Антонио Гутерриш : Гегемонияи якҷонибаи Амрико дар ҳоли уфул аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125500-Антонио_Гутерриш_Гегемонияи_якҷонибаи_Амрико_дар_ҳоли_уфул_аст
Порс тудей - Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Милал гуфт : Таҷовузи низомӣ алайҳи Эрон маҳдудиятҳои султаи абарқудратҳоро ошкор кард.
(last modified 2026-08-26T05:30:30+00:00 )
Август 26, 2026 10:26 Asia/Dushanbe
  • Антонио Гутерриш , дабири кулли Созмони Милал
    Антонио Гутерриш , дабири кулли Созмони Милал

Порс тудей - Антонио Гутерриш-дабири кулли Созмони Милал гуфт : Таҷовузи низомӣ алайҳи Эрон маҳдудиятҳои султаи абарқудратҳоро ошкор кард.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Антонио Гутерриш дар мусоҳиба бо рӯзномаи англисии Файненшэл таймс, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд , ҳамзамон бо наздик шудан ба поёни давраи фаъолияти даҳсолаи худ дар симати дабири кулии Созмони Милал , ҷаҳонеро тавсиф кард, ки дар асари уфули гегемонияи якҷонибаи Амрико ва дарсҳои сангини бархоста аз « ҷангҳои интихобӣ » дар ҳоли тағйир аст ; ҷангҳое ки дар онҳо абарқудратҳои даврони ҷанги сард натавонистаанд ба пирӯзиҳои қотеъ даст ёбанд .
Гутерриш таъкид кард, ки даврони таҳмили натиҷаҳои ҷаҳонӣ аз сӯи абарқудратҳо бо истифода аз зӯр ба поён расидааст .
Ӯ бо баёни инки ислоҳи Шӯрои Амният « иҷтинобнопазир аст » афзуд : « Замони он расидааст, ки абарқудратҳо маҳдудиятҳои қудрати худро дарк кунанд . Агар ба ончӣ дар даврони ахир иттифоқ афтода нигоҳ кунед , зарфияти абарқудратҳо барои таҳмили ирода , қудрат ё неруи худ дар мавқеъиятҳои мухталиф ба шиддат маҳдуд шудааст . »

Гутерриш бо ишора ба ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон таъкид кард : Ба ончӣ дар мавриди Амрикову Эрони иттифоқ афтодааст , нигоҳ кунед . Амрико умедвор буд, ки Теҳрон ҳангоми ҳамла дар моҳи феврал таслим шавад , аммо шаш моҳ баъд  Эрон муқовимат мекунад ва тангаи Ҳурмуз-муҳимтарин оброҳи энержии ҷаҳонро бастааст . Бинобарин , абарқудратҳо бояд дарк кунанд, ки авзоъ тағйир ва вазни кишварҳои мухталиф низ тағйир кардааст.