Пайгирии ҳуқуқии тавқифи киштии эронии «Тоска» ҳомили дору дар маҷомеи байналмилалӣ
Порс Тудей – Мудир омили гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо эъломи инки киштии тиҷори «Тоска» ҳомили ақломи доруӣ барои беморони хоси эронӣ будааст, ҳамлаи новгони Амрико ба ин шиновар дар замони оташбасро мисдоқи «ҷинояти ҷангӣ» хонд ва аз пайгирии ҳуқуқии ин парванда дар мароҷеъи қазоии байналмилалӣ хабар дод.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадризо Мударриси Хиёбонӣ, мудиромили гуруҳи киштиронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷмаъи умумии одии солиёнаи гуруҳи киштиронӣ, дар ташреҳи ҷузъиёти иқдоми ғайриқонӯнӣ алайҳи шиновари континерии «Тоска» изҳор дошт: Ин киштӣ комилан маъмурияти тиҷорӣ дошта ва мутобиқи Конвенсияҳои байналмилалии дарёнавардӣ, дорои ҳаққи убӯри озод будааст. Тааррузи низомӣ ба ин шиновар дар шароите рух дод, ки кишвар дар даврони оташбас басар мебурд; бинобар ин, ҳар гуна ҳамла ба новгони бозаргонӣ дар чунин шароите, ҷинояти ҷангӣ ва нақзи сареҳи оташбас маҳсӯб мешавад.
Вай бо ишора ба ғайриқонӯнӣ будани эъмоли муҳосираи дарёӣ тавассути Амрико алайҳи хутути киштиронии тиҷории Эрон, афзуд: Киштии Тоска ҳомили доруҳои ҳаётии Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон бавижа барои беморони диялизӣ буд, ки аз сӯи неруии дарёии Амрико ҳадафи исобат ба бахши моторхона қарор гирифт ва дар пайи он, 28 хадамаи шиновар ба ҳамроҳи ду тан аз ҳамсарон ва як фарзанди 11 солаи персонел, ба гаравгон гирифта шуданд.
Мударриси Хиёбонӣ тасреҳ кард, ҳаракати ин шиновар ба самти банодири Эрон, тасмими коршиносӣ ва дар ростои таъмини ниёзҳои асосии ҷомеъа будааст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ин таҷовузи ошкорро аз тариқи танзими додхосту пайгирӣ дар маҳокими байналмилалӣ дунбол хоҳад кард.
Вай бо тамҷид аз пойдорӣ ва шуҷоати капитан ва хадамаи ин шиновар таъкид кард: Новгони тиҷории Эрон дар хати муқаддами дифо аз манофеи миллӣ қарор дорад. Рухдодҳои ахир ва талош барои инсидоди хутути мувосилотӣ собит кард, ки беш аз 85 дарсади бори тиҷории кишвар вобаста ба шарёнҳои дарёӣ аст ва сиёнат аз дарёнавардӣ, нақши мустақим дар тобоварии иқтисоди миллӣ ва амнияти дипломатӣ ифо мекунад.