Медведев: Кишварҳои ғарбӣ муҷозот мешаванд
Порс Тудей - Муовини Шӯрои амнияти Русия эълом кард, сарони кишварҳои ғарбӣ ба далели ҷиноёте, ки дар талош барои нобудии Русия муртакиб шудаанд, бо муҷозот рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Дмитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти Русия гуфт, поёни даврони кории Зеленский наздик аст. Агар украиниҳо раҳбарони ҷадид ва оқилк пайдо накунанд, ин кишвар бо нобудии иҷтинобнопазир рӯбарӯ хоҳад шуд.
Вай афзуд, Аврупо натавонист Русияро дар Украина шикаст диҳад, аммо хисорати азиме ба худ ворид кард. Ғарб ба сиёсати риёкоронаи худ идома медиҳад ва ба ҷои мусолиҳа ва миёнҷигарӣ, зарбулаҷал ва ирсоли таслеҳотро интихоб мекунад. Ғарб мекӯшад ба ҳар василае Русияро нобуд кунад ва барои ин кор афроде ҷинояткор монанди Саакашвили ё Зеленскийро ба хизмат мегирад.
Медведев афзуд, сарони кишварҳои ғарбӣ ба далели ҷиноёте, ки дар талош барои нобудии Русия муртакиб шудаанд, бо муҷозот рӯбарӯ хоҳанд шуд. Дипломасии Ғарб ба унвони абзоре барои ҳалу фасли буҳронҳои сиёсӣ, эътибори худро комилан аз даст додааст. Русия ҳеҷ аҳаммияте ба назари Ғарб ҷамъӣ намедиҳад; манофеи миллии худи ин кишвар муҳимтар аз ҳар чизи дигаре аст.