Январ 28, 2017 19:55 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мусулмонони Ню-Йорк дар эътироз ба сиёсатҳои муҳоҷиратии ҷадиди Амрико

Мусулмонони Ню-Йорк дар эътироз ба фармони муҳоҷиратии ҷадиди Амрико, ки бештари кишварҳои исломиро ҳадаф қарор додааст, тазоҳурот карданд.

Беш аз сад нафар аз мусулмонон дар Ню-Йорк алайҳи фармони Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико бо унвони «ҳимоят аз мардум дар баробари террористҳои хориҷӣ дар Амрико» , ки ҷумъа шаб барои дастгоҳи ҳукумати ҷадиди ин кишвар содир шуд тазоҳурот карданд.

Бар асоси фармони Трамп, шаҳрвандони 7 кишвари мусулмон, то се моҳ иҷоза нахоҳанд дошт, по ба хоки Амрико бигузоранд, ки ин чархиши муҳим дар сиёсати муҳоҷиратӣ маҳсуб мешавад.

Бо судури ин фармон, барномаи пазириши муҳоҷирон ба муддати се моҳ ва ҳамчунин барномаи вуруди оворагони сурӣ ба хоки Амрико ба муддати чаҳор моҳ ба ҳолати таълиқ дармеояд.

Трамп дар фармони ҷадиди муҳоҷирати худ, дар маҷмуъ 7 кишвари мусулмон шомили Ироқ, Эрон, Либия, Сомалӣ, Судон, Сурия ва Яманро ҳадаф қарор додааст.

Ба ин тартиб вуруди шаҳрвандони ин кишварҳо ба Амрико мамнуъ мешавад.

Пеш аз ин Трамп, дар рақобатҳои интихоботии худ ваъда дода буд, дар даврони раёсатҷумҳурӣ аз вуруди мусулмонон ба Амрико ҷилавгирӣ мекунад.