Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба манъи вуруди мусулмонон ва муҳоҷирон ба Амрико
Шахсиятҳо, созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, тасмими Доналд Трамп- раисиҷумҳури Амрикоро барои маҳдуд кардани вуруди бархе муҳоҷирон ва мусулмонон ба хоки Амрико, нажодпарастона ва ғайриинсонӣ донистанд.
Ба гузориши ИРНА, чанди Созмони амрикоии мудофеи ҳуқуқи башар аз ҷумла Маркази ҳуқуқии муҳоҷирати миллӣ ва Иттиҳодияи Озодиҳои Шаҳрвандии Амрико ба далели сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп, зидди ӯ ва Ҷон Келли-вазири амнияти дохилии Амрико шикояти ҳуқуқӣ карданд.
Ҳамчунин Шӯрои равобити исломӣ-амрикоӣ ба маҳзи имзои ин дастур, раванди шикоят аз Трампро оғоз кард.
Пажӯҳишгарон ва устодони донишгоҳҳои Амрико низ бо имзои баёнияе эълом карданд, фармони иҷрои Трамп дар бораи муҳоҷирон зарбаи шадид ба собиқа ва хушномии Донишгоҳи Амрико мезанад.
Ҳиллари Клинтон-вазири умури хориҷаи собиқи Амрико ҳам ҳимояти худро аз эътирозот дар мухолифат бо сиёсатҳои давлати ҷадид, дар бораи мамнуъияти вуруд муҳоҷирон эълом кард.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи Академияи улум ва ҳунарҳои синамоӣ (Оскар) аз ин, ки Асғари Фарҳодӣ- коргардони эронӣ, ки филмаш номзади ҷоизаи “Оскар” шудааст, натавонад ба далели фармони Трамп вориди Амрико шавад, ибрози нигаронӣ кард.
Созмони дидабони ҳуқуқи башар ва созмони байналмилалии муҳоҷират ва Комиссарияи олии паноҳндагони вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид ва мақомҳои бархе кишварҳо аз ҷумла Эрон, Ироқ, Олмон ва Индонезия низ тасмими фармони раисиҷумҳури Амрикоро маҳкум карданд.