Январ 28, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди занон дар артиши Афғонистон

Вазорати дифои Афғонистон аз афзоиши теъдоди занон дар артиши ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши “Ассошейтед пресс”, Муҳаммад Родманиш, муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон рӯзи ҷумъа эълом кардааст, Вазорати дифои ин кишвар дар назар дорад, ҳузури занонро дар артиш бо маош ва дастмузди вижа то даҳ дарсад афзоиш диҳад. Ӯ гуфтааст, ҳамакнун се-чаҳор дарсади артиши Афғонистонро занон ташкил медиҳанд, ки ин рақам бисёр ночиз аст.

Вазорати дифои Афғонистон пас аз дархости паноҳандагӣ кардани як зани халабони афғон аз Амрико ин тасмимро гирифтааст. Нилуфар Раҳмонӣ, халабони 25-солаи афғон, ки барои гузарондани давраи омӯзишии 18-моҳа озими Амрико шуда буд, моҳи декабри соли гузашта ба далели тарс аз набудани амният дар Афғонистон аз Амрико дархости паноҳандагӣ карда буд. Дархости паноҳндагии ӯ аз Амрико баҳсҳои густурдаеро дар бораи ноамнӣ ва ҳуқуқи зан дар Афғонистон эҷод кард. Раҳмонӣ, ки соли 2013 Ҷоизаи занони шӯҷоъро аз Вазорати умури хориҷии Амрико дарёфт карда буд, намоде аз талош барои рушди занони афғон маҳсуб мешуд.

 

Барчасп