Феврал 02, 2017 17:17 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи Трамп барои оғози сиёсати хориҷии ҷадиди Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар маросими савгандёдкунии Рекс Тиллерсон ба унвони вазири ҷадиди умури хориҷаи ин кишвар гуфт, замони он расидааст, ки умури хориҷиро ба чашмони боз супурд то ба дунёи кунунӣ, нигоҳе тоза биандозад ва ба думболи роҳҳалҳои тоза бар асоси ҳақоиқи бостонӣ бошад.

Трамп ҳамчунин гуфт, Амрико меросдори чолишҳои бузург дар Ховари миёна ва дунё аст, вале метавон бо вуҷуди ин, ба сулҳ ва амният даст ёфт. Раиси ҷумҳурии Амрико бо таъкид бар тавоноиҳои вазири ҷадиди умури хориҷаи ин кишвар афзуд, дар сиёсати хориҷӣ Амрико ниёзманди беҳбуди сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ аст.

Таъкиди Трамп дар бораи ниёзи Амрико ба сулҳ ва амнияти ҷаҳон дар ҳоле баён шудааст, ки вай дар ҳамон ҳафтаи оғозини раёсати ҷумҳурии худ вуруди беш аз 150 миллион инсон аз ҳафт кишвари исломиро ба хоки Амрико мамнӯъ кард. Ҳамчунин генерали бознишаста Майкл Флинн, мушовири амнияти миллии давлати Трамп соате пеш аз таҳлиф (савгандёдкунӣ)-и Тиллерсон, дар изҳороти хасмона ба фаъолиятҳои қонунии мушакии Эрон вокуниши тунде нишон дод. Ин дар ҳоле аст, ки дар ҳамин муддати замони кӯтоҳи оғози раёсати ҷумҳурии Трамп, рӯйкарди Вашингтон дар қиболи мавзӯоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла ояндаи минтақаи Ғарби Осиё, таомул бо Аврупо, ҳамкорӣ бо Чин ва эҷоди сомонаҳои ҷадиди мушакӣ, бисёр таҳоҷумӣ ва бесуботкунанда будааст.

Албатта Трамп дар даврони рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ борҳо аз рӯйкарди мудохилаҷуёнаи давлатҳои Амрико дар қиболи таҳаввулоти ҷаҳонӣ интиқод карда буд. Ба унвони мисол, вай дар интиқоди ошкор аз ҳар ду давлати ҷумҳурихоҳ ва демократи Ҷорҷ Буш ва Барак Абама, руасои ҷумҳурии собиқи Амрико гуфт, ки шаш трилион доллар сармоягузориҳои ин кишвар дар ҷангҳои пас аз 11 –уми сентябр дар минтақаи Ғарби Осиё беҳосил будааст. Ин изҳорот муҷиби афзоиши ҳимояти умумӣ аз Трамп ва пирӯзии вай дар интихоботи рёсати ҷумҳурии соли гузаштаи Амрико шуд.

Бо ин ҳол, акнун ки Трамп бар сандалии раёсати ҷумҳурии Амрико нишастааст, ҳанӯз нишонаҳои ҷиддӣ аз тағйири рӯйкарди ин кишвар дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ дида намешавад. Ҳатто метавон гуфт, бартариталабии амрикоиҳо дар арсаи байналмилал, ки аз 70 соли пеш ва дар пайи поёни ҷанги ҷаҳонии дувум шакл гирифт, акнун дар давлати Трамп урёнтар ва бемуҳоботар думбол мешавад. Шиорҳое ҳамчун "дубора Амрикоро қудратманд хоҳем сохт" ё "аввал Амрико" ё "амрикоӣ бихар, амрикоӣ истихдом кун" гарчӣ дар нигоҳи аввал тамаркузи давлати Трамп дар арсаи дохилиро нишон медиҳад, бо ин ҳол метавонад рӯйкарди худхоҳона ва ғайримушорикатии давлати кунунии Амрикоро дар арсаи ҷаҳонӣ ба намоиш бигузорад.

Ба ҳар ҳол, ҳамчун бисёре аз дигар руасои ҷумҳурии Амрико, ки дар даврони рақобатҳои интихоботӣ ваъдаҳои мардумписанд ироа мекарданд, Трамп низ дар лафз, хоҳони тағйири бунёдин дар ҷиҳатгириҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ин кишвар буд. Аммо таҷриба собит мекунад, ки дар гузари замон руасои ҷумҳурии Амрико ё шиорҳои интихоботии худро фаромӯш мекунанд ё ин ки дар рӯёрӯӣ бо муқовиматҳои созмонӣ аз ҷониби ташкилоти сиёсӣ дар ниҳоят водор ба ақибнишинӣ мешаванд. Аз ин рӯ, изҳороти Трамп дар бораи ниёзи Амрико ба сулҳ ё таъкид бар тағйири нигоҳ ба ҷаҳон, он ҳам фақат пас аз ду ҳафта аз оғози давлати ҷадид наметавонад таъйиди таҳаввул дар ҷиҳатгириҳои сиёсати хориҷии Амрико бошад.

 

Барчасп