Январ 29, 2017 19:49 Asia/Dushanbe
  • Маркази исломии шаҳри Викторияи Амрико ба оташ кашида шуд

Пас аз имзои фармони маҳдудияти вуруди мусулмонон ба Амрико тавассути Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ҷадиди иин кишвар, масҷиду Маркази исломии шаҳри Виктория дар иёлати Техас ба оташ кашида шуд.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Виктория Эдукит”, ин масҷид ҳудудан соати 02:00-и бомдоди шанбе ба оташ кашида шудаву як коргари маҳаллӣ бо дидани шуълаҳои оташ бо оташнишонӣ тамос гирифтааст.

Ҷеф Квин, аз мақомоти аршади оташнишонии Виктория гуфт, ҳангоме, ки оташнишонону полис ба маҳалли ҳодиса омаданд, масҷид ба таври комил дар шуълаҳои оташ ме‌сӯхт.

Пас аз ҳудуди чаҳор соат, оташи Маркази исломии Виктория хомӯш шуду ба касе низ осебе нарасид.

Ба гуфтаи мақомот, оташнишонии Виктория аз коршиносони оташнишонии иёлатӣ ва федерал барои таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса ва иллати он дархости кӯмак кардааст.

Шоҳид Ҳошимӣ, раиси Маркази исломии Виктория аз пешдоварӣ дар бораи амдӣ будани ин ҳодиса худдорӣ карду гуфт, ин марказ як ҳафта пеш низ мавриди ғорат қарор гирифтааст.

Дар соли 2013 деворнавиштаҳое бо намодҳое аз нафрат дар наздики ин масҷид навишта шуда буд.

Ин маркази исломӣ ҳудуди 100 узв дорад ва фаъол аст.