилгирона тавқиф ва бозгардонда шуданд.

«Араб Журнал» афзуд: Ин вокуниши сареъ, ки аз марҳалаи назорат ба раҳгирӣ ва даргирӣ мунтақил шуд, сарфи назар аз сенария, нишондиҳандаи омодагии Эрон ва қотеияти мавзеи амалиётии он барои дарҳам шикастани ҳар гуна иқдомест, ки таҳримҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Ин гузориш меафзояд: Арзёбии натоиҷи ин даргирӣ собит кард, ки «Тарҳи Озодӣ», ки ҳанӯз дар марҳалаҳои аввалияи худ аст, аз қабл шикаст хӯрдааст.