Январ 30, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги Чин ва Амрико дар давраи Трамп

Як мақоми низомии Чин гуфт, вуқӯъи ҷанг бо Амрико дар давраи раёсатҷумҳурии Трамп танҳо шиор нест, балки воқеияте аст, ки метавонад амалӣ шавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Садо ва Симо, як мақоми низомии Чин, ки нахост номаш фош шавад, рӯзи душанбе таъкид кард, Амрико бояд дар бораи роҳбурди худ дар минтақаи ҷанубу шарқи Осиё бознигарӣ кунад.

Ин мақом чинӣ ҳамчунин истиқрори системаи дифои мушакӣ дар дарёи Чини Ҷанубӣ ва дарёи Чини Шарқиро хостор шуд.

 Доналд Трамп масири иддеалогии душманонаеро дар қиболи давлати Чин дар пеш гирифтааст ва ба сиёсати Чин воҳид пойбанд нест.

Трамп дар моҳи декабри соли 2016 эълом карда буд, дар робитаи Амрико бо Тайван, ба сиёсати «Чини воҳид» пойбанд нахоҳад буд.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Чин борҳо эълом кардааст, сиёсати "Чини воҳид" амре "ғайриқобили музокира" ва мабнои робитаи сиёсӣ бо Амрико аст ва Чин ҳар гуна тавсия дар бораи тағйири равия нисбат ба Тайванро рад мекунад.

Ҳамчунин Трамп рӯзи ҷумъаи гузашта ҳангоме, ки аз Пентагон боздид мекард, дар фармони иҷроӣ аз артиш хост, то бо бозсозии густурда , васеъ ва густариши нерӯҳо ва зарродхонаҳои атомӣ алайҳи Русия ва Чин омода шавад.

Барчасп