Чин: Мавозеи Пекин дар бораи Эрон равшан ва собит аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124840-Чин_Мавозеи_Пекин_дар_бораи_Эрон_равшан_ва_собит_аст
Порс Тудей — Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин зимни маҳкум кардани «таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунӣ»-и Вашингтон алайҳи се ширкати чинӣ ба иттиҳоми иддаоии ҳамкорӣ бо Эрон, таъкид кард, ки ин иқдомоти «якҷониба ва ғайриқонунӣ» ҳеҷ тағйире дар мавозеи собити Пекин дар бораи Эрон эҷод нахоҳад кард.
(last modified 2026-05-12T05:52:18+00:00 )
Май 12, 2026 10:47 Asia/Dushanbe
  • Гуо Ҷякун, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин
    Гуо Ҷякун, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин

Порс Тудей — Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин зимни маҳкум кардани «таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунӣ»-и Вашингтон алайҳи се ширкати чинӣ ба иттиҳоми иддаоии ҳамкорӣ бо Эрон, таъкид кард, ки ин иқдомоти «якҷониба ва ғайриқонунӣ» ҳеҷ тағйире дар мавозеи собити Пекин дар бораи Эрон эҷод нахоҳад кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Гуо Ҷякун, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар нишасти имрӯз (душанбе) дар посух ба саволи хабарнигори хабаргузории Фаронса (AFP) мабнӣ бар таҳрими ширкатҳои чинӣ аз сӯи Амрико ба иттиҳоми иддаоии ироаи тасовири моҳвораӣ ба Эрон ва иртиботи он бо сафари ҳафтаи ҷории «Доналд Трамп», раисиҷумҳури Амрико ба Чин, изҳор дошт: «Чин қотеона бо таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунӣ, ки фоқиди мабнои ҳуқуқи байналмилал буда ва бидуни иҷозаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид эъмол мешаванд, мухолиф аст».

Амрико муддаӣ шудааст, ки ин ширкатҳои чинӣ бо ироаи тасовири моҳвораӣ, дар амалиётҳои низомии муртабит бо Эрон нақш доштаанд; иддаое, ки Пекин онро рад карда ва дар чорчӯби сиёсати фишор ва таҳрими Вашингтон арзёбӣ мекунад.

Вазорати хазонадории Амрико ахиран 10 фард ва ширкатро бо иддаои кумак ба нерӯҳои мусаллаҳи Эрон барои таъмини таслиҳот ва маводи хоми қобили истифода таҳрим кардааст.

Гуо Ҷякун афзуд: «Чин ҳамеша аз ширкатҳои худ хостааст фаъолиятҳояшонро дар чорчӯби қавонин ва муқаррарот анҷом диҳанд ва дар айни ҳол, Пекин қотеона аз ҳуқуқ ва манофеи машрӯи ширкатҳои чинӣ ҳимоят хоҳад кард».

Вай ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти марбут ба Эрон, таъкид кард: «Мавзеи Чин дар бораи масъалаи Эрон равшан ва собит аст».

Сухангӯи дастгоҳи дипломатияи Чин афзуд: «Авлавияти фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд талоши ҳамаҷониба барои ҷилавгирӣ аз оғози дубораи ҷанг ва ташдиди танишҳо бошад, на ин ки аз даргириҳо барои барчаспзании мухриб ва бадномсозии дигар кишварҳо истифода шавад».