Эъломи таътил дар беш аз ҳазор мактаби Афғонистон ба далели ноамнӣ
(last modified Thu, 26 Jan 2017 11:58:57 GMT )
Январ 26, 2017 16:58 Asia/Dushanbe
  • Эъломи таътил дар беш аз ҳазор мактаби Афғонистон ба далели ноамнӣ

Дар беш аз 1100 мактаби Афғонистон ба иллати ноамнӣ таътил эълом шудааст.

Ба гузориши Пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Толибон то кунун садҳо мактаб, аз ҷумла мактабҳои духтаронаро дар манотиқи таҳти ишғоли худ дар Афғонистон таътил кардааст, ки дар натиҷа, беш аз даҳ ҳазор талабаи афғон аз таҳсил бозмондааст. Ҳамзамон ниҳодҳои мадании Афғонистон аз ба оташ кашида шудани мактабҳо аз сӯйи Толибон дар манотиқи мухталифи ин кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд.

Идомаи ноамниҳо дар Афғонистон дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷадиди Амрико бар идомаи ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон таъкид кардааст. Трамп дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон гуфт, теъдоди низомиёни Амрико дар Афғонистон афзоиш меёбад. Ҳамакнун ҳудуди даҳ ҳазор низомии хориҷӣ бо фармондеҳии Амрико дар Афғонистон ҳузур дорад.

Амрико соли 2001 бо баҳонаи нобуд кардани Толибон ва “ал-Қоида” ба Афғонистон лашкаркашӣ ва бо мушорикати НАТО то соли 2014 беш аз 130 ҳазор нерӯи низомиро дар Афғонистон мустақар кард. Нокомии Амрико дар таъмини амният, фурӯ рафтани нерӯҳои ин кишвар ва НАТО дар ботлоқи Афғонистон боис шуд, то Вашингтон бо доман задан ба ноамнӣ дар Афғонистон дар садади тақвияти нерӯҳои худ дар ин кишвар шавад.