Январ 31, 2017 17:02 Asia/Dushanbe
  • Барканории додситони кулли Амрико ба иллати мухолифат бо тарҳи Трамп

Раисҷумҳури Амрико Салли Йетс, сарпарасти Вазорати додгустарӣ ва додситони кулл (муваққат)-и Амрикоро ба иллати мухолифат бо сиёсати зидди муҳоҷиратии давлат барканор кард.

Ба иттилои Ирно, Салли Йетс, ки ба таври муваққат сарпарастии Вазорати додгустарии Амрикоро бар уҳда дошт, рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ҳозир ба дифоъ аз дастури иҷроии Трамп барои манъи вуруди атбои ҳафт кишвар ба Амрико нест .

Йетс хитоб ба вукалои Вазорати додгустарии Амрико гуфта буд, мутақоид нашудааст, ки дифоъ аз дастури иҷроии раисҷумҳурӣ бо қонун ва масъулятҳое, ки бар уҳда дорад, мутобиқат дошта бошад .

Кохи Сафед пас аз барканории Йетс аз интихоби Дана Буенте, додситони Вирҷиния барои сарпарастии муваққати Вазорати додгустарии Амрико хабар дод .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа бо имзои фармоне аз вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвар аз ҷумла Эрон ба хоки Амрико ҷилавгирӣ кард, ки ин фармон бо интиқоди шадиди кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ ва Созмони милали муттаҳид рӯ ба рӯ шудааст .

Эрон низ дар вокуниш ба тарҳи Трамп, барномаи муқобила ба мислро дар баробари Амрико ба иҷро гузоштааст .